Башир Усмон Дидор

«Дидор» ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро фаро гирифтааст. Ҳар як ҳикояи Башир Усмон дар маҷмӯаи «Дидор» дар худ маъниҳои бикреро нуҳуфта дорад, ки хонанда онҳоро ба осонӣ дарк, қабул ва ҳазм мекунад.
зеҳни сунъӣ · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа
Ба таълифи яке аз асарҳои машҳур ва муваффақи бадеӣ дар таърих як ҷумлаи кӯтоҳ ва хеле самимӣ сабаб шудааст. Ин ҷумларо як зан гуфт.
Зане, ки шавҳарашро сахт дӯст медошт. Бе ягон шарту сабаб ва сидқан. Агар зан он ҷумлаи кӯтоҳу самимиашро намегуфт, имрӯз адабиёти ҷаҳон осори пурғановати нависандаи шаҳири амрикоӣ
Натаниел Готорнро шояд дар бағал надошт.
...Натаниел Готорн як бегоҳ дар ҳолати хеле парешон, дилшикаставу ноумед ба хона омад. Дар ҳоле ки аз ғояти шарм ба рӯи ҳамсараш нигариста наметавонист, гуфт:
− Аз кор ронданд!
Ҳамсараш ин хабарро бо хушнудӣ қабул кард.
− Бисёр хуб, акнун метавонӣ китобатро нависӣ. − Ин фикри хуб аст, лекин вақте ман китоб менависам, зиндагиро чӣ гуна пеш мебарем?
– пурсид Натаниел ҳайратомез.
Вақте нависанда бо ҳайрат менигарист, ҳамсараш ғалладонро кушода, як баста пулро баровард ва пеши шавҳараш гузошт.
− Аз барои Худо, бигӯ, ки ин пулҳоро аз куҷо гирифтӣ? бори дигар ҳайраташ афзуда пурсид Натаниел.
− Ман ҳамеша ба маҳорати баландат бовар дорам ва медонам, ки рӯзе шоҳасаре навишта, машҳур хоҳӣ шуд,− иброз медорад зан ва илова мекунад: Барои ҳамин аз маоше, ки ҳар моҳ ба ман медодӣ, як миқдорашро нигоҳ медоштам. Ҳоло ин пул барои маишати яксолаамон мерасад.
Инро гуфта, зан нигоҳашро ба чашмони шавҳараш дӯхт. Вай дар онҳо шуълаи муваффақияту шуҳратро меҷӯст... Нигоҳҳо ба ҳам бархӯрданд. Аз чашмони зан ду қатра ашк чун донаҳои марворид берун омад. Ҷумлаи кӯтоҳи «Акнун метавонӣ китобатро нависӣ», ки зан басе самимонаву аз сидқи дил гуфт ва ду қатра ашки вай василаи тавлиди як шоҳасари адабиёти ҷаҳонӣ гардид.
Баъди чанде шоҳасари Натаниел Готорн таълиф шуд, ки бо номи «Ҳарфи арғувонӣ» маъруф аст.
Телефони қабулгоҳи беморхона занг мезанад.
Дар хат пиразанест. Вай хиҷолатомез ва бо овози гирифта мепурсад:
− Мебахшед, духтарам, метавонам бо ягон нафаре суҳбат кунам, ки ба ман дар бораи вазъи яке аз беморони касалхонаи шумо маълумот бидиҳад?
− Албатта, холаҷон. Ман метавонам ба шумо кӯмак расонам. Ному насаби бемори гуфтагиатон чист?
− Содиқова Ҳалима.
− Ҳуҷраашро ҳам медонед?
− Бале. Палатаи 14.
− Бисёр хуб. Акнун шумо чанд лаҳза дар хат бимонед, ман аз ҳамшираҳо вазъи беморро пурсида меоям.
− Майлаш, духтарам. Баъди чанд дақиқа овози духтар шунида мешавад:
− Ба шумо хабари хуш дорам, холаҷон.
Ҳамшира гуфт, вазъи Содиқова хеле хуб аст.
Фишор, кори дил ва қандаш ҳам муътадил будааст.
Ин пагоҳӣ духтур Холиқов, ҳамоне, ки бемори гуфтагиатонро табобат мекунад, ба ҳамшираҳо гуфтааст, Содиқоваро рӯзи ҷумъа ҷавоб хоҳанд дод.
− Саломат бош, духтарам. Илоҳо умрат дарозу танат бедард бошад. Асло ғамро набинӣ. Бисёр хабари хуш расондӣ. Бовар кун, бисёр хавотир будам.
− Ҳеҷ гап не, холаҷон. Вазифаи мо ҳамин...
Бубахшед, Содиқова Ҳалима ба шумо кӣ мешавад?
− Ҳеҷ кас, духтарам. Содиқова Ҳалима ман ҳастам... Ба ман касе аз вазъи бемориам чизе намегӯяд, барои ҳамин пурсидам...
P.S: Зан дар ҳама синну сол оқил аст. Чанд сатр хубӣ
Онҳо аввалин бор ба назди равоншиноси оилавӣ мерафтанд. Вақти интизорӣ барои қабули равоншиносро ҳам бо хархашаву ҷанҷол гузаронданд. Ба ҳамдигар гапҳои пасту баланд гуфтанд. Аз ҳамдигар ранҷиданд ва якдигарро ранҷонданд. Ин раду бадал ба дилашон зад магар ки ором шуданд. Навбати мулоқоташон бо равоншинос расида буд. Бағоят асабиву қаҳролуд буданд. Ба назди равоншинос ворид шуданд.
Равоншинос ба ҳар дуяшон бодиққат нигаристу авзояшонро пай бурд. Ба онҳо яктоӣ коғазу қалам дароз карду фармуд, то беҳтарин хислатҳои якдигарро нависанд...
Ҷуфти ҷавон дар утоқи равоншинос рӯ ба рӯи ҳамдигар менишастанд. Миёнашон мизе гузошта шуда буд. Ҳар яке коғазро аз дасти равоншинос гирифтанду рӯи миз гузоштанд. Аз байн чанд вақт гузашт. Дасташон ба навиштан пеш намерафт. Намехостанд. Равоншинос ҳам лаб намекушод, онҳоро ба ҳоли худ гузошта буд. Дар утоқ хомӯшии тӯлонӣ ҳукмфармо шуд.
Коғазҳо рӯи миз гӯё ҳайрон монда буд.
Хомӯшӣ тӯл кашид. Касе аз онҳо қаламро ба рӯи коғаз намебурд, балки мутаҳайир ба коғаз менигаристанд.
Баъди чанде ҷавон ба навиштан оғоз кард. Ҳам замон, ҷавонзан ҳам қаламро ба рӯи коғаз давонд.
Онҳо, ки дар ибтидо ба оҳистагӣ менавиштанд, акнун ҳам-дигарро дида, гӯё мусобиқа мекарда бошанд, тезҳаракат шуданд. Коғазҳо пур шуданд, пур аз сатрҳои хубӣ дар ҳақи якдигар. Боз хомӯшӣ ҳукмфармо гардид...
Ҷавонзан коғази худро ба равоншинос дароз кард, аммо ӯ бо чашмон ишора кард, ки ба шавҳараш диҳад. Ҷавонзан бо дили нохоҳам коғазро ба миёнаи мизи байнашонбуда гузошт.
Ҷавон коғазро гирифту азони худро ба ҳамсараш дароз кард. Ҳар ду ҳам ба хондан фурӯ рафтанд.
Равоншинос ғарқи тамошои ҷуфти ҷавон шуд. Аз чеҳраи зебои ҷавонзан донаҳои ашк ба шоридан сар кард. Коғази дасташро ба синааш сахт пахш кард. Ҳавои утоқ дар як лаҳза дигар шуд. Дар чеҳраи ҷавонзан осоишу дар чашмонаш хушҳолӣ падид омад. Ба навиштаҳои коғази дасташ бовар намекард. Гӯё хазинаи беназире ёфта буд. Шавҳараш коғазро аз хислатҳои хуби ӯ пур кардааст. Ҳавои утоқ иваз шуд, гӯё офтоби пинҳони зери абр намудор гардид. Гӯё ба утоқ фариштаи хушбахтӣ ворид шуда, ҷуфти ҷавонро навозиш мекард.
Дигар на равоншинос зарурати сухан гуфтан ҳис мекарду на ҷавону на ҳамсараш.
Нияти кӯчак ва ҳассосе тавонист, садҳо ҷароҳатро малҳам шавад. Ҷуфти ҷавон бо хушҳолӣ дасти ҳам гирифта, аз утоқ берун шуданд...
Духтар се моҳ баъди тӯй назди модар омад.
Вай бо нафари маъқули дилаш оила барпо карда буд. Медонист, ки шавҳараш ҳам ӯро дӯст медорад.
Аммо чизе ӯро ором намегузошт, мисле ки дар зиндагиаш ким-чи ба хости худ ҷараён надошт.
Модару духтар дар соҳили дарё нишаста, ғуруби офтобро тамошо карданд. Модар дуру дароз хомӯш монд. Вай медонист, ки беҳтарин ҳадя ба фарзанд гӯш кардани ҳарфи дили ӯст. Вай духтарашро гӯш мекард.
Ниҳоят, вақте торикӣ парда кашиду лаппиши оби баҳр гӯё ором гардид, модар лаб ба сухан ҷуфт кард. Дар ҳоле ки нигоҳи кунҷковонаи духтараш ба ӯ духта шуда буд, модар як мушт регро, ки ҳанӯз аз ҳарорати офтоби тамуз гарм буд, ба даст гирифт:
− Бубин, духтарам, гуфт модар. Он чи ки шумо ҳоло дар даст доред, ҳамааш ҳамин аст: муҳаббат. Мисли донаҳои рег бешумор ва айни ҳол гарм...
− Бале, бешумору алҳол гарм. ҳарфи модарро тасдиқ кард духтар.
Модар афзуд:
− Шумо бо оиладоршавиатон муҳаббати худро миёни панҷаҳоятон гирифтед. Хостед, ки он миёни панҷаҳои шумо бимонад. Мисли донаҳои рег бешумор бошад ва гарм биистад.
Сипас, модар кафи дасташро оҳиста кушод ва регро нишон дод.
− Донаҳои рег ҳоло дар дастам ва онҳоро дошта метавонам.
Вай боз дасташро пӯшонд ва реги дар кафаш бударо фишурд. Донаҳои рег аз миёни ангуштонаш рехтан гирифт.
− Агар хоҳед, ки муҳаббат ҳамеша дар миёнатон бошаду гарму бешумор боқӣ монад, зинҳор кӯшиши тағйир додани хислату шахсияти якдигарро накунед. Кӯшиш накун, ки ҳамсарат ба ту монанд шавад, духтарам ё ҳамсарат ҳам кӯшиш накунад, ки туро ба худаш монанд кунад. Чун шумо ду шахс, ду хислати алоҳидаед. Вақте кӯшиш мекунед, ки ҳамсаратон ба шумо монанд шавад, ин маънои маҳви шахсият ё хислати ӯст. Бигузор шахсияти шумо, ки муҳаббатро ба каф гирифтааст, мисли пештара боқӣ монад. Дидӣ, масофаи байни ангуштон ки наздик шуд, рег ба рехтан сар кард ва кам гардид? Вақте масофаи байни шахсияти шумо ҳам наздик шуд, муҳаббатон кам мегардад.
Муҳаббати шумо то он вақте ки ду шахсияти алоҳидаед, гарму бешумор боқӣ мемонад. Ҳамин ки шахсияти шумо маҳв гардид, муҳаббататон ҳам мисли манорае, ки сутунҳояш шикастааст, нобуд мегардад. Фаромӯш макун, ду сутун дар паҳлӯи ҳам то он вақте ки ба якдигар вобаста нестанд, ба кор меоянд. Дарахтон ҳам чунинанд... дар паҳлӯи якдигар бошанд ҳам, ба якдигар соя намегузоранд...
Модар суханашро ба итмом расонда, кафи дасташро нишон дод. Бо фишурдани даст рег аз кафаш рехта, миқдори хеле ками он дар панҷааш боқӣ монда буд.
Духтар беихтиёр гуфт:
− Ин миқдор барои мо басанда нест...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё