ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Олмон
То давраи шӯришҳои салибӣ корҳои бонкдорӣ дар Олмон, асосан аз амалиётҳои ивазкунӣ, ки дар бисёре аз давлатҳои асримиёнагии Аврупо низ, иборат буд. Ин корро зиёдтар яҳудиён дар дасти худ доштанд. Вале дар асри XIII рақибони нави онҳо – ломбардчиён (маконе, ки чизҳоро ба гарав монда, пул ба мӯҳлати муайян қарз гирифта мешуд) ба арсаи амалиётҳои қарзӣ омаданд, ки мақсадашон берун кардани яҳудиён аз ин бозор ва мустаҳкам кардани мавқеашон буд. То замони Кашфиётҳои бузурги ҷуғрофӣ дар Олмон (асосан дар қисми ҷанубии он) ширкатҳои тиҷоратӣ, ки фаъолияташон дар шаҳрҳои Майне, Рейни Боло ва атрофи Алп густурда буд, фаъолият доштанд.
Ин намуди ширкати оилавӣ буд, ки одатан бюргерҳои (шаҳр – дар асрҳои миёна дар Олмон) як қавм ё пайванди хешу таборӣ доштаро ташкил медоданд. Ширкатҳои ҷанубӣ-олмонӣ дорои тиҷорати бузург ва сармояи афзӯншаванда буданд, ки барои рушди хоҷагӣ ва ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии Аврупои асримиёнагӣ нақши муҳим доштанд. Танҳо онҳо боиси тавлиди сулолаи бонкдорҳои Олмонии асримиёнагӣ гаштанд.
Ширкатҳои тиҷоратии Олмони Ҷанубӣ иҷрои амалиётҳои қарздиҳӣ, ва иҷрои дигар намудҳои амалиётҳоро ба уҳда доштанд. Дар охири асри XVI сармояҳои бузурги дар Олмони Ҷанубӣ мавҷудбуда аз байн рафтанд. Сабаби ин коҳиш ҳамоно муфлисшавии давлат аз ҳисоби ҷангҳои ғоратгаронааш дар асрҳои XVI ва XVII дар Аврупо буд, ки тоҷирони олмониро маҷбур кард, то ба намуди нави қарздиҳи рӯ оваранд. Аз аввали асри XVII дар кишвар бонкҳои шаҳрӣ ба вуҷуд омаданд, ки ба сурати бонкҳои ҷамъиятии генуэзӣ ва венетсӣ ташкил шуданд. Аз аввалин навъи ин бонкҳо Бонки Ҳамбург буд, ки он соли 1619 ташкил шуд.
Дар Олмон то соли 1871, ки истиқлолияти давлатӣ аз тарафи Отто фон Бисмарк эълон гардид, низоми ягонаи бонкдорӣ вуҷуд надошт. Бонки ташкилшудаи Бонки Пруссия дар соли 1846 бояд тамоми корҳои умумиолмонии бонкҳоро тартиб медод, аммо ба ин кор ҳуқуқи эмиссионии шахсӣ зид буд. Дар ин давра дар сарзаминҳои гуногуни Олмон иҷозати ташкили бонкҳои эмиссионӣ дода шуд. Ҳамин тавр, дар соли 1856 дар 20 давлати олмонӣ зиёда аз 30 бонкҳои эмиссионӣ ташкил шуданд, ки 10-тои он танҳо дар Пруссия қарор дошт.
Буҳрони саноатии соли 1857 зарурати қабули қонуни ягонаи эмиссионӣ дар тамоми қаламрави Олмонро пеш овард. Вале ин кор то дараҷае номумкин буд, зеро то он дам 7 низоми ҳудидории эмиссионӣ вуҷуд дошт. 16 апрели соли 1870 қонуне қабул шуд, ки Бонки Пруссия дар ҳудуди Пруссия инҳисор дар фаъолияти эмиссиониро пайдо кард. Боқимонда давлатҳои олмонӣ метавонистанд бонкҳои эмиссионӣ ташкил кунанд, вале танҳо бо розигии Иттиҳоди Олмони Шимолӣ. Соли 1873 дар Олмон ислоҳоти пулӣ гузаронида шуд. 14 марти соли 1875 дар Рейстаг Қонун дар бораи бонк қабул шуд. Муаллифони ин қонун Михаэлис, Бамбергер ва Ридел буданд. Ҳолати асосии қонун – ташкили бонки марказӣ буд; батанзимдарории бонкҳои эмиссионии маҳаллӣ; муомилоти бевоситаи пулӣ, саҳмия бе пардохти филиз; меъёркунонии барориши пул дар тамоми доираҳои бонкҳои эмиссионӣ.
Бо мувофиқа ба қаонуни мазкур моҳи январи соли 1876 бонки марказии Империяи Олмон – Рейхбонк ташкил карда шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё