
Олами Афсонаҳо
Афсонаҳо ва шеърҳо ба кӯдакон некӣ, дӯстӣ, ҳурмати калонсолон ва ростгӯиро меомӯзонанд.
ҚАЛАМИ СУРХ
Вазифа дар хона кашидани расми лола буд. Вале Ҳотам қалами сурх надошт. Дирӯз хоҳарчааш қалами ӯро гирифтаасту гум кардааст. Ҷӯраҳои Ҳотам дар саҳни ҳавлӣ бозӣ мекарданд. Ҳотам барои қалам ба назди онҳо баромад. – Ман қаламамро медодаму … вале худам вазифаро иҷро накардам, – гуфт Умед. – Қалами ман кӯтоҳ шудааст, ана ҳамин қадар, – ними ангушти ишораташро нишон дода гуфт Баҳодур. – Қаламро ба ҳар кас додаму хӯрда шуд. Акнун ба ҳеч кас намедиҳам. Тамом шавад, худам бо чӣ расм мекашам? – Ман қаламро дода наметавонам, модарам ҷанг мекунанд, – бо сари хам ба гап ҳамроҳ ҳуд Шодмон. – Мегӯянд, ки агар ба ҳар кас диҳӣ, барнамегардонанд. Ҳотам аз гапу кори ҷӯраҳо малул шуд. Дар ин миён Давлатмурод қалампурсии ҷӯраашро шунида, ноаён сӯйи хонаашон шитофт. Баҳодур ба Ҳотам, ки озурдахотир истода буд, гуфт: – Ҷӯраи нағзатро дидӣ? – Аз ман қалам напурсад гуфта, ба хонаашон гурехт. – Ҳа, вай бачаи сахт аст, – гуфт Умед ҳам. Ягон чизашро ба ягон кас намедиҳад! – Вай… Вай… – омадани Давлатмуродро дида, гапи Шодмон дар даҳонаш монд. Дигарон ҳама хомӯш шуданд. Ҳама гӯё ба даҳон об гирифта буданд. Давлатмурод омада, қаламчаи сурхро ба Ҳотам дароз кард. Ӯ қалами худро ду тақсим карда, нимашро ба ҷӯрааш оварда буд.
САИД ВА САЙФИДДИН
Сайфиддин ва Саид ном ду бародар буданд, ки ҳар ду дар як мактаб мехонданд. Сайфиддин ҳамеша чизҳои худро парешон мекард. Рӯзе дафтари худро бепарвоёна ба рӯйи хона партофта буд. Саид дафтари бародари худро сиёҳ кард. Пагоҳӣ Сайфиддин ба мактаб рафт. Муаллим дафтари ӯро айбнок дида ҷазо дод. Шабона Сайфиддин ба модари худ аз Саид шикоят карда гуфт: Ба сабаби бадкирдории ӯ ман ҷазо дидам, бисёр хиҷолат кашидам. Модар гуфт: – Дар ин кор бародарат гунаҳкор нест, балки худат гунаҳкорӣ. Чаро ки ту ҳамеша чизҳои худро парешон мекунӣ ва саришта наменамоӣ! Агар дафтару китоб ва дигар асбоби мактабро ба дасти худ саришта кунӣ, касе ба чизи ту халал расонида наметавонад. Масал аст, ки «Чизи худро эҳтиёт кун, ҳамсояатро дузд магир!» Садриддин Айнӣ
УҲДАДОРИИ ПИЁДАГАРДОН
Бачаҳои азиз, пеш аз ҳама мо бояд донем, ки пиёдагард кист? Пиёдагард шахсест, ки дар роҳ пиёда роҳ мегардад. Ҳамчунин касоне, ки бо аробачаҳои маъюбии бемуҳаррик, чана, аробачаи бачагона ҳаракат мекунанд, пиёдагард ҳисоб меёбанд. Пиёдагардон иштирокчии ҳаракат дар роҳ ҳисоб меёбанд. Онҳо бояд қоидаҳои ҳаракат дар роҳро донанд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба он риоя кунанд. Пиёдагардон қисми мошингарди роҳро бояд аз гузаргоҳи пиёдагард, аз ҷумла гузаргоҳи зеризаминӣ ва рўйизаминӣ, ҳангоми мавҷуд набудани чунин гузаргоҳҳо бо хати пиёдагард ё канори роҳ гузаранд. Дар ҷойҳое, ки ҳаракат бо чароғи роҳнамо ё аз тарафи нозири роҳ танзим карда мешавад, пиёдагардон бояд мувофиқи ишораҳои чароғи роҳнамо ё ишораҳои нозири роҳ амал намоянд. Пиёдагардон набояд ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳалал расонанд ё монеа эҷод кунанд. Ҳангоми наздикшавии мошинҳое, ки сигнали махсуси овозиашонро ба кор андохтаанд, аз қабили мошинҳои ёрии таъҷилӣ, сўхторхомўшкунӣ ва ғайра, пиёдагардон бояд аз гузаштан худдорӣ намуда, аввал ба ин воситаҳои нақлиёт роҳ диҳанд. Пиёдагардон ҳангоми ҳаракат дар пайраҳаи пиёдагард бояд аз канори рости пайраҳа ҳаракат кунанд, то ки ба ҳаракати пиёдагардони самти муқобил халал нарасонанд. Берун аз маҳалли аҳолинишин пиёдагардон ҳангоми ҳаракат аз канори роҳ бояд рў ба рўйи самти ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳаракат кунанд. Дар ин ҳолат ронанда пиёдагардро ва пиёдагард автомобилро, ки аз рўбарўяш меояд, хуб дида метавонад. Ҳаракати гурўҳҳои муташаккили пиёдагардон бо қисми автомобилгарди роҳ танҳо бо самти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тарафи рост ва на зиёдтар аз чор нафар дар як қатор иҷозат дода мешавад. Аз тарафи пеш ва ақиби гурўҳ бояд мушойиаткунандагон бо байрақчаҳои сурх, дар торикӣ ва шароити дидашавандагии маҳдуд бо фонусҳои фурўзон ҳаракат намоянд. Бачаҳои азиз, риоя намудани чунин қоидаҳо дар роҳ шуморо аз фалокат ва дигар ҳодисаҳои нохуш эмин медорад.
ДАР РОҲИ ОҲАН
Бачаҳои азиз, ҳар як воситаи нақлиёт дар замин, об ва фазо роҳи худро дорад. Роҳи ҳавоӣ барои ҳавопаймо (самолёт), роҳи обӣ барои киштиҳо, роҳи заминӣ барои воситаҳои нақлиёти заминӣ ва роҳи оҳан барои қатораҳо муқаррар шудаанд. Роҳи оҳан аз дохили шаҳрҳо, деҳаҳо гузашта роҳҳоеро, ки дар онҳо воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон ҳаракат мекунанд, бурида мегузарад. Дар роҳҳои оҳан монеаҳо барои пиёдагардон гузошта намешаванд, бинобар ин барои ҳаёти онҳо ин роҳ хавфи калон дорад. Азбаски поезд бисёр вазнин аст ва бо суръати ниҳоят тез ҳаракат мекунад, онро яку якбора боздоштан ғайриимкон аст. Аз ин рў, дар наздикии роҳи оҳан бодиққат ва эҳтиёткор будан лозим аст. Роҳи оҳанро танҳо аз ҷойҳои махсус ҷудокардашуда мегузаранд. Дар ҷойҳои серодам барои гузаштан аз роҳи оҳан кўпрукҳои махсус сохта мешаванд.
ҚОИДАҲОИ ГУЗАШТАН АЗ КЎЧАВУ РОҲҲО
Мувофиқи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пиёдагардон бояд бо роҳи пиёдагард ҳаракат кунанд, роҳро фақат аз ҷойи муайянкардашуда, яъне аз гузаргоҳи пиёдагард, гузаргоҳи зеризаминӣ ё аз ҷойҳои махсус, ки барои аз роҳ гузаштани пиёдагардон ҷудо шудааст, гузаранд. Дар гузаргоҳҳое, ки ҳаракати нақлиёт ва аз роҳ гузаштани пиёдагардон ба воситаи чароғи роҳнамо танзим карда мешавад, аз роҳ ҳангоми сабз будани чароғи роҳнамо гузаштан лозим аст. Дар хотир доред, ки ҳангоми гузаштан аз роҳ ҳатто дар ҳолати сабз будани чароғи роҳнамо низ бисёр бодиққат бояд бошед. Ба атроф назар кунед, садои мошини наздикшудаистодаро шунавед. Зеро баъзан дар ҳолати зарурӣ ронанда мошинро боздошта наметавонад ва боиси рух додани ҳодисаи нохуш мегардад. Бинобар ин, ҳангоми пурра бозистодани мошинҳо бояд аз гузаргоҳ гузаред. Дар ҳолати набудани гузаргоҳи пиёдагард шумо бояд роҳро аз ҷое гузаред, ки ҳар ду тарафи роҳ хуб дида шавад. Дар чунин маврид роҳро таҳти кунҷи рост гузаштан зарур аст. Чунки масофаи роҳи гузариш кўтоҳтар ва вақти дар роҳ будани шумо камтар мешавад. Дар ин ҳолат бояд аввал ба тарафи чапи роҳ назар карда, дар ҳолати набудани воситаҳои нақлиёт то байни роҳ омада, баъд ба тарафи рост нигаред ва дар ҳолати набудани мошин қисмати боқимондаи роҳро гузаред. Дар ҳолати набудани роҳи пиёдагард шумо бояд аз канори роҳ ҳаракат кунед. Пиёдагардон бояд бо амалҳои нодурусти худ ба ҳаракати мошинҳо (воситаҳои нақлиёт) халал нарасонанд. Дар акси ҳол рух додани фалокат дар роҳ аз эҳтимол дур нест.
МАФҲУМҲОИ РОҲ, КЎЧА, ХИЁБОН, ЧОРРОҲА
Ронандагони воситаҳои нақлиёт (автомобил, мототсикл, велосипед) ва одамон аз роҳҳо истифода мебаранд. Роҳ он қисми кўча аст, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва одамон сохта шудааст. Роҳ аз қисми мошингард, канори роҳ ва пайраҳаи пиёдагардон иборат мебошад. Роҳҳо хокӣ, регпўш, мумфарш ва бетонӣ мешаванд. Кўча як қисми маҳалли аҳолинишин аст, ки он хонаҳо, роҳи мошингард, роҳҳои пиёдагард, канори роҳ, гулгаштҳо ва дигар иншоотҳоро фаро мегирад. Дар шаҳру ноҳияҳо кўчаву хиёбонҳо ба номи шахсони маъруфу машҳури таърихӣ, шоиру нависандагони бузург гузошта шудаанд. Масалан, кўчаҳои С. Айнӣ, Б. Ғафуров, М. Қосимов, хиёбонҳои Рўдакӣ, Сино, Саъ- дии Шерозӣ, Исмоили Сомонӣ ва ғайра. Хиёбонҳо низ аз кўчаҳо, роҳҳои калони мошингард ва гулгаштҳо иборат мебошанд. Хиёбон аз кўча бо чанд ҷиҳат фарқ мекунад. Чун қоида хиёбон роҳи калону васеъро фаро мегирад ва ба биноҳои калони муҳимми маъмуриву фарҳангӣ баромад дорад. Роҳи ҳаракати хиёбон паҳнтар буда, аз чандин хати ҳаракат иборат мебошад. Хиёбон рост мешавад, вале кўча метавонад каҷ бошад. Паҳноии роҳи ҳаракати кўча метавонад танг бошад. Дар деҳот хиёбон намешавад, вале кўча дар деҳот низ мешавад. Одатан хиёбонҳо аз майдонҳо, чорроҳаҳои калон ва сарҳади шаҳр оғоз гардида, дар ҳамин гуна ҷойҳо ба охир мерасанд, яъне хиёбон бо бунбаст ба охир намерасад, аммо кўча метавонад бо бунбаст тамом шавад. Ҷойи ҳамдигарро бурида гузаштани роҳҳо, ба ҳамдигар пайваст шудан ё ба самтҳо ҷудо шудани онҳоро чорроҳа меноманд.
ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Бо фарорасии соли таҳсили нав шумо, ки акнун ба синни мактабӣ расидаед, бо роҳбаладии калонсолон ба сўйи мактаб равона мешавед. Ҳаракати шумо дар роҳҳои пиёдагард ва мошингард сурат мегирад. Дар кўчаву роҳҳо ба анбўҳи пиёдагардон ва қатори автомобилҳо вомехўред. Албатта, падар, модар ё бародаронатон шуморо аз роҳ гузаронида, то мактаб гусел мекунанд. Шумо ҳанўз намедонед, ки аз роҳи мошингард чӣ тавр бояд гузашт. Агар шумо ба танҳоӣ роҳро гузашта натавонед, бояд аз калонсолон ёрӣ пурсед. Бачаҳои азиз! Роҳро танҳо аз ҷойҳои муайяншуда гузаред: – аз пиёдагузар, пайраҳаи пиёдагард ва дар сурати мавҷуд набудани онҳо аз канори роҳ; – ҳаргиз аз пеши мошини наздикомада давида нагузаред; – яку якбора дар қисми мошингарди роҳ пайдо нашавед; – ҳангоми фурўзон будани ранги сабзи чароғи роҳнамои пиёдагардон кўчаро гузаред,
Намунаи амалӣ
Падар ҳеҷгоҳ ба мо нагуфт, ки китоб хонед. Вале ӯ ҳамеша оромона, бе садову бе таваҷҷуҳ китоб мехонд. Ин мисоли беғаразонаи ӯ оҳиста-оҳиста рафтори тамоми хонаводаи моро тағйир дод, ҳар як узви оила ба китобхона рӯ овард ва китобхонӣ ба одати рӯзмарраи мо табдил ёфт. Ҳар саҳифа, ҳар сухан, ҳар фикр аз китобҳои хондашуда моро ба ҷаҳонҳои нав мебурд ва орзуи омӯзишро дар қалбамон бедор мекард. Ҳамин тавр, бо намунаи амалии падар, мо фаҳмидем, ки беҳтарин тарбия на бо сухан, балки бо амал натиҷа медиҳад. Китобхона ва муҳити оромонаи хондан, ки ӯ тартиб дода буд, мактаби зиндагии мо гаридид.
ХУРӮСИ ДАЛЕР
Дар як замон дар як ҷангал Харгӯш, Рӯбоҳ, Хирс ва Гург мезистанд. Мавсими тирамоҳ наздик мешуд. Ҳамаи ҷонварони ҷангал ба фарорасии фасли сармо тайёрӣ медиданд. Онҳо барои худ кулбаҳои гарм месохтанд. Танҳо Рӯбоҳ фикри зимистонро намекард, бепарвоёна рӯз мегузаронд. – Ҳа, Рӯбоҳ, чаро ту хона намесозӣ? – мепурсиданд ҷонварон. – Ба касе хона даркор бошад, ҳамон созад. Бе хона ҳам ҳолам хуб аст. Хонаам зери осмони соф! – посух медод Рӯбоҳ. Рӯзҳои сарди тирамоҳ фаро расиданд. Барои Рӯбоҳ ёфтани ғизо мушкил шуд. Рӯзе Рӯбоҳ аз саҳар то нисфи шаб дар ҷангал бо шиками гурусна ба ҳар тараф даводав кард. Субҳи барвақт вай ба деҳае рафта, хурӯсеро дуздид. Рӯбоҳ хурӯсро ба ҷангал оварду аз пойҳояш овезон карда, ба дарахте баст. Бисёр хаста шудам, хурӯсро бегоҳ мехӯрам, – гуфт ба худ Рӯбоҳ ва зери сояи дарахт ба хоб рафт. Дар ин ҳангом Харгӯш аз назди он дарахт мегузашт. Нигоҳаш ба Хурӯс афтод. Харгӯш ба худ гуфт: – Рӯбоҳи айёр боз ба деҳа рафта дуздӣ кардааст. Оҳиста- оҳиста рафту банди пойи Хурӯсро кушод. – Ташаккур, Харгӯшҷон, ки маро халос кар дӣ, – гуфт Хурӯс. – Ман роҳи деҳаро намедонам, иҷозат деҳ, ки дар хонаи ту то омадани баҳор пинҳон шавам. Харгӯш розӣ шуду ҳамроҳи Хурӯс ба хонааш рафт. Рӯбоҳ бедор шуда Хурӯсро наёфт. Вай гумон кард, ки хурӯсро Гург ё Хирс бурдааст. – Эҳ, зӯри ман ба онҳо намерасад, онҳо аз ман боқувваттаранд. Аз баҳри хӯрдани хурӯс мебароям. Зимистон ҳам омад. Ҳамаи ҷонварон дар хонаҳои гармакаки худ бароҳат зиндагӣ мекарданд. Фақат Рӯбоҳ зери барфу борон сарсон буд. Рӯбоҳ аз барфу борон паноҳ ҷустан хост. Вай аввал ба хонаи Хирс рафт. Дари Хирсро тақ-тақ зад. Дарро Хирс боз накард. – Хирс дарро накушод, ӯ то баҳор хоб мекунад, – гуфт ба худ Рӯбоҳ ва ба хонаи Гург рафт. Дари Гургро тақ-тақ зада гуфт: –Гургҷон, ҳой Гургҷон, хунук хӯрдам, гурусна ҳастам, ба хонаат роҳ деҳ! Иҷозат деҳ, камтар гарм шавам. – Не, наметавонам, ҷой надорам, – ҷавоб дод Гург. Рӯбоҳ ба фикр рафт: «Чӣ кор кунад?» Вай ба назди хонаи Харгӯш омада, гуфт: Харгӯшҷон, ҳой Харгӯш ҷон, хунук хӯрдам, мон ба хонаат дароям ва каме гарм шавам! Харгӯш ба Хурӯс гуфт, ки дар даруни кӯза пинҳон шавад. Харгӯш дарро кушод, Рӯбоҳ бошаст даромаду ҷорӯбро гирифта, Харгӯшро ба берун пеш кард. Худаш ба ҷойгаҳи гарм даромада хоб кард. Ногаҳон Хурӯс аз даруни кӯза бо овози даҳша тангез дод зад: – хобӣ? – Ҳой, ту кистӣ, ки дар ҷойгаҳи Харгӯш Рӯбоҳ ба ҳар тараф нигоҳ кард, касеро надид. Тарсид, вале кӣ будани ин ҷонвари бадқаҳрро фаҳмида наметавонист. Ман, ман Рӯбоҳ, – тарсидаву ларзида гуфт Рӯбоҳ. – Ту ин ҷо чӣ мекобӣ? Дӯсти ман Харгӯш ку ҷост? Рӯбоҳ бештар тарсиду гуфт: – Вай барои ҳезум ба берун баромад, ҳоло меояд. Рӯбоҳ тозон ба берун баромад. Ӯ Харгӯшро аз гӯшҳояш дошта, ба хона даровард. – Ана, ана Харгӯш ин ҷост, – гуфт Рӯбоҳ бо овози лар зон ва чорхез зада гурехт. Дар як тараф истода нафасашро рост карда, ба сӯйи хонаи Харгӯш назар кард. Дар остонаи дар Харгӯшу Хурӯсро дид. Ба кундае нишаста, худро сарзаниш кард: – Эҳ, мани нодон! Харгӯшу Хурӯс маро фиреб карданд. Рӯбоҳ ғамгин шуд, ҳеч коре карда наметавонист: агар касеро фиреб кунӣ, рӯзе худат ҳам фиреб мехӯрӣ.
ХОРАКУ ХАСАК
Буд, набуд, дар як ҷангал Рӯбоҳи маккору фитнагаре буд. Вай худро аз ҳама боло дониста, ба ҳамаи ҷонварон кордор мешуд. Рӯбоҳ онҳоро ғайбат мекард ва бо ҳамдигар душман мегардонд. Дар ҳамсоя ҷангал ду дӯсти ҷонӣ – Хораку Хасак ном хорпуштакҳо мезистанд. Як рӯзи тобистон ногаҳон ҳамсояҷангал оташ гирифт. Хораку Хасак аз оташ паноҳ бурда, ба ҷангале, ки Рӯбоҳ мезист, омаданд. Хораку Хасак дар як ҷойи ҷангал хона сохтанд. Хорак хеле доно буд ва медонист, ки кадом гиёҳ ба кадом дард даво мебахшад. Хасак тарзи дуруст хушк кардани мева, сабзавот ва занбӯруғро хуб медонист. Ҷонварони ҷангал аз кордонии онҳо огаҳ шуда, аз Хораку Хасак маслиҳат мепурсиданд. Хораку Хасак ба ҳамаи ҷонварон ёрӣ мерасонданд. Оҳиста-оҳиста ҷонварон бо ҳам дӯст шуданд. Фаҳмиданд, ки Рӯбоҳ ба онҳо душманӣ мекардааст. Аз Рӯбоҳ худро канор мегирифтанд. Рӯбоҳ аз ин ҳол хабар ёфта, хост Хораку Хасакро аз ҳам ҷудо кунад. Рӯзе Рӯбоҳ дар роҳ Хоракро вохӯрд. Хорак занбӯруғчинӣ мерафт. Рӯбоҳ гуфт: – Хорак, ҳой Хорак! Медонӣ, Хасак дар ҳаққи ту чиҳо мегӯяд? – меҳрубонона пурсид Рӯбоҳ. – Медонам, – дилпурона ҷавоб дод Хорак. Рӯбоҳ хашмгинона ва ботааҷҷуб чашмонашро калон кушод. Ин гапҳоро ҳоло касе намедонаду ту аз куҷо медонӣ? – пурсид Рӯбоҳ. Хорак дигар ба сухани Рӯбоҳ гӯш надоду чун тӯби пур аз сӯзан ғелон- ғелон аз теппа сарозер шуд. Рӯбоҳ, ки ҳиллааш нагузашт, сахт ба ғазаб омад ва ба хонаи Хасак рафт. – Хасакҷон, медонӣ, Хорак дар ҳаққи ту чиҳо мегӯяд? – маккорона чашмонашро танг карда пурсид Рӯбоҳ. – Медонам, – ҷавоб дод Хасак ва ба Рӯбоҳ эътибор надода, ба роҳаш рафт. Зоғи пире, ки дар шохи дарахт нишаста, рафтори Рӯбоҳро тамошо мекард, гуфт: – Худатро ин қадар азоб надеҳ. Наход як чизи одиро нафаҳмӣ: дӯсти ҳақиқӣ медонад, ки дӯсташ дар бораи вай ягон гапи бад намегӯяд.
Гандум корӣ, гандум даравӣ, ҷав корӣ – ҷав.
Дар шохи дарахти себ олуча намепазад. Касе, ки гиреҳ кардааст, ҳамон кас онро мекушояд. Ҷав коридӣ, умеди гандум макун. Ҳар чи дар дег ҳаст, ба кафлес ояд. Бе меҳнат роҳат нест. Кам гӯю бисёр шунав. Такрор – модари дониш. Ба танбал кор фармою насиҳат шунав. Пурдонӣ аз пурхонӣ. То ранҷ накашӣ, ганҷ ба даст намеояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Дунё