ДАР РОҲИ ОҲАН
Бачаҳои азиз, ҳар як воситаи нақлиёт дар замин, об ва фазо роҳи худро дорад. Роҳи ҳавоӣ барои ҳавопаймо (самолёт), роҳи обӣ барои киштиҳо, роҳи заминӣ барои воситаҳои нақлиёти заминӣ ва роҳи оҳан барои қатораҳо муқаррар шудаанд.
Роҳи оҳан аз дохили шаҳрҳо, деҳаҳо гузашта роҳҳоеро, ки дар онҳо воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон ҳаракат мекунанд, бурида мегузарад. Дар роҳҳои оҳан монеаҳо барои пиёдагардон гузошта намешаванд, бинобар ин барои ҳаёти онҳо ин роҳ хавфи калон дорад. Азбаски поезд бисёр вазнин аст ва бо суръати ниҳоят тез ҳаракат мекунад, онро яку якбора боздоштан ғайриимкон аст.
Аз ин рў, дар наздикии роҳи оҳан бодиққат ва эҳтиёткор будан лозим аст. Роҳи оҳанро танҳо аз ҷойҳои махсус ҷудокардашуда мегузаранд. Дар ҷойҳои серодам барои гузаштан аз роҳи оҳан кўпрукҳои махсус сохта мешаванд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё