ХОРАКУ ХАСАК
Буд, набуд, дар як ҷангал Рӯбоҳи маккору фитнагаре буд. Вай худро аз ҳама боло дониста, ба ҳамаи ҷонварон кордор мешуд. Рӯбоҳ онҳоро ғайбат мекард ва бо ҳамдигар душман мегардонд.
Дар ҳамсоя ҷангал ду дӯсти ҷонӣ – Хораку Хасак ном хорпуштакҳо мезистанд. Як рӯзи тобистон ногаҳон ҳамсояҷангал оташ гирифт. Хораку Хасак аз оташ паноҳ бурда, ба ҷангале, ки Рӯбоҳ мезист, омаданд.
Хораку Хасак дар як ҷойи ҷангал хона сохтанд. Хорак хеле доно буд ва медонист, ки кадом гиёҳ ба кадом дард даво мебахшад. Хасак тарзи дуруст хушк кардани мева, сабзавот ва занбӯруғро хуб медонист.
Ҷонварони ҷангал аз кордонии онҳо огаҳ шуда, аз Хораку Хасак маслиҳат мепурсиданд. Хораку Хасак ба ҳамаи ҷонварон ёрӣ мерасонданд. Оҳиста-оҳиста ҷонварон бо ҳам дӯст шуданд. Фаҳмиданд, ки Рӯбоҳ ба онҳо душманӣ мекардааст. Аз Рӯбоҳ худро канор мегирифтанд.
Рӯбоҳ аз ин ҳол хабар ёфта, хост Хораку Хасакро аз ҳам ҷудо кунад. Рӯзе Рӯбоҳ дар роҳ Хоракро вохӯрд. Хорак занбӯруғчинӣ мерафт. Рӯбоҳ гуфт:
– Хорак, ҳой Хорак! Медонӣ, Хасак дар ҳаққи ту чиҳо мегӯяд? – меҳрубонона пурсид Рӯбоҳ.
– Медонам,
– дилпурона ҷавоб дод Хорак. Рӯбоҳ хашмгинона ва ботааҷҷуб чашмонашро калон кушод.
Ин гапҳоро ҳоло касе намедонаду ту аз куҷо медонӣ?
– пурсид Рӯбоҳ.
Хорак дигар ба сухани Рӯбоҳ гӯш надоду чун тӯби пур аз сӯзан ғелон- ғелон аз теппа сарозер шуд. Рӯбоҳ, ки ҳиллааш нагузашт, сахт ба ғазаб омад ва ба хонаи Хасак рафт.
– Хасакҷон, медонӣ, Хорак дар ҳаққи ту чиҳо мегӯяд? – маккорона чашмонашро танг карда пурсид Рӯбоҳ.
– Медонам,
– ҷавоб дод Хасак ва ба Рӯбоҳ эътибор надода, ба роҳаш рафт.
Зоғи пире, ки дар шохи дарахт нишаста, рафтори Рӯбоҳро тамошо мекард, гуфт:
– Худатро ин қадар азоб надеҳ. Наход як чизи одиро нафаҳмӣ: дӯсти ҳақиқӣ медонад, ки дӯсташ дар бораи вай ягон гапи бад намегӯяд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё