САИД ВА САЙФИДДИН
Сайфиддин ва Саид ном ду бародар буданд, ки ҳар ду дар як мактаб мехонданд.
Сайфиддин ҳамеша чизҳои худро парешон мекард. Рӯзе дафтари худро бепарвоёна ба рӯйи хона партофта буд. Саид дафтари бародари худро сиёҳ кард. Пагоҳӣ Сайфиддин ба мактаб рафт. Муаллим дафтари ӯро айбнок дида ҷазо дод. Шабона Сайфиддин ба модари худ аз Саид шикоят карда гуфт:
Ба сабаби бадкирдории ӯ ман ҷазо дидам, бисёр хиҷолат кашидам.
Модар гуфт: – Дар ин кор бародарат гунаҳкор нест, балки худат гунаҳкорӣ.
Чаро ки ту ҳамеша чизҳои худро парешон мекунӣ ва саришта наменамоӣ! Агар дафтару китоб ва дигар асбоби мактабро ба дасти худ саришта кунӣ, касе ба чизи ту халал расонида наметавонад.
Масал аст, ки «Чизи худро эҳтиёт кун, ҳамсояатро дузд магир!»
Садриддин Айнӣ
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё