Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·17 рӯз пешНашрия

ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ

Бо фарорасии соли таҳсили нав шумо, ки акнун ба синни мактабӣ расидаед, бо роҳбаладии калонсолон ба сўйи мактаб равона мешавед. Ҳаракати шумо дар роҳҳои пиёдагард ва мошингард сурат мегирад. Дар кўчаву роҳҳо ба анбўҳи пиёдагардон ва қатори автомобилҳо вомехўред. Албатта, падар, модар ё бародаронатон шуморо аз роҳ гузаронида, то мактаб гусел мекунанд. Шумо ҳанўз намедонед, ки аз роҳи мошингард чӣ тавр бояд гузашт.

Агар шумо ба танҳоӣ роҳро гузашта натавонед, бояд аз калонсолон ёрӣ пурсед.

Бачаҳои азиз! Роҳро танҳо аз ҷойҳои муайяншуда гузаред:

– аз пиёдагузар, пайраҳаи пиёдагард ва дар сурати мавҷуд набудани онҳо аз канори роҳ;

– ҳаргиз аз пеши мошини наздикомада давида нагузаред;

– яку якбора дар қисми мошингарди роҳ пайдо нашавед;

– ҳангоми фурўзон будани ранги сабзи чароғи роҳнамои пиёдагардон кўчаро гузаред,

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.