Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·16 рӯз пешНашрия

ҚАЛАМИ СУРХ

Вазифа дар хона кашидани расми лола буд. Вале Ҳотам қалами сурх надошт. Дирӯз хоҳарчааш қалами ӯро гирифтаасту гум кардааст.

Ҷӯраҳои Ҳотам дар саҳни ҳавлӣ бозӣ мекарданд. Ҳотам барои қалам ба назди онҳо баромад.

– Ман қаламамро медодаму … вале худам вазифаро иҷро накардам, – гуфт Умед.

– Қалами ман кӯтоҳ шудааст, ана ҳамин қадар, – ними ангушти ишораташро нишон дода гуфт Баҳодур.

– Қаламро ба ҳар кас додаму хӯрда шуд. Акнун ба ҳеч кас намедиҳам. Тамом шавад, худам бо чӣ расм мекашам?

– Ман қаламро дода наметавонам, модарам ҷанг мекунанд, – бо сари хам ба гап ҳамроҳ ҳуд Шодмон. – Мегӯянд, ки агар ба ҳар кас диҳӣ, барнамегардонанд.

Ҳотам аз гапу кори ҷӯраҳо малул шуд. Дар ин миён Давлатмурод қалампурсии ҷӯраашро шунида, ноаён сӯйи хонаашон шитофт.

Баҳодур ба Ҳотам, ки озурдахотир истода буд, гуфт:

– Ҷӯраи нағзатро дидӣ? – Аз ман қалам напурсад гуфта, ба хонаашон гурехт.

– Ҳа, вай бачаи сахт аст, – гуфт Умед ҳам. Ягон чизашро ба ягон кас намедиҳад!

– Вай… Вай… – омадани Давлатмуродро дида, гапи Шодмон дар даҳонаш монд.

Дигарон ҳама хомӯш шуданд. Ҳама гӯё ба даҳон об гирифта буданд. Давлатмурод омада, қаламчаи сурхро ба Ҳотам дароз кард. Ӯ қалами худро ду тақсим карда, нимашро ба ҷӯрааш оварда буд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.