ЧАҲОР БАРОДАРИ НАКӮКОР
Чаҳор фасли сол, чаҳор нерӯи бузурги мӯъҷизакор, чаҳор бародари тавонову накӯкор аст, ки аҳли башарро ризқу хушрӯзиҳо мебахшанд, замину замонро ободу амон медоранд.
Аз баҳор ёд мекунем, ки бедории табиат, эҳёи арзу само ибтидои гирудорҳои деҳқон ба хотири фардост. Баҳор эъҷозгар аст, дашту даманро сабзҷома ва ҳариру пургулу мунаққаш мепӯшонад. Боғистонҳоро чанбари гул ба cap медиҳад, мурғони хушилҳонро ба наво меорад, дилҳоро фараҳу нузҳат мебахшад...
Тобистон фаро мерасад, ки авҷи кору ғайрат, фасли долу зарби амали деҳқон аст.
Тирамоҳи заррин фасли баракату заҳмати айёми лабрез кардани анборҳо, қадкашии кӯҳҳои "тиллои сафед", шаҳдрезии боғистонҳои мост. Деҳқон мехоҳад, ки хонадони мардум обод, дастархонашон пури нон, лаболаб аз шаҳду шакар, рӯзгорашон хушу саодатманд бошад.
Зимистон сафедпӯш омада давр меронад. Дашту биёбон, боғоту марғзорон, киштзорони се фасл заҳматкашида зери кӯрпаи барф фаpoғат доранд. Деҳқон ором нест, дар андешаи фардост.
1. Замину замонро ободу амон доштани чаҳор фасли сол.
2. Баҳор – эъҷозгар.
3. Тобистон авҷи кору ғайрат.
4. Тирамоҳ баракот, зимистон – фароғат.
Луғат:
Эъҷозгар – эъҷозба аҷз овардан, кори ҳайратовар ва аз одат берун.
Мунаққаш – нақшу нигор кардашуда, нақшин.
Нузҳат – покизагӣ, беайбӣ, некӯӣ.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё