Зеҳн
Дунё·Дунё·19 рӯз пешНашрия

НАСИҲАТИ МОДАР

Замони пеш ҷавоне хост касбу ҳунар омӯзад.  Модар 100 динор ба ӯ дода, насиҳат кард:

  - Писарам, ҳеҷ вақт дурӯғ нагӯ. Зеро наҷот дар ростист.

   Ҷавон роҳи сафарро пеш гирифт. Аз саҳрое мегузашт, ки бо роҳзанҳо рӯ ба рӯ шуд. Онҳо пеши роҳи ҷавонро гирифта пурсиданд:

  - Бо худ пул дорӣ?

  - Бале, 100 динор дорам, - ҷавоб дод ҷавон.

   Дуздон ҳайрон шуданд. Чунки одамон ҳангоми бо роҳзан рӯ ба рӯ шудан, молу сарвати худро пинҳон мекарданд.

  - Ту магар девона ҳастӣ, ё моро масхара мекунӣ? – хандида гуфт яке аз роҳзанҳо.

  - Девона нестам, масхара ҳам намекунам.

   Роҳзанҳо ҷавонро назди сардор бурданд.

  - Чаро 100 диноратро пинҳон накардӣ? - пурсид сардор.

  - Модарам ба ман гуфтааст, ки доим рост ҳарф занам. Бинобар ин, росташро гуфтам, - ҷавоб медиҳад ҷавон.

   Ин вақт сардори роҳзанҳо гиря карда, аз ҷо хесту ду дасташро болои китфони ҷавон гузошта гуфт:

  - Метарсӣ, ки  дурӯғ гӯйӣ, модарат нороҳат мешавад? Ман бошам як умр модарамро нороҳат намуда, аз он фикр ҳам накардаам. Писарам, ту ба ман дарси муҳиме додӣ!

1. Насиҳати модар ба ҷавон пеш аз сафар.

2. Вохӯрӣ бо роҳзанҳо.

3. Ҳайрати дуздон аз ҷавоби писар.

4. Дарси додаи ҷавон ба сардори роҳзанҳо.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.