АРЗИШИ ҶАВОНӢ
Рӯзе марди пире дар назди масҷид бо ашк дар чашм менишаст. Ҷавоне аз роҳ мегузашт ва ӯро дид.
— Пир, чаро гиря мекунӣ? — пурсид ҷавон.
Пир посух дод:
— Писарам, ман имрӯз на барои пирии худ гиря мекунам, балки барои он ҷавоние ки дигар бознамегардад...
Ҷавон бо ҳайрат гуфт:
— Чӣ мешавад, пирӣ қисмати инсон аст, ҳама пир мешаванд!
Пир бо овози ором гуфт:
— Бале, вале ман дар ҷавонӣ мегуфтам: “Ҳоло вақт дорам, баъдтар илм мехонам, баъдтар намоз мехонам, баъдтар модарамро хурсанд мекунам...”
Ҳамаи “баъдтар”-ҳои ман омаданд, вале ҷавонӣ рафт.
Ҷавон хомӯш монд…
Хулоса:
Ҷавонӣ неъматест, ки кам касон қадрашро медонанд.
Онро бояд барои илм, ахлоқ, хидмат ба волидайн ва созандагӣ истифода кард.
Ба умеди “баъдтар” зиндагии аслӣ пушаймонӣ меорад
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё