Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·17 рӯз пешНашрия

ҚИССАИ МӮРЧАЯК

Як рӯзи навбаҳорон
Дар хонаи мӯрчагон –
Медонед, ки чиҳо шуд?
Базми шодӣ барпо шуд!
Зеро дар ин хонадон,
Хонадони мӯрчагон,
Зиёд шуд як мӯрчаяк,
Мӯрчаяки майдаяк.
То ки шавад хирадманд,
Зирак номаш гузоштанд…
Тобистон. Сӯйи хона
Зирак кашонад дона.
Ногаҳ зи роҳи Зирак
Баромад як тортанак.
Ӯро дошта азоб дод,
Бо тораш баста тоб дод!
Ин дам Асад ном бача
Дида аҳволи мӯрча,
Ӯро зи банд озод кард,
Зиракро беҳад шод кард.
Зирак тарсону ларзон
Давид сӯйи хонашон.
– Ҳа, ҷони бобо, Зирак,
Ҳоло ҳастӣ хурдакак.
Ҳамин ки ӯро диданд,
Аҳволашро пурсиданд.
Ман дона мекашондам,
– Ба хона мекашондам,
Шикоят кард мӯрчаяк,
Мӯрчаяки майдаяк.
Аз сари роҳ ногаҳон
Чизе баромад калон!
Маро дошта азоб дод,
Ба тораш баста тоб дод.
Ҳамин лаҳза дар гузар
Омада як кӯҳпайкар,
Маро аз банд раҳо кард,
Дастакам мекунад дард…
Бобояш гуфто: – Хомӯш,
Ба гапҳоям бидеҳ гӯш:
Он баднамуди Зирак,
Медонӣ чӣ? Тортанак!
Вай душман аст! Золим аст!
Ҳушёр шудан лозим аст!
Вале инсон ба мо дӯст,
Аз ҳама дӯсти накӯст.
Вақте ки калон шавӣ,
Донову чаққон шавӣ,
Ҳушёр шуда мемонӣ,
Неку бадро медонӣ…

Абдусалом Деҳотӣ

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.