Зеҳн
Дунё·Дунё·15 рӯз пешНашрия

МУВОФИҚИ САЛОМ

Тоҷире аз Бағдод рӯзе дар бозор бо Баҳлул вохӯрд ва пурсид:

— Ҷаноб  Баҳлул, маслиҳат медодед, аз савдои чӣ хел мол фоидаи калон мегирам?

— Оҳану пахта харед, — ҷавоб дод Баҳлул.

  Тоҷир ҳар чӣ Баҳлул гуфта буд, иҷро кард ва фоидаи калон ба даст овард, мағрур гардид.

  Тоҷир бори дуюм Баҳлулро дида пурсид:

— Эй Баҳлули девона, мегуфтӣ, ман чӣ хел мол ҷамъ кунам, ки фоидаи калон гирам?

— Пиёзу харбуза харед, — ҷавоб дод Баҳлул.

  Тоҷир боз ҳамон гуфтаҳои Баҳлулро кард ва пиёзу харбуза харид, аммо он сол ҳаво гарм шуд ва харбузаву пиёз пусид ва тоҷир маҷбур шуд онҳоро ба дарё партояд. Дар натиҷа ӯ касод дид.

  Тоҷир зуд Баҳлулро ҷустуҷӯ кард:

  - Аз маслиҳати ту хаста шудам, зарари зиёд кашида, қарздор шудам-ку?! — гуфт ӯ бо ҷаҳл.

  Ба ту насиҳат додам, ки ба саломат мувофиқ буд... Бори аввал ба ман “ҷаноб” гӯён муроҷиат кардӣ, ман бо эҳтиром ҷавоб додам, вале дафъаи дигар маро “девона” гуфтӣ ва ман мисли девона ҷавоб додам, — гуфт Баҳлул.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.