Зеҳн
Дунё·Дунё·15 рӯз пешНашрия

СИНО ВА ПИРАМАРД

Як рӯз пирамарде назди Ҳаким Ибни Сино омад. Ӯ андаке хаста менамуд, ранги рӯяш зард ва бо алам гуфт:
— Эй Ҳаким, ман ҳамеша беморам. Гоҳ сардард, гоҳ нафасқапӣ, гоҳ таб. Ба ман доруе бидеҳ, ки ҳамаашро шифо диҳад!
Ибни Сино бо табассум гуфт:
— Пеш аз дору, чор савол дорам:
Ту чӣ мехӯрӣ?
— Бисёр вақт хӯроки равғандору кӯчагӣ мехӯрам...
Ту чӣ қадар мехобӣ?
— Бисёр шабҳо то нисфи шаб бедорам, саҳар зуд мехезам.
Ту ҳаракат мекунӣ?
— Не, ман рӯзбардор, ҳамеша менишинам.
Фикрат ором аст?
— На, доим фикри пул, ғаму ташвиш дар сарам!
Ҳаким гуфт:
— Пас дар бадани ту дурўғи бисёр ва ҳақиқати кам аст. Баданат ба ёрии худат ниёз дорад. Пеш аз ҳар дору:
Хӯроки тоза ва табиӣ бихӯр,
Хоби кофӣ ва дуруст бикун,
Рӯзи дароз андаке қадам зан, нафас гир, Фикратро пок кун — дар зеҳни ором, беморӣ ҷо намегирад.
Агар инҳоро иҷро кунӣ ва сиҳат нашавӣ, он гоҳ ман ба ту дору медиҳам.
  Пирамард чанд рӯз баъд баргашт, рухсорааш сурху табассум бар лабаш буд:
— Эй Ҳаким, ман сиҳат шудам... бе дору!
Хулоса:
Саломатӣ аввал аз одатҳо сар мешавад, баъд аз дору.
Ибни Сино мегуфт: «Пешгирӣ беҳтар аз табобат аст!»

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.