Зеҳн
Дунё·Дунё·12 рӯз пешНашрия

Зиндагӣ мисли оина аст

Инсон дар зиндагӣ ҳар чизеро ки ба ҷаҳон медиҳад, рӯзе ба ҳамон шакл ба худ бозпас мегирад. Ҳеч андеша, ҳеч сухан ва ҳеч амале дар фазои ҳаёт гум намешавад. Ҳар пиндори нек, ҳар сухани меҳрубонона ва ҳар кори хайр дер ё зуд ба зиндагии инсон рӯшанӣ меорад. Ҳамон гуна ки кина, бадгӯӣ ва озори дигарон низ рӯзе ба шакле ба худи инсон бармегардад.

Зиндагӣ мисли оина аст: ҳар чӣ дар баробараш мегузорӣ, ҳамонро ба ту нишон медиҳад. Агар муҳаббат диҳӣ, муҳаббат мебинӣ, агар эҳтиром кунӣ, эҳтиром меёбӣ, агар дилеро бишканӣ, рӯзе дарде аз ҳамон ҷинс ба сарат меояд. Шояд бозгашти амалҳо зуд набошад, шояд солҳо тӯл кашад, аммо қонуни зиндагӣ дақиқ аст: инсон ҳосили пиндор, гуфтор ва кирдори худро мечинад.

Чӣ хуб мебуд агар эҳтиёт кунем, ки чӣ меандешем, чӣ мегӯем ва чӣ мекунем. Зеро ҳар андеша тухмест, ҳар сухан садоест ва ҳар амал роҳест, ки оқибат моро ба худи мо бармегардонад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.