Зеҳн
Дунё·Дунё·12 рӯз пешНашрия

Тарс

Рӯзе занбӯр ва мор бо ҳам баҳс карданд.

Мор мегуфт:  "Одамон аз тарси зощирии даҳшатноки ман мемиранд, на аз сабаби неш задани ман!"

Аммо занбӯр ин суханро қабул намекард.

Мор барои исботи гуфтааш ба чӯпоне, ки зери дарахте хобида буд, наздик шуд ва ба занбӯр гуфт: "Ман чӯпонро неш мезанам ва пинҳон мешавам. Ту бошад, болои сараш парвоз кун, садо барор ва худро нишон деҳ".

Мор чӯпонро неш зад ва занбӯр болои сари чӯпон ба парвозу садо баровардан оғоз кард.

Чӯпон аз хоб бедор шуд ва гуфт: " Эй занбӯри лаънатӣ!"

Сипас ҷои нешро молида, заҳрро берун кард. Баъд ба захм дору гузошту пас аз чанд рӯз сиҳат шуд.

Сипас боз ба истироҳат машғул шуд. Ин дафъа мор ва занбӯр нақшаи дигар кашиданд: ин бор занбӯр неш зад ва мор худро нишон дод.

Чӯпон аз хоб парид ва ҳамин ки морро дид, аз тарс ба гурехтан оғоз кард. Аз ваҳшати мор дигар заҳрро берун накард ва ба захмаш ҳам дору нагузошт.

Пас аз чанд рӯз чӯпон аз тарси мор ва неши занбӯр ҷон дод.

Яъне бисёре аз бемориҳо ва мушкилот низ ҳамин гунаанд: одамон на ҳамеша аз худи онҳо, балки бештар аз тарсе, ки дар зеҳни худ месозанд, нобуд мешаванд. Пас, ҳама чиз ба бардошти мо аз зиндагӣ ва шароите, ки дар он қарор дорем, бармегардад. Барои ҳамин беҳтар аст нигоҳи худро ба ҳама чиз хубтар ва солимтар кунем.

Эҳтиёт кунед, ки ба зиндагии худ чӣ чизҳоро талқин мекунед...!

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.