Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·8 рӯз пешНашрия

ЛИБОСҲОЯМ ҚАҲР КАРДАНД

Буд, набуд, писараке буд. Номи ӯ Анвар буд. Вай либос пӯшиданро дӯст намедошт. Дар фасли тобистон бибияш бо азоб ба ӯ либос мепӯшонд. Аммо дар фасли зимистон либос пӯшондани Анвар хеле мушкил буд.

– Намехоҳам, намекунам, намепӯшам … – фарёд мезад

Анвар ва аз назди бибиаш гурехта мерафт.

Боре чунин ҳодиса рӯй дод. Анвар чун ҳамеша бо бибияш бояд ба сайру гашт мебаромад.

– Шиматро пӯш, – зорӣ карда гуфт бибиаш.

– Намепӯшам! – рад карда дасти бибияшро тела дод.

– Барои чӣ? – ғамгин шуд бибӣ.

– Шим безеб аст, – ҷавоб дод Анвар.

– Ту чӣ гуна шимро мехоҳӣ пӯшӣ?

Ман ... Ман... Ман шими сабзи ба монанди баргҳои дарахт пӯшидан мехоҳам, – гуфта, мағрурона ба бибиаш нигарист. Ногаҳон шимаш ба ду шохчаи борики дарахти баргаш сабз табдил ёфт.

– Вой, ин чист? – ҳайрон шуд Анварҷон.

– Шиме, ки ту мехостӣ, – ҷавоб дод бибӣ.

Шохчаҳои дарахт хам шуда, Анварро як шаппотӣ заданд.

– Вой, ин шохчаҳо ҷанг мекунанд, – тарсид Анвар.

– Аммо ту худат чунин шим мехостӣ, - ҷавоб дод бибӣ. – Камзӯлчаат низ ба ту маъқул нест?

- Маъқул нест! Он безеб аст, мехарошад!

– Ту чӣ гуна камзӯлчаро пӯшидан мехоҳӣ?

– Ман камзӯлчаи нарм, ба монанди пари паранда мехоҳам! – ҷавоб дод Анвар.

Ногаҳон камзӯлча бо остинҳояш қанот зада, ба парандаи калон табдил ёфт. Паранда гарданашро дароз карду хост, ки писари гапнодароро нӯл занад.

– Вой! Ин мепучад! – тарсид Анвар.

– Ту худат чунин камзӯлча мехостӣ, – ҷавоб дод бибӣ. – Комбинезонатро1 мепӯшӣ?

– Не. Он тугма ва чангакҳои зиёд дорад, ман дастамро ба остин ва поямро ба почаи шим дароварданӣ нестам! Ман мехоҳам, ки онҳо зинда шуда, худашон поям ва дастамро пӯшонанд!

Ба зудӣ комбинезони ӯ зинда шуда, роҳ гашта, остинҳояшро болову поён бардошта, ба Анвар ҳамла кард.

– Вой, ин чӣ кор карда истодааст? – тарсид Анвар.

– О, худат ҳамин тавр мехостӣ, – ҷавоб дод бибӣ. – Кафшҳоятро пӯшидан намехоҳӣ?

– Не, онҳо бандак доранд. Ман онҳоро бастан намехоҳам. Ман мехоҳам, ки онҳо худашон поямро пӯшонанд ва бандак надошта бошанд!

Дарҳол бандакҳои кафшҳо ба монанди морчаҳо аз кафш баромада, ба куҷое ғайб заданд. Кафшакҳо ба ду сагча табдил ёфтанд ва забонашонро бароварда, ба тарафи Анвар ҳамла карданд ва ӯро газидан мехостанд.

– Вой, онҳо мегазанд! – тарсид Анварҷон.

– О, худат ҳамин тавр мехостӣ-ку! – ҷавоб дод бибӣ.

– Кулоҳат ҳам ба ту маъқул нест-а?

– Не, – мағрурона ҷавоб дод Анвар. – Вай безеб аст, пупакча дорад! Ман мехоҳам, ки онҳо ба монанди хирсча гӯш дошта бошанд!

Дарҳол пӯпаки кулоҳ ба монанди тӯбча ҷаҳида, ба куҷое ғайб зад. Кулоҳ ба сари гӯшдори хирс табдил ёфта, ғуррос зад ва гуфт:

– Боз чӣ ба ту маъқул нест, бачаи ноуҳдабаро?! Тез либосатро пӯш! Акнун ҳамаи либосҳоят, чи тавре ки худат мехостӣ, ҳамон тавр шуданд!

– Бибиҷон, – гиря кард Анвар. – Ман мехоҳам, ки либосҳои куҳнаи ман баргарданд. Онҳоро баргардонед, илтимос!

– Чӣ хел ман онҳоро бармегардонам, о, худат онҳоро сеҳр кардӣ. Танҳо ту онҳоро баргардонда метавонӣ.

– Шим, камзӯлча, кафшакҳо, кулоҳчаам! – фарёд кард Анвар. – Баргардед, илтимос, назди ман оед! Ман дигар ҳамеша худам либос мепӯшам ва бо бибиам ҷанҷол намекунам!

Дарҳол шохчаҳои дарахт ба шим табдил ёфтанд. Баъд парандаи бадқаҳр ба камзулча табдил ёфт. Боронӣ итоаткорона дар назди камзӯлча хобид. Бандакҳои кафшҳо аз куҷое баргаштанд, сагчаҳо аккос заданро бас карда, боз ба кафшҳо табдил ёфтанд. Дар охир пӯпаки кулоҳ баргашта, ба сари хирсак баромад ва хирсак ба кулоҳ табдил ёфт.

– Чӣ хел нағз! – шод шуд Анвар. – Салом, дӯстони азизи ман! Шумо хуб ҳастед? Бибиҷон, биё, либосҳоро пӯшем ва ба сайру гашт бароем! Ман бояд ба рафиқонам ин воқеаи аҷоибро нақл кунам.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.