ҚАЛАМЧАИ КАЙҲОНӢ
Пагоҳ дарси математика. Ман мисолҳоро ҳал карда натавонистам. Бо ҳамин хаёл ба фикр фурӯ рафтам. Чашмам ба рафи китобдон афтод. Дар он ҷо қаламчае буд. Баробари як ангуштак буд. Он хеле аҷиб менамуд. Лекин ин қалам аз они ман набуд. Касе онро ин ҷо мондааст.
Ба гумонам, онро кадом махлуқи кайҳонии номаълум гузоштааст. Вақте онро ба варақ наздик бурда, хостам як хатти дароз кашам, худ аз худ навишт: «Ман ба ҳалли мисолҳо ёрӣ мерасонам…»
Ҳайрон шуда, дафтари «Математика»-ро кушода, навиштам: «17 + 6 = ».
Ҳамон замон қаламча навишт: «23». Он гоҳ дар варақ навиштам: «Туро кӣ ба китобдони ман гузошт?»
Қаламча ҷавоб навишт: «Маро дишаб аз кайҳон оварданд, аз сайёраи Сираст. Ту хоб будӣ…»
Боз як савол додам: «Сираст чӣ гуна сайёра аст?»
Қаламча навишт: «Ту инро баъдтар хоҳӣ фаҳмид. Ҳоло вазифаҳои хонагиатро иҷро кун!»
Ман хурсанд шуда, дигар савол надодам ва китобҳоямро кушода, бо вай вазифаҳои хонагиамро иҷро кардам.
Рӯзи дигар аз математика, забони тоҷикӣ, расмкашӣ холҳоям «10» шуд!
Аммо ин хурсандӣ дер давом накард. Рӯзи дигар баъди дарс ба хона омада, қаламчаро пайдо накардам. Ҳайрон мондам, куҷо шуда бошад гуфта, хеле ҷустам. Пайдо накардам.
Каме дертар дафтарамро кушода, ин ҷумлаҳоро хондам, ки қаламчаи кайҳонӣ навишта буд: «Маро дубора ба кайҳон бурданд. Ту аллакай мустақилона вазифаҳоро иҷро карда метавонӣ. Ман бояд ба дигарон низ ёрӣ расонам… Хайр!»
Аз ҷоям парида хестам, ки ташаккур гӯям. Хестам, ки ҳамааш дар хоб будааст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё