Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·2 рӯз пешНашрия

САРГУЗАШТИ ХАРГӮШАК ВА ДӮСТОНИ Ӯ

Харгӯшак, Рӯбоҳак, Хирсак, Гургак ва Санҷобак бо ҳам дӯст буданд. Онҳо дар як бешаи офтобрӯя мезистанд. Рӯзе, ҳангоми бозӣ, Харгӯшак пурсид, ки дар паси дарахти булути калони куҳна, дар он ҷое, ки бешаашон тамом мешавад, чӣ бошад?

«Биёед, ба саёҳат мебароем ва якбора инро ҳам мефаҳмем!

Бо як тир ду нишон!» – хурсандона хитоб кард Рӯбоҳак. Ҳама розӣ шуданд.

Дар роҳ онҳо Буми хирадмандеро вохӯрданд. «Роҳи шумо пурпечу тоб аст,

– гуфт ӯ.

– Аз эҳсосоти худ натарсед ва ноумед нашавед! Дар хотир доред: агар тарсед ё хашмгин шавед, нафаси амиқ кашед, агар ғамгину дилхаста шавед, ба дӯстонатон дарди дил намоед ва якҷоя шодӣ кунед!»

Ҷонварон хурсандона роҳро идома доданд. Ногаҳон садои баланди қарс-қурсе баромад. Харгӯшак аз тарс ба ларза даромад. Ӯ маслиҳати Бумро ба ёд оварда, нафаси чуқур кашид ва аз дасти Рӯбоҳак маҳкам дошт. Тарсаш бартараф шуд.

Дар ин вақт дарахте афтода, роҳи онҳоро баст. Хирсак кӯшиш кард, ки аз болояш гузарад, лекин гузашта натавонис та, хашмгин шуд. «Р-р-р!» – ғурид ӯ. Аммо дарҳол суханони Бумро ба ёд оварда, то панҷ шумурд ва фарёд кард: «Дӯстон, ёрӣ диҳее-д!» Онҳо якҷоя аз болои кундаи дарахт ба осонӣ гузаштанд.

Аз дасти Санҷобак нохост зеботарин чормағзаш ба ҷӯй афтид. Ӯ чунон ғамгин шуд, ки қариб буд, гиря кунад. Ин аҳволро дида, дӯстон ӯро ба оғӯш гирифтанд ва дилбардорӣ карданд.

Гургак аз ҷӯйбор як сангчаи ҷилодоре ёфта, ба ӯ дод. Ногаҳон ҷонваракон фаҳмиданд, ки роҳашонро гум кардаанд. Гургак бодиққат ба атроф нигариста, роҳи дурустро ёфт. Ӯ аз ин кораш ба худ болид. Ҷонваракон, аз ин ки роҳро ёфтанд, хеле шод шуданд.

Ниҳоят, онҳо канори бешаро диданд. Дар пешашон марғзори калоне бо гулҳои рангоранг намудор гашт. Чӣ қадар зебову дилрабо буд он!

Дӯстон фаҳмиданд, ки саёҳат кардан хуб аст, аммо ҳангоми душворию сахтиҳо дастгиру мададгор ва ҳамрозу ҳамдили ҳамдигар будани ёрон муҳимтар аз ҳама аст.

1

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.