Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·2 рӯз пешНашрия

НОДИР ВА НОДИРА

Модар ба Нодир гуфт:

– Ба ҳаммом даромада, оббозӣ кун, писарҷонам.

Нодир ҳанӯз ба ҳаммом надаромада гуфт:

– Вой! Ҳаммом хунук аст.

– Шустани дасту рӯй ва дандонҳоятро низ фаромӯш накун, шунида шуд овози модар.

Нодир дилу нодилон ба ҳаммом даромад. Дар собундон як собуни хушбӯй гузошта шуда буд. Аммо Нодир онро гирифту ба кисаи хилъати падараш, ки он ҷо овезон буд, гузошту гуфт:

– Собун нест!

Баъд хокаи дандоншӯйиро бо дандоншӯяк гирифту ба зери ванна пинҳон кард ва гуфт:

На дандоншӯяк ҳасту на хокаи дандоншӯйӣ.

Нодир оҳистаяк аввал аз ҳаммом, баъд аз хона баромад.

Дар майдончаи кӯдакона бо Саиду Алӣ давутоз кард. Бо бачаҳо ба чанд намуди арғунчак нишаст. Баъд Нодир назди як харак омад. Нодира, духтараки ҳамсоя, дар харак нишаста буд. Нодира ба Нодир гуфт:

– Чаро мӯйҳоят жӯлида? Чанд ҷойи рӯят пури ранг. Куртаву шимат пури хок. Ту чиркинхуҷа! Ман бо ту бозӣ намекунам.

– Нодир сархам ба хона баргашт. Ба оина нигоҳ кард. Дар ҳақиқат, аз оина ба вай чиркинхуҷа нигоҳ мекард.

Вай ба ҳаммом даромад. Собунро аз кисаи хилъати падараш гирифт. Хокаи дандоншӯӣ ва дандоншӯякро аз зери ванна баровард. Ҳам оббозӣ кард ва ҳам дандонҳояшро шуст. Баъд ба оина нигоҳ кард. Аз оина ба вай як писари тозаву озода нигоҳ мекард. Вай хурсандона гуфт:

– Наход ин ман бошам?

Баъд илова намуд:

– Акнун Нодира маро ҳаргиз чиркинхуҷа намегӯяд…

1

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.