ДУ ХИРСАК БЕША РАФТАНД
Буданд, набуданд, ду хирсак буданд. Як пагоҳӣ онҳо барои занбӯруғ ба беша рафтанд. Ҳар ду аз хона баромада, аз остона фаромаданд. Ногоҳ яке гуфт:
– Ваҳ! Мо фаромӯш кардем!
– Чиро фаромӯш кардем?
– Мо сабад надорем! Занбӯруғро дар чӣ мечинем?
Хирсакҳо ақиб гашта, аз остона баромада, ба хона даромада, яктоӣ сабад гирифтанд.
Баъд аз хона баромада, аз остона фаромада, аз ҷӯйбораке гузаштанд. Ногоҳ яке гуфт:
– Ваҳ! Мо фаромӯш кардем!
– Чиро фаромӯш кардем?
– Мо чатр надорем! Борон борад, дар куҷо паноҳ мебарем?
Хирсакҳо ақиб гашта, аз ҷӯйборак парида, аз остона баромада, ба хона даромада, яктоӣ чатр гирифтанд.
Баъд боз аз хона баромада, аз остона фаромада, аз ҷӯйборак парида, аз пулча гузаштанд! Ногоҳ яке гуфт:
Ваҳ! Мо фаромӯш кардем!
– Чиро фаромӯш кардем?
– Мо ба модарамон «хайр» нагуфтем! Модарамон куҷо рафтани моро надонад, хавотир мешавад! Хирсакҳо ақиб гашта, аз пул, ҷӯйборак гузашта, ба остона баромада, ба хона даромада, ба модарашон хайр гуфтанд.
Баъд боз аз хона баромада, аз остона фаромада, аз ҷӯйбораку пулча гузашта, ба беша расиданд!
Хирсакҳо ду сабадча занбӯруғ чида, аз беша баромада, аз пулчаю ҷӯйборак гузашта, ба остона баромада, ба хона даромаданд.
Модарашон сабадчаҳоро гирифта, хирсакҳоро таъриф кунон занбӯруғҳоро бирён кард. Баъд ҳар се дар сари дастархон нишастанд ва бо иштиҳо занбӯруғбирён хӯрданд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё