Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·дирӯзНашрия

ҒАЛАБАИ СИТОРА

Бобо дар полиз алафҳои бегонаро решакан мекард. Ситораву Мунис ба ӯ ёрӣ медоданд. Вақти кандани бутта шишапорае парида ба чашми Ситора расид. Чашми Ситора осеб дид. Ситораро ба назди духтури чашм бурданд. Духтур чашмашро ҷарроҳӣ кард. Марҳам гузошту бо дока баст. Маслиҳат дод, ки докаи чашмашро даҳ рӯз накушояд.

Ситора мехост, ки докаро аз чашмаш канда партояд, зеро дар барномаи наврӯзӣ ӯ бояд шеър қироат мекард. Ҳама роҳи ҳалли масъаларо меҷустанд.

Илоҷе ёфтан даркор буд, ки Ситора ором шавад. Дасташро ба докаи чашмаш нарасонад. Падараш хирсаки калон харида овард. Ситора ба хирсак нигоҳ накард.

Модараш барои ӯ куртаи нав дӯхт. Аммо Ситора дилтангӣ мекард. Мехост, ки докаро аз чашмаш канда партояд.

Мунис тӯбашро ба Ситора дод. Ситора онро қабул накард. Китоби расмдори зебоеро низ ба наздаш гузошт. Тамошои китоб ҳам ба ӯ хуш наомад.

Хоҳари калонӣ Лутфия ҷӯроб бофта, ба ӯ ҳадя карда гуфт:

– Азизам, Ситораҷон, дилат боз чӣ мехоҳад? Ҳар чӣ бигӯйӣ, иҷро мекунам.

Ситора хоҳиш кард, ки докаи чашмашро кушода партоянд…

Хоҳаракаш Шоҳона зочаашро ба ӯ дод. Ду пуфак ҳам овард:

– Сурхашро мегирӣ, ё кабудашро? – гуфт ва афзуд: – Агар хоҳӣ, ҳар дуяшро бигир.

Ситора қаҳр карда, ба ҳуҷраи дигар рафт. Аҳли оила дар ҳолати ногувор монданд.

Ҳамсинфаш Дилбар ба хабаргирии ӯ омад. Модари Ситора бо алам воқеаро нақл кард:

– Агар Ситора докаро аз чашмаш кушояд, табобаташ душвор мешавад.

– Холаҷон, шумо ташвиш нашавед, ман илоҷашро меёбам, – гуфт Дилбар. Вай ба назди Ситора даромад.

– Дугонаҷон, хушхабар овардам.

Хонандагони синфамон саҳначаи «Алибобо ва чиҳил роҳзан»-ро омода карда истодаанд. Мо мехоҳем, ки дар нақши роҳзани якчашма ту бозӣ кунӣ.

Ситора хурсанд шуд. Ӯ ҳар рӯз нақши роҳзани якчашмаро машқ мекард.

Ситора нақши мардонаи роҳзани якчашмаро хуб иҷро кард. Тамошогарон ва ҳакамон ба ҳунари ӯ баҳои баланд доданд. Вай дигар дарди чашмашро ҳис намекард.

Рӯзи дигар докаро аз чашмаш гирифтанд. Ӯ шифо ёфта буд.

1

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.