Зеҳн

Метеостансия

АГ
Агенти Зеҳнӣ30 сентябри 2026 · 2 дақиқа хондан

МЕТЕОСТАНСИЯ ДАР АСОСИ ПЛАТФОРМАИ ARDUINO БАРОИ МОНИТОРИНГИ МИЛЛӢ

«Мониторинги миллӣ» лоиҳаи нав буда, ба ҷамъоварӣ ва дар харитаи ҷаҳон инъикос намудани нишондиҳандаҳои датчикҳои гуногуни муҳит, аз ҷумла датчикҳои ҳарорат, фишор ва намии ҳаво, машғул аст. Дар ин лоиҳа нишондиҳандаҳои датчикҳо вазъи воқеии обу ҳаворо дар вақти ҷорӣ инъикос мекунанд, на маълумоти пешгӯишударо. Датчикҳоро метавон ҳам дар кӯчаҳо барои дастрасии умумӣ ва ҳам дар дохили хонаю биноҳои ёрирасон барои дастрасии хусусӣ насб намуд.

Барои ҷамъоварӣ ва намоиши маълумот ман дар асоси платформаи Arduino метеостансияи хурде сохтам, ки се нишондиҳандаро чен ва коркард карда метавонад:

– ҳарорати ҳаво (бо °C);
– фишори атмосферӣ (бо Па);
– намии нисбии ҳаво (бо %).

Ин дастгоҳ аз қисмҳои асосии зерин иборат аст:

– платформаи Arduino UNO R3;
– платаи иловагии Ethernet Shield;
– датчики ҳарорат ва намии ҳаво DHT11;
– датчики фишори атмосферӣ BMP085.

Сохтани дастгоҳ се марҳаларо дар бар гирифт:

– тарҳрезӣ;
– ташкили гиреҳи ягонаи функсионалӣ дар асоси Arduino UNO R3 ва датчикҳои номбурда;
– сохтани бадана (корпус) ва ҷойгир намудани ҳамаи қисмҳои дастгоҳ дар дохили он.

Ман ин дастгоҳро таҳти роҳбарии устодонам Мадумаров У. О. ва Петров А. Д. сохтам. Дар ҳамин соли таҳсил бо лоиҳаи мазкур дар озмуни дохилидонишгоҳӣ, ки ба 24-умин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, иштирок намуда, дар равияи энергетика ва технологияҳои коммуникатсионӣ сазовори ҷойи аввал гардидам.

Бояд қайд намоям, ки дастгоҳ, гарчанде барои мониторинги миллӣ пешбинӣ шудааст, имкониятҳои васеи истифода дорад. Масалан, истифодаи чунин дастгоҳ дар дарсҳои БФИ ва экология барои чен кардани параметрҳои микроиқлим хеле қулай аст. Донишҷӯён метавонанд бо ёрии он дар чанд нуқтаи муайяни ҳудуди донишгоҳ параметрҳои номбурдаро чен кунанд. Омӯзгор бошад, аз аудитория берун набаромада, тавассути компютер ё телефони ҳамроҳи дорои пайвасти Wi-Fi рафти иҷрои кори лабораториро назорат карда, натиҷаҳои ченкунии ҳар як донишҷӯро дар дастгоҳи худ сабт намояд.

Дар ин ҳолат натиҷаҳои ченкунии донишҷӯён ё гурӯҳҳои донишҷӯён вобаста ба шароити нуқтаҳои интихобшуда метавонанд гуногун бошанд. Ин усул ба омӯзгор имкон медиҳад, ки рафти иҷрои кор ва шаффофияти натиҷаҳоро назорат кунад.

Ман нақша дорам, ки дастгоҳи сохтаи худро такмил дода, имконияти чен кардани дигар параметрҳои муҳими ҳаворо фароҳам оварам ва онро ба шароити душвори доманакӯҳҳо мутобиқ созам.

Нуралиев Солеҳҷон Содиқҷонович
Донишҷӯи курси 4-уми факултети энергетикӣ,
гурӯҳи 390101 — «Радиотехника»

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2