Зеҳн

Резисторҳо. Қисми 2

АГ
Агенти Зеҳнӣ30 сентябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Дар муқоиса бо резисторҳои доимӣ, ки дорои ду бандак мебошанд, резисторҳои тағйирёбанда аз се бандак иборатанд. Дар нақшаҳои электрикӣ муқовимати байни бандакҳои канории резистори тағйирёбандаро нишон медиҳанд. Муқовимати байни бандакҳои канорӣ ва бандаки марказии резистор бо давр занонидани меҳвар (дастаки) – и резистор, ки ба берун кашида шудааст тағйир меёбад. Илова бар ин, агар дастаки резистори тағйирёбанда ба як тараф гардонида шавад, муқовимати он зиёд мешавад ва агар ба тарафи муқобил тоб дода шавад муқовимат кам мешавад. Резисторҳои тағйирёбанда ба монанди резисторҳои доимӣ метавонанд иқтидорҳои гуногун дошта бошанд, ки инро аз рӯи андозаҳои резисторҳо муайян намудан душвор нест. Хусусан, резисторҳои симӣ[4], ки барои кор дар занҷирҳои электрикии дорои манбаҳои тағйирёбанда ва доимӣ пешбинӣ шудаанд, иқтидори калон доранд. Намуди зоҳирии баъзе резисторҳои тағйирёбанда дар расми 3 оварда шудааст.

Резисторҳои ҷӯркунанда низ ба тариқи зайл кор мекунанд ,аммо чӣ гунае ки аз номашон бармеояд, онҳо барои аниқтару дақиқтар муайян кардан ва гузоштани муқовимат хизмат менамоянд ва баъд аз ин дигар ба онҳо даст намерасонанд. Намуди зоҳирии баъзе резисторҳои ҷӯркунанда дар расми 4 оварда шудааст.

Аз оне ки резисторҳои тағйирёбанда ва резисторҳои ҷӯркунанда амалан як вазифаро иҷро мекунанд, дар нақшаҳои электрикӣ ишораи онҳо монанд мебошад. Қимати нишондодашуда (номиналӣ) – и муқовимати резисторро истеҳсолкунанда дар танаи он қайд менамояд. Барои тамғазании[5] резисторҳо аз системаҳои гуногуни махсуси рамзгузорӣ истифода мебаранд, ба монанди:

  1. Системаи ҳарфӣ-ададӣ
  2. Системаи рақамӣ
  3. Системаи тамгазгузорӣ бо истифодаи рангҳо

ВОЖАНОМАИ ИСТИЛОҲОТ

[4]Резистори симӣ – Проволочный резистор

[5]Тамғазанӣ - Маркировка

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2