Зеҳн

Мундариҷан ғоявии достони «Сурӯши Сталинград»

АГ
Агенти Зеҳнӣ30 сентябри 2026 · 9 дақиқа хондан

«Сурӯши Сталинград»

Мӯъмин Қаноат маҳз бо ҳамин достонаш дар адабиёти ҷаҳонӣ маъруфу машҳур гашт. Дар бораи муҳо- рибаи Сталинград то Мӯъмин асарҳои зиёди назмию насрӣ иншо шуда буданд. Аммо достони шоир бозёфти нав аст. Рӯҳ, бузургии инсони некӯсиришт асоси маънавӣ ва ғоявии асарро ташкил медиҳад. Бесабаб нест, ки худи шоир дар ин бора чунин мегӯяд: «Сталинград қалъа набуд ва садди искандарӣ надошт. Ягона садди ин сарзамин баландии рӯҳи инсон буд». Ғалаба дар муҳорибаи Сталинград мӯҷизаи олам, мӯъҷизаи асри XX аст. Ба он миллионҳо одамони кураи Замин шоҳиданд. Дар ҳаққи чунин фоҷиаи бемисли таърих, дар ситоишу қаҳрамонии Армияи Советӣ сухани гаронбор, олӣ ва чун Замин ботамкин гуфтан зарур аст:

Суханро вазну тамкини Замин бояд, Суханро қудрати ҷонофарин бояд».

Достон аз оғоз, ҳашт суруш ё қисм ва анҷом таркиб ёфтааст. Ин қисматҳо мантиқан ба ҳам пайвастагӣ доранд, зеро ҳамаи сурӯшҳо ба як мавзӯъ, ба як маҷмӯъ омадаанд ва онҳоро саҳнаҳои қаҳрамонии қаҳрамонон чун шаддаҳои марворид ба ҳам алоқаманд менамояд. Сурӯш ин садост. Садоест, ки аз ғайб меояд. Ин садо кураи арзи моро фаро гирифта, аз наслҳо ба наслҳо, аз асрҳо ба асрҳо танин меандозад, дар бораи қудрату тавоноии инсон ба имрӯзиён ва ояндагон мужда мерасонад. Мӯъмин Қаноат пеш аз ҳар як сурӯш вобаста ба мавзӯи он ба тариқи эпиграф саргузашти сарбози немисро меорад, ҳикоятеро нақл мекунад, ки он ҳам ба мавзӯъ ё идеяи ҳамон сурӯш алоқаманд аст. Чунончи, сурӯши аввал «Замин» ном дорад ва пеш аз он адиб чунин матнро овардааст: «23 август. Полки мо аз дарёи Дон гузашта ба Шарқ бемуқовимат пеш меравад... Советҳо чи саҳро ва чи паҳноҳое доранд, баъд аз ҷанг ин замин вақфи мо мешавад. Имон дорем, ки фюрер ин набардро ба зудӣ сомон медиҳад. Ба гуфти ӯ армияи 6-ум метавонад осмонро тасхир кунад... Пас Замин чӣ бошад». Дар ҳақиқат, ҳуҷуми душман барқосо буд. Шаҳру деҳоти зиёди моро гирифтанд, ба хок яксон карданд. Аз ин рӯ, умедашон ба ғалаба калон буд. Тасвири ҳамин вазъият, ҳамин ҳолат дар сурӯши «Замин» омадааст. Замин образи типист. Ӯ модар аст, гаҳвора меҷунбонад. Вале аз дасти фарзандони нохалаф гирёну сӯзон аст, аз онҳо яъне аз зодагонаш мадад мехоҳад:

Кунун гаҳвораам, Аз тундгардӣ чаппагардонам! Ба зери бори ман ҷон медиҳад тифлам, Бубардоред аз ҷоям! Мадад, эй зодагони ман! Ҳазар эй қавмҳои ҷонситони ман. Аз он рӯзе, ки ман бе тифл меҷунбам, Чунон тангам, чунон бандам, Ки дар як хона меғунҷам. Маро озод бинмоед! Ман сайёраам, Дар банд мемирам!

Дар ин ҷо шоир аз санъати ташхис бамаврид истифода бурдааст. Яъне ба забон омадани Замин ва бевосита конкрет намудани вазъият образи За-мин - модарро равшан намудааст. Ин услуби нигориш дар бобҳои оянда низ такмил ёфтааст. Дигар образҳо ба Замин тобеанд, зеро Замин бузургтар, муқаддамтар аст.Сурӯши дуюм «Дарё» ном дорад ва Дарё низ худро фарзанди Замин мешуморад. Дар ду боби аввал душворӣ, вазнинии ҷанг, вазъияти он ба тарзи умумӣ дода шуда буд, акнун дар боби сеюм он характери конкретӣ меги-рад. Образи инсони конкрет, муборизаю қаҳрамонии ӯ ба қалам дода мешавад. Сурӯши сеюм «Маллоҳи Баҳри Сиёҳ» ном дорад. Дар ин қисмат қаҳрамонии баҳрнавардон, ки онҳоро немисҳо «девҳои баҳрӣ», «девҳои сиёҳ» меномиданд, ҳикоят мекунад. Шоир тасвир кардааст, ки Миша ба муқобили танкҳои немисҳо ҷангида чандтояшро нобуд месозад. Дар ин ҳангом аз тири танк шишаи моеи тарканда сӯрох мешавад ва дар дасти Миша оташ мегирад. Маллоҳи ҷасури оташгирифта ба сӯи танки душман метозад ва худро ба танк мезанад. Танки душман ва Миша сӯхта хокистар мешаванд. Аҷаб қаҳрамонӣ, аҷаб ҷоннисорӣ. Ҳамин лаҳзаҳоро адиб бо ҳаяҷон тасвир намуда, чунин мегӯяд:

Ягона шишаи таркандаро бардошт. Ба ҷанги тан ба тан Бо танки фӯлодӣ қадам бигзошт, Вале таркид шиша дар сари дасташ, Зи китфаш шӯълае бархост монанди қаду басташ. Саропо оташи зинда Ба зери танк метозад, Ба ин дастур Данкоро замоне зинда месозад. Аз ин оташ тамоми шӯълаҳо хомӯш мегардад, Аз ин мардӣ адӯ беҳуш мегардад.

Оре, аз ин мардӣ ва қаҳрамонии ҷанговар ҳатто душман ба ҳайрат омада, беҳуш мегардад. Ин образ типӣ аст. Дар симои Миша - маллоҳи баҳри сиёҳ ҷоннисорӣ, фидокории садҳо қаҳрамонҳои набарди Сталинград ҷамъбаст гардидаанд. Ғайр аз ин, маллоҳи Баҳри Сиёҳ- Миша шахси хаёлӣ нест. Прототипи ин қаҳрамон маллоҳ Михаил Паникаху, ки дар полки тирандозии 883 хизмат мекард, мебошад. Сурӯши чорум саҳнаи мардонагии алоқачӣ «Матвей Путилов» мебошад. Вай аз байни зиндаҳою мурдаҳо роҳ ҷуста хатҳои алоқаро пайваст менамуд ва ногоҳ тири ҷонкоҳе пайкарашро сӯзонда, ӯро аз по меафтонад. Пеш аз марг, дар лаҳзаҳои вопасини умр Матвей бо дарду алам чунин мегӯяд:

«Видоъ, ёрон! Ба ҷои ман Дил бандед! Гул бӯед, Шумо хандед, Бибӯсед! Дил ҷӯед, Ки ман лабташнаам - Ташна! Об нӯшед аз лаби чашма».

Оре, Матвей ташна аст, ташнаи об, ташнаи зиндагӣ, ташнаи ҳаёт. Ӯ зистан мехост. Аммо ӯ барои дигарон ҷон нисор кард, то ки моён зиндагӣ кунем, хандем, дил бандем. Ин садои қалби ӯст. Ин садо ба мо, ба ояндагон аст. Сурӯши панҷум дар бораи Робиа -зани Аҳмад Турдиев аст. Робиа дар ақибгоҳ ташнаи дидор, интизори ёр. Ин боб бо боби шашум, ки «Аҳмад Турдиев» ном дорад, пайваст мебошад. Боби шашум кулминатсияи достонро ташкил медиҳад. Шоир дар сароғози ин боб аз номи Аҳмад чунин мегӯяд: «Ба рағми марг дар хонаи мо - «Хонаи Павлов» тифле таваллуд шуд. Ҳама ӯро Зина, ман Зиндагӣ номидам». Дар ҳақиқат ин хона набардгоҳи бузург аст. Оташ аланга мезад. Павлов, Аҳмад, умуман 20 нафар ёрон барои ҳар як ваҷаб, ҳар як хишти хона фидокорӣ мекарданд. Дар ҳамин хона тифли навзод ба дунё меояд, ӯро бо оҳанги тиру наъраи тӯп алла мегуфтанд, ӯро то як сари мӯяш кам нагардад, дидбонӣ мекарданд: Дар ин ҷо бист ёронем, ба як паймону имонем, Замин гаҳвораи тифл асту мо гаҳвораҷунбонем. Гаҳе бо шеър, гаҳ бо тир ӯро алла мехонем, Наафтад то ки як мӯяш, сари як мӯй ларзонем. Дар ин ҷо ба дунё омадани тифл – зиндагӣ аст, давоми умри инсон. Мӯъмин Қаноат ба ин восита ғолибияти ҳаётро аз болои марг нишон дода, таъкид менамояд, ки дар талоши маргу зиндагӣ, дар набардҳои сахттарин дар ин хона инсони нав пайдо шуд ва ин хонаро ба хотири тифл - ҷаҳони додхоҳу додвар бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дошт, посбонӣ кард:

Ҷаҳони додхоху додвар бо мост ҳамхона, Агар ин хона афтад, мешавад сад хона вайрона. Туро, эй тифли фарзона! Ба мисли ҷони ин хона, Намоям ҳифз бо дастону бо дастури мардона.

Дар бобиҳафтум - «Момои Асал» адиб аз тифли Аҳмаду Робиа ҳикоят мекунад. Тифл ба дунё омада вафот мекунад. Тазодҳои аҷоиб Зина дар байни оташу дуд тавлид ёфт, зинда монд. Ӯро Аҳмад посбонӣ кард, вале дар деҳаи дурдасти кӯҳистон тифли Аҳмад ҷон дод. Адиб ба ин восита душвориҳои ақибгоҳ ва нишонаҳои ҷанги хонумонсӯз, зиндагии пурмашаққати мардумро инъикос намудааст. Ин боб садои инсон ба ҷангҷӯён -оташдиҳандагони ҷанг аст. Сарбози фашист дар мактуби худ ба зану фарзандаш бо як дарду ҳайрат ба ҷанг лаънат мехонад: «28 декабр. Аспҳоро хӯрдем. Танҳо саманди баргузидаи генерал мондааст, ки ба вай на даст мерасад на дандон... Аскарони мо ба ҳукми мурдаанд ва чун васвосиён пайваста меҷӯянд, ки чизеро фурӯ баранд. Аз снарядҳо намегурезанд, маҷоли роҳ рафтан, ҳам шудан ва паноҳ бурдан надоранд. Лаънат ба ҷанг!». Чунон ки дар боби аввал дидем, сарбози немис бо як кибру ғурур, вале бо ифтихормандӣ дар бораи армияи шикастнопазири немис сухан мегуфт ва дилаш аз шодӣ лабрез буд. Акнун дунё дар назараш торик аст. Дигар зану фарзандашро дида наметавонад. Ба марг розист, ба ҷангҷӯён лаънат мехо-над. Симои сарбози немис дар рафти ҳодисаю вокеаҳои достон икишоф меёбад. Дар охир назараш нисбат ба ҷанг дигар мешавад. Аммо дар асар ислоҳ намегардад, танҳо пушаймон аст. Дар ҳақиқат, ин садоест ба оламиён, ба ҷангҷӯён. Шоир ба ин восита дар пеши чашми инсоният оқибати мудҳиши ҷанги хонумонсӯзро нишон дода, одамонро ба сулҳу амонӣ ҳидоят мекунад. Сарбози немис дар оғози сурӯши ҳаштум, ки «Василий Иванович Чуйков» ном дорад, дар бораи ҳаёту мамоти ояндаи худ ва сарбозони немис ба фикри қатъӣ омада, чунин мегӯяд: «Ҷангро бо ин шиддат касе ёд надорад. Ана Волгаю мана ғалаба... Яқин аст, ки дидори якдигарро дар қиёмат мебинем». Суханони сарбози немис ҳакиқати баҳснопазир аст. Мағлубияти фашизм ва ғолибияти Армияи Советӣ - тантанаи Ҳаёт ба Марг аст. Адиб ин идеяро дар достон басо амиқ нишон додааст. Солҳо сипарӣ мешаванд, аммо корнамоии қаҳрамонони муҳорибаи Сталинград ҷовидонаанд. Имрӯз, сарлашкар Василий Чуйков ба зиёрати шаҳидон омадааст. Ӯ дар ин хоку Замини муқаддас оҳиста по мегузорад, то ки шаҳидон озор набинанд:

Замини безабон Хоки шаҳидон! Дор маъзурам! Ба он ҷое, ки ёрон сар ниҳода, пой мемонам, Бубахшед, эй азизон, Гар қадам беҷой мемонам...

Анҷоми достон бо «Сурӯши модарон дар хоки фарзандон» поён ёфта, адиб онро мантиқан бо сурӯши аввал пайваст менамояд. Модари пиру солор роҳҳои дурро тай карда, ба Сталинград омадааст, то ки хоки муқаддаси шаҳидонро зиёрат кунад. Модар ҳанӯз ҳам фарзанди ҷигарбандашро наёфтааст, ӯро ҷустуҷӯ менамояд. Ин ҷо зиёратгоҳи ҳар як зодаи инсон аст. Қаҳрамони лирикӣ нисбат ба Модар-Замин муҳаббати бепоён дорад. Аз самими дил бузургии ӯро ситоиш мекунад ва дар пеши ин муҷассама сари таъзим фуруд меорад, замину само, шеъру достонашро ба ӯ мебахшад:

Ҳамон рӯзе, ки душман зер кард аз кибр домонат. Чӣ домоне, ки бо сад ноз мепарвард тифлонат, Писарҳоят барои ҳифзи номусат камар бастанд, Ҳазорон даст пайвастанд, Қасам хӯрданд, Нашкастанд...

Ситоиш мекунам кӯҳи баланди рӯҳи инсонро, Фурӯ меоварам ман қуллаи кӯҳи Бадахшонро Ба пои ту, аё гултеппаи бори ҷаҳон бар дӯш, Аё сайёраи сокит, аё гаҳвораи хомӯш! Биё, Модар! Ба поят мегузорам шеърҳои зинадорамро, Замини беканорамро, самои беғуборамро! Ки онҳоро ҷигарбанди ту аз мурдан раҳо кардаст! Заминро ӯ ато кардаст, Саморо ӯ само кардаст. Бихон аз ин баландӣ достони қаҳрамононро, Ҳидоят кун ба сӯи қуллаи фарзандҳоят навҷавононро! Биҷунбон хокро - гаҳвораю тобути инсонро, Бикун бо умри худ пайванд умри рӯзгоронро!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2