Зеҳн

Маълумоти умумӣ дар бора и эҷодиёти шоир

АГ
Агенти Зеҳнӣ30 сентябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Мӯъмин Қаноат шоири сермаҳсул аст. Ҳанӯз маҷмӯаи аввалини ӯ соли 1960 бо номи «Шарора» ба табъ расида буд. Имрӯз бошад, зиёда аз 12 маҷмӯаи ашъори Мӯъмин нашр шудаанд. Дар байни солҳои 1980-1982 осори мунтахаби ӯ дар ду ҷилд ба хонандагон дастрас шуд. Дар ҷилди аввал ашъори лирикии адиб ва дар ҷилди дуюм достонҳои шоир гирд оварда шудаанд. Ашъори Мӯъмин Қаноат бо санъати баланд иншо шуда, дили хонандаро ба шӯру ғалаён меоварад. Дар ҳар як асари адиб набзи ҳаёти имрӯза эҳсос мешавад. Бисёр шеъру достонҳои адиб ба забонҳои гуногуни халқҳои дунё, аз ҷумла немисӣ, булғорӣ, чехӣ, маҷорӣ, англисӣ, полякӣ, афғонӣ, ҳиндӣ, юнонӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Дар ашъори адиб мавзӯъҳои мухталифи рӯзгори мо инъикос ёфтаанд. Шоир кору зиндагӣ, шодию фараҳ, барору нобарориҳои инсонро мақсади хеш қарор дода, дар асарҳои худ ҳаққонӣ тасвир намудааст. Мӯъмин Қаноат дар силсилаи «Ситораҳои замин», ки ном ҳам маҷозан омадааст, зиндагию набард, қаҳрамонию фидокории занони меҳнатдӯст, духтарони мубориз ва модарони мушфиқу меҳрубонро нишон додаст. Шоир бо муҳаббату самимият модари аввалин зани кайҳоннавард Валентина Терешковаро ситоиш менамоянд. Барои он таҳнияту офарин мегӯяд, ки чунин фарзандро тарбия карда ба камол расонидааст. Духтар дар Кайҳон парвоз дорад, вале модар дар Замин пой мегузораду дар изтироб аст. Мӯъмин Қаноат ҷоннисории занону духтарони меҳнатқаринро низ дар ин силсила хеле пурҷозиба тасвир намудааст. Духтарон чун ситораҳо пах-тазорро нурборон мекунанд. Шӯҳрату шон, сарбаландию ифтихори мардуми мо аз меҳнату заҳмати онҳост. Вале бо ҳамаи ин бузургӣ онҳо хоксоранд. Маҳз ҳамин хусусият бузургӣ, латофати онҳоро даҳчанд боло намудааст. Аз ин шоир мефахрад ва бо камоли ифтихор мегӯяд:

Он ки бо ҳурмат, ба ихлоси тамом, Мепарастад зиндагиро, корро, Саҷда меорад замину обро, Ҳар ниҳоли пахтаи нурборро. Номдорӣ, номдорӣ мекунад, Аз бузургӣ хоксорӣ мекунад.

Дар «Силсилаҳои Карпат», ки аз шаш шеър иборат аст, дӯстию рафоқати халқи тоҷик бо халқи Украина ифода ёфтааст. Махсусан идеяи дӯстии халкҳо, ҳамраъйӣ ва ҳамфикрии онҳо дар шеъри «Машъали ҷовидон» ба хубӣ инъикос ёфтааст. Мӯъмин Қаноат дар силсилаи «Созҳои Шероз» ва силсилаи шеърҳои «Покистон», ки маҳсули сафарҳои хориҷаи шоиранд, идеяи сулҳу амонӣ, бародарӣ, муҳаббату садоқати одамони Тоҷикистонро нисбат ба Ватан басо самимӣ ситоиш намудааст. Образи каҳрамони лирикӣ дар ин шеърҳо равшану возеҳ аст ва ҳамчун шахси ватандӯст ва гуманист ифода ёфтааст. Ӯ нобаробариҳои иҷтимоии ин кишварҳоро дида, дилаш ба дард меояд. Шоир дар шеъри «Чашмаи Дарвоз ё Шероз» бо камоли эҳтиром таъкид мекунад, ки мо бо ҳам ҳамзабон ва ҳамрангем, вале ҷудо ҳастем. Ба ҳамин хотир аз лабҳоят ҳавои ғусса меояд. Барои ҳамин мехоҳам, ки бо ҳам бошем, якдилу якҷон гардем, барои ободӣ, хушбахтии халқдмон бо ҳам саъю талош кунем:

Забон як, достон як, рӯю мӯ якранг, Ба чашми ҷавҳарӣ ҳастем аз як санг. Ба рӯят субҳ рӯи хеш мебинам, Ба мӯят ранги мӯи хеш мебинам. Ҳамехоҳам барорам моҳро аз пардаи мушкин. Ва хуни ҳамчу лаъламро диҳам кобин. Ва дастам меравад чун панҷаи хуршед, Ки созам субҳи чодарпӯшро испед.

Албатта, чунин андешаҳои гуманистии шоир қисмату арзиши ин силсиларо боз ҳам зиёд кардаанд. Мақсаду мароми халқи мо, кишвари соҳибистиқлоли мо, Тоҷикистони шӯҳратёри моро гӯё адиби нуктасанҷ чанд сол пеш эҳсос карда, ҳамин идеяи олиро дар ин силсила илқо намудааст. Мӯъмин Қаноат дар асарҳои лирикии худ фидокорӣ, ҷоннисорӣ ва муборизаи беҳтарин фарзандони халқро, ки барои озодӣ, барои саодату баробарии мардуми оддӣ сина сипар намуда, ҷонбозиҳо кардаанд, ситоиш мекунад. Шеъри «Қатли Восеъ», «Хоби қаҳрамон», «Гули бодом» ва ғайра намунаҳои хубанд. Адиб дар «Қатли Восеъ» марги беҳтарин фарзанди халқро басо му-ассиркунанда ба қалам додааст. Восеъ мағлубнашаванда аст. Мисли чанор аз боду бӯронҳои даҳшатнок наметарсад, устувор аст. Маҳз дар шеър ҳамин салобат ва ҳашамату бузургии Восеъ хеле табий тасвир ёфтааст. Асосан эҷодиёти Мӯъмин Қаноатро достонҳо ташкил дода, онҳо ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шудаанд. Мӯъмин Қаноат бо достонҳои «Мавҷҳои Днепр»,«Достони Оташ», «Китобҳои захмин», «Тоҷикистонисми ман», «Падар» ва «Гаҳвораи Сино» дар таҳаввулу ташаккули жанри достон дар адабиёти тоҷик саҳифаҳои навро кушодааст. Як ҷиҳати муҳимтарини достонҳои шоир, пеш аз ҳама, дар он аст, ки агар мавзӯъҳои таърихиро интихоб кунад ҳам, онҳо бо рӯзгори мо алоқаи ногусастанӣ доранд. Масалан, дар достони «Мавҷҳои Днепр» пайванди наслҳо зимни образҳои асосии асар амиқу равшан ифода ёфтааст. Қаҳра-мони лирикӣ пас аз солҳои мадид ба Украина меравад. Дар он ҷо бародараш Абдулло ҷангидааст, мактуби охиринашро аз ҳамин ҷо гирифтаанд, аммо дигар ӯ барнагаштааст. Аз ин ҷост, ки қаҳрамони лирикӣ ба ҷустуҷӯи бародар омадааст. Ҳарчанд ҷустуҷӯ мекунад аз бародар нишонае пайдо карда наметавонад. Вале дар ҳар қадам, дар ҳар як шаҳру деҳоти Украина бародарони нав пайдо мекунад. Шоир аз ин мефахрад, шоду масрур мегардад. Албатта, ин образҳо типиянд ва қаҳрамони лирикӣ онҳоро дар симои бародари беному нишонаш ҷамъбаст кардааст. Дуруст аст, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ садҳо, ҳазорҳо фарзандони тоҷик дар набардҳои шадид ҳангоми озод намудани Украина ҷоннисорӣ кардаанд ва бисёри онҳо аз дасти фашистони лаин беному нишон гаштаанд. Тасвири ҳолатҳои рӯхӣ ва дунёи ботинии қаҳрамони лирикӣ дар достон ва маҳз дар «Мавҷҳои бародарӣ» басо пурдомана ва дар ҳадди эътидол аст. Амиқу возеҳ нишон додани таърихият ва реалият драматизми асарро боз ҳам қавитар кардааст. Дар набарду муборизаҳои шадид ҳамбастагии ин ду халқ боз ҳам мустаҳкамтар шуд. Охир мақсаду мароми ин ду халқ як аст. Идеяи дӯстӣ, бародарӣ, ҳамфикрӣ, ҳамраъйӣ дар ин достон баланд садо медиҳад. Агар қаҳрамони лирикӣ дар аввал ошуфтахотир, аз наёфтани бародараш парешон бошад, баъдтар дар ҳар хонадон бародарҳо пайдо карда, шоду масрур мегардад. Албатта, ин ҷанбаи оптимистонаи асар аст. Мулоҳиза кунед:

Замини Украинаро зи қадду бар қадам задам, Ба ҳар диёр дар задам, ба ҳар мазор дам задам. Зи лавҳаҳои мармарин ба ҳирс ҷуста номи ту, Бикофтам, наёфтам нишони ноаёни ту. Бародарам, Бародари ба ҷону дил баробарам! Ба вақти ҷустуҷӯи ман ба сӯи ман. ба рӯи ман, Кушода буд ҳар даре, ба ҳар даре бародаре! Агар туро наёфтам, биёфтам дар ин макон, Ҳазорҳо бародарон, бародарии ҷовидон! Бародарам, бародари ба ҷону дил баробарам!

Мавзӯи «Достони оташ» кор ва зиндагии коргарони ГЭС-и Норак аст. Адиб дар ин сохтмони азим ташаккул ва пайдоиши одами навро мавриди тадқиқ қарор додааст. Дар достон образу характерҳои қаҳрамонҳо дар амалиёт кушода дода мешаванд. Шоир дар образи Нур Аҳмадов, Лена, Морози қадбаланд ва махсусан Мавҷигулу Ёр хислатҳои беҳтарини коргарони меҳнатқаринро инъикос намудааст. Мавҷигул тимсоли одами нав аст. Ӯ бо меҳнати ҳалоли худ дар байни коллектив соҳибиззат гаштааст. Мавҷигул сохибихтиёр аст. Ӯ ба сохтмон мувофиқи раъйи волидайн меояд ва бо хоҳиш ва амри дил ба ёраш мерасад, Маҳз дар инкишофу рафти ҳамин масъалаҳо симои хақиқии образ кушода мешавад. Мавзӯи дӯстии халқҳо дар достон мавқеи асосӣ дорад. Пӯшида нест, ки дар сохтмони Норак зиёда аз 49 намояндагони халқу миллатҳо дӯстона кор кардаанд. Маҳз ҳамин дӯстии онҳо буд, ки сохтмони ГЭС пеш аз мӯҳлат ба анҷом расид. Мӯъмин Қаноат, албатта, чанд муддат кору зиндагии коргаронро омӯхт ва пас дар асоси маводи мушаххас достонро офарид. Шоир эҳсос кард, ки сабаби ҳамаи ин комёбиҳо дӯстист ва бо як ҳиссиёти баланд ин дӯстиро дар достон тараннум кардааст:

Субҳидам, Дар сар кулоҳи оҳанин, Медарояд Нур дар зери замин. Ҳамраҳи ӯ чор ёри кӯҳкан Чор тан аз чор ҷои як ватан: Аз канори Волга, аз паҳнои рус, Аз лаби дарёи дарёҳои рус, Аз Енисей, аз муҳити нурхез, Аз Днепрогес, аз номи азиз, Аз хурӯшу ҷунбиши ороми Дон, Аз лаби рӯди равон, ороми ҷон. Сӯи Вахш омад баҳори аввалин Чор марди хокии нурофарин. Чор дарё ёри як дарё шуданд, Ҳамчу Нури норакӣ таҳҷо шуданд.

Достони «Китобҳои захмин» характери тарҷумаиҳолӣ дорад. Шоир айёми мактабхонӣ, солҳои аввали ҷангро тасвир кардааст. Дар достон азо-бу машакқати мардуми ақибгоҳ ва меҳру муҳаббати шогирдон нисбат ба омӯзгор хеле барҷаста тасвир шудааст. Дар достон омадааст, ки устоди қаҳрамони лирикӣ ба ҷанг рафта, корнамоӣ нишон медиҳад. Мактубҳояшро мутолиа намуда, шогирдонаш аз корнамоиҳои устод шод мегарданд ва хубтару беҳтар мехонанд. Вале дере нагузашта мактуби сиёҳ меояд. Шогирдон ва муаллима, яъне завҷаи муаллимашон, аз марги муаллим ашки ҳасрату надомат мерезанд. Мардуми деҳа ғамгин мегарданд. Даҳшати ҷанг, оқибати мудҳиши он дар асар реалӣ инъикос ёфтааст. Қаҳрамони лирикӣ дар анҷоми достон қадрдонӣ, сипосгузории шогирдон ва аҳли деҳаро нисбати устод хеле самимӣ ва бо ҳаяҷон баён намудааст:

Муаллима «Карам» гуфту фиғон бардошт, Қаборо чок зад, сад парда аз захми ниҳон бардошт. Сарои ишқи яздонӣ - азохона, Ба гирди хонааш будем парвона... Давидам аз миёни селаи занҳо Гузаштам аз миёни оҳу шеванҳо. Гирифтам аз кафи сарди муаллима сияҳнома, Сабо будӣ сияҳкоса, Замин будӣ сияҳҷома, Ба мактаб тохтам, нашнохтам онро, Бидидам синфҳои гирдгардонро, Хати манҳусро бо дасту дандон пора бинмудам, Ва бо ин маргро бечора бинмудам. Китоби захмдорамро ба рӯи сина бинҳодам, Бурун рафтам. Ба ёдам ёди устодам. Ба дил меҳри паризодам, Ба гӯшам охирин овоз Чу занги охирин будӣ танинандоз.

Мақсади шоир аз иншои ин достон дар чист? Ба ин савол адиб дар анҷоми достон ҷавоб гуфтааст. Барои хушбахтӣ ва саодати имрӯзаи мо басе ҷонҳо нисор шуданд, номаҳои ошиқона нохонда монданд, ба хотири шаҳидоне, ки ҳанӯз ҳам барнагаштаанд, ба ёди устоди қаҳрамони лирикӣ адиб достони худро иншо кардааст, то ки аз он насли имрӯза ва оянда ибрат гиранд, қаҳрамонӣ, ватандӯстӣ омӯзанд:

Ба ёди рӯзҳои рафтаю монда, Ба ёди номаҳои ишқи нохонда, Ба ёди захмҳои дар ҷигар монда, Ба ёди мурдаҳои дар сафар монда, Ба ёди ҳар ду устодам, Зи дунёи дарунам роз бикшодам.
Дарду алами шоир хеле зиёд буд. Ҷанги хонумонсӯз даҳшати зиёд ба сари халқ овард. Барои рафъи душмани ғаддор фарзандҳои барӯманд қаҳрамонӣ нишон дода, ғалаба карданд. Махсусан муҳорибаи Сталинград дар таърихи башарият беназир буд. Мӯъмин Қаноат ҳам доир ба ин муҳориба маводи фаровонеро мутолиа кард, санадҳои гуногунро омӯхт, ба Сталинград рафт, бо иштирокчиёни ин муҳориба вохӯрда, сӯҳбатҳо доир намуд ва пас дар солҳои 1965-1970 достони «Сурӯши Сталинград»-ро иншо намуд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2