Мӯъмин Қаноат - шарҳи ҳоли адиб.
Росташро бигӯям, дар рӯзгори шоириям ду бор шунаво ва ошкоро гиристам. Яке гоҳи иншои порчаи «Мавҷҳои бародарӣ» бахшида ба бародари азизам Абдулло ва дигар соли 1968 дар Сталинград, вақте ки мисраъҳои зеринро менавиштам:
Вале Матвей зери лаб фурӯ мебурд шеванро, Фурӯ мебурд оҳанро, Ки аз оҳаш Нагардад ногаҳон пайвандҳо канда, Нагардад аз лаби ояндаҳо лабхандҳо канда.
Шарҳи ҳоли адиб
Деҳаи Курговади ноҳияи Қалъаи Хуми вилояти Кӯҳистони Бадахшон яке аз зеботарин деҳоти ин музофот аст. Боду ҳавои хуш ва табиати нотакрор дорад. Кӯҳҳои осмонбӯс, ёнаҳои сабзу хуррам, садои форами чашмасорон ва рӯдҳои пуртуғёнаш ба инсон як ҷаҳон ҳузуру ҳаловат мебахшанд. Бахусус фасли баҳор, бештар моҳи апрелу май деҳоти Дарвоз ва умуман кӯҳистони Бадахшону Рашт гулрез шуда, шукӯҳу шаҳомати хос пайдо мекунанд. Ана дар ҳамин айём, 2-уми майи соли 1932 дар Курговад Мӯъмин Қаноат чашм ба дунё кушудааст. Падари адиб деҳқони асил буд ва аз ин пешаи муқаддас рӯзгори хешро мегузаронд. Мӯъмини хурдсол дар паҳлуи падар истода ба қадри тавон ба кори ӯ мадад мерасонд. Он рӯзҳо рӯзҳои ҷанг буду рӯзгори мардум танг. Бародарони Мӯъмин дар ҷанг буданд ва ба муқобили фашистон меҷангиданд, ҷоннисорӣ мекарданд. Аз ин хотир бори вазнини рӯзгор ба сари онҳо афтод. Мӯъмин он рӯзҳоро ёд карда чунин мегӯяд: «Чор нафар бародарам аз майдонҳои корзор мактубҳояшонро ба ман мефиристоданд. Аввалаш, барои он ки дар оила ягона шахси соҳиби хату савод будам. Ва дуюм, онҳо медонистанд, ки агар ҳодисае пеш ояд, кору омолашонро ман давом хоҳам дод. Бародаронам дар бораи рӯзгору рӯйдодҳои ҷангӣ менавиштанд ва ҳикоёти онҳо дар лавҳи хотирам барои ҳамеша нақш бастааст». Мусаллам аст, ки ин ҷанги хонумонсӯз ба ҳар як хонадони тоҷик бадбахтиҳои зиёд овард. Бародарони Мӯъмин ҳам дар набардҳои шадид қаҳрамонона ҳалок гардиданд. Махсусан, беному нишон гардидани бародараш Абдулло қалби Мӯъминро дардманд гардонид. Дар деҳа барояшон «гаҳвораи ноз» оростанд. Баъдтар адиб он рӯзҳоро ба ёд оварда мегӯяд: «Дар деҳаи мо одате буд, ки агар ҷавонмарде дар диёри дигар Ватанро ҳифз кар-да ҳалок мешуд, барояш «гаҳвораи ноз» меоростанд, ки ба пиндор ҷисмаш даруни он меоромид. Ва ман ҳеҷ фаҳмида наметавонистам, ки чаро калонсолон гирди ин гаҳвораи холӣ мотам мегиранд. Фиғону нолаҳои ҷигарсӯзи занон ва ҳама ин маросим муддатҳои дароз муаммои бачагии ман буданд. Зиёда аз ин, одати мазкур чун яке аз ёддоштҳои равшантарин ва фаромӯшношуданӣ боқӣ мондааст». Ҳамин тавр, Мӯъмин пас аз ҷанг ба ҳамаи душвориҳои рӯзгор нигоҳ накарда ҳам дар саҳро кор карду ҳам хонд ва мактаби 7-солаи деҳро хатм намуда, ба ноҳияи Рашт (он вақт Ғарм маркази вилоят буд) омад ва таҳсили худро дар омӯзишгоҳи педагогӣ идома дод. Омӯзиши илму фарҳанг ва ада-биёти пешин чашми ин ҷавони меҳнатқарин ва боистеъдодро кушод. Ӯ аз зумраи шогирдони пешқадам ба ҳисоб рафта, бо шеърҳои тозаэҷодаш дар байни толибилмон баромад мекард ва пайваста аз эҷодиёти адибони пешин ва муосир абёти рангин азёд менамуд. Дар ҳамон давра шеърҳояш саҳфаи рӯзномаи вилоятии «Қаротегини советӣ»-ро зеб медоданд. Мӯъмин Қаноат пас аз хатми омӯзишгоҳи ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи мил-лии давлатии Тоҷикистон) дохил мегардад ва соли 1956 ин донишгоҳи мӯътабарро хатм менамояд. Бешубҳа, махз дар ҳамин айём аз устодони сахтгир ва донишманд нозукиҳои ин пешаи душвор, вале боифтихорро омӯхт ва чун уқобон ба парвози олами малакутӣ - дунёи шеър омода гардид, дасташ тавоно, қаламаш бурротар шуд. Мӯъмин дар давраи толибилмӣ нисбат ба шарикдарсони худ дар саҳифаҳои матбуот камтар баромад мекард, вале бештар аз бузургони гузашта ва муосир пораҳо ва ҳатто достонҳои яклухтро ҳифз менамуд. Баъзе шеърҳое, ки дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасиданд, диққати мунаққидонро ба худ ҷалб карда буданд. Чунон ки мегӯянд: «Соле ки накӯст, аз баҳораш пайдост». Ба шеърҳои Мӯъмин хонандагон ва баъзан мунаққидони касбӣ баҳои баланд медоданд. Пас аз хатми донишгоҳ Мӯъмин Қаноатро ба мудирии шӯъбаи назми яке аз маҷаллаҳои баобрӯи адабии ҷумҳурӣ «Садои Шарқ» ба кор даъват намуданд. Ӯ дар ин ҷо чанд сол кор кард, котиби масъул ҳам шуд ва боз ҳам рушду камол ёфт, қаламаш бурро ва дидгоҳаш амиқтар гардид. Илова бар ин Мӯъмин дар наш-риёти «Ирфон» ҳамчун муҳаррири калон таҳрири назмро ба ӯхда дошт ва пайваста ба эҷоди асарҳояш машғул буд. Адиб дар ин солҳо дар баробари эҷоди шеър осори бузургони адабиёти ҷумҳуриҳои бародар ва шоирони пешқадами ҷаҳонро тарҷума менамуд. Асарҳои В. Шекспир, А. С. Пушкин, Лермонтов, Адам Мискевич ва дигаронро ба забони тоҷикӣ баргардонида,хонандагони тоҷикро бо каломи сеҳрангези адибони оламшумул шинос кар-да буд. Аввалин маҷмӯаи шоир соли 1960 бо номи «Шарора» аз чоп баромад, ки дар назми муосири тоҷик ин як ҳодисаи хурсандибахше буд. Ин маҷмӯа хонандагони сершуморе пайдо кард. Мӯъмин Қаноат соли 1968 ҷонишини Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардид ва то соли 1976 дар ҳамин вазифа кор кард. Пас аз вафоти устод Мирзо Турсунзода (1977) вазифаи сарварӣ ё котиби аввали Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро то солҳои 90 - ум ба ӯҳда дошт. Бояд хотиррасон кард, ки бидуни ин Мӯъмин вазифаҳои гуногуни ҷамъиятӣ: Раиси Комитети республикавии муҳофизати сулҳ, аъзои Президиуми Комитети Советии муҳофизати сулҳ, аъзои Комитети давлатии мукофотҳои Ленинӣ ва Давлатӣ оид ба адабиёт, санъат ва меъмориро ба ӯхда дошт. Мӯъмин Қаноат адиби ҷаҳондидаю одамдида аст. Ӯ ба Эрон, Алҷазоир, Лубнон, Тунис, Куба, Афғонистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон сафар кардааст. Адиби тоҷик ба ҳар кишваре, ки по мегузошт, аз сулҳу амонӣ, аз дӯстию рафоқат ҳарф мезад. Албатта, сафарҳои адиб бе натиҷа намонданд; доираи дониш, одамшиносии ӯ ғанитар мегардид. Пас аз бозгашт, аз дидаю шунидааш асарҳои хуб меофарид. Махсусан тамошои шаҳрҳои бостонии Шероз, Теҳрон, Исфаҳон ба шоир илҳоми тоза бахшид, як силсила шеърҳо офарид, ки дар онҳо бо як ҳиссиёти баланд дар бораи Фирдавсию Саъдӣ, Ҳофизи Шерозӣ шеърҳои пуробуранг эҷод кард:
Маро гуфтӣ: «Биё, Шероз-пойандоз1!. Ман акнун мекунам парвоз то Шероз. Ки гарди корвонҳоро наангезам, Зи фарёди шарархезам. Кунун бо фоли Ҳофиз мекунам парвоз, Худо Ҳофиз, аё Шероз! Худо ҳофиз, аё устоз!
Мӯъмин Қаноат соли 1977 барои достонҳои «Сурӯши Сталинград» ва «Тоҷикистон исми ман» сазовори Мукофоти Давлатии СССР гардид. Адиб соли 1978 бахшида ба 1000-солагии зодрӯзи фарзанди барӯманди халқи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино достони «Гаҳвораи Сино»-ро эҷод намуд ва бо ин асар ба унвони фахрии Лауреати Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакӣ шарафёб гашт. Давлати Шӯравӣ хизматҳои хоксоронаи адибро ба назар гирифта, ӯро бо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва дигар грамотаю медалҳои ҳукуматӣ шарафманд намуд. Бешубҳа, нақши ӯ дар назми муосири тоҷик бузург буда, хонандаи тоҷик дар оянда аз Мӯъмин Қаноат асарҳои хонданӣ ва замонавиро интизор аст. 1 Шоири машҳури Эрон Нодири Нодирпур ҳангоми ба Тоҷикистон сафар карданаш Мӯъмин Қаноатро ба меҳмонӣ даъват намуда буд. Ишорати адиб аз ин хотир аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё