Зарбулмасалу мақолҳои амрикоӣ
- Кореро, ки худат наметавонӣ, маслиҳат мадеҳ.
- Маслиҳати хуб дершавӣ надорад.
- Хашм бо аблаҳӣ сар мешавад ва бо дуо ба анҷом мерасад.
- Хашм бехудшавии кӯтоҳ аст.
- Хӯроки нав – иштиҳои тоза.
- Рӯзе як себ хӯрдан беҳ аз дидори табиб.
- Ҳавои бад атеистро дар як лаҳза ба Худо мегардонад.
- Ҳамраҳи бад занҷири шайтон аст.
- Рӯзи бад ҳеҷ гоҳ шаби нек надорад.
- Сартарош сартароширо дар сари аблаҳон машқ мекунад.
- Китоби бонкӣ Инҷили хасис аст.
- Ҳар касе риш дорад, худаш шона мехарад.
- Риш одамро духтур ё файласуф намекунад.
- Зебоӣ аз ботин бурун меояд.
- Зебоӣ қудрат аст ва табассум шамшери он.
- Зебоӣ дарҳои бастаро мекушояд.
- Ангуштон пеш аз корду чангак офарида шудаанд.
- Аз дуздӣ дида гадоӣ беҳ, аммо аз гадоӣ дида меҳнат кардан авлотар.
- Касе аз гадоӣ шармаш наомад, аз дуздӣ ҳам рӯй намегардонад.
- Гадо ҳеҷ гоҳ муфлис (банкрот) намешавад.
- Насиби гадои хашмгин санг аст, на нон.
- Вақте аз касе манфиат мегирӣ, озодиатро аз даст медиҳӣ.
- Хун бе оташ меҷӯшад.
- Марди кӯрро чию доварии рангҳо.
- Марди бе китоб мисли подшоҳи бе хазина аст.
- Китобҳо тирезаҳоянд, ки мо тавассути онҳо ҷаҳон мебинем.
- Қарз модари ташвишҳост.
- Қарз ҳеҷ гоҳ беҳ аз гадоӣ нест.
- Ҷоруби нав тоза мерӯбад.
- Бародарон мисли дасту поянд.
- Ҷое, ки тиҷорат сар мешавад, дӯстӣ ба охир мерасад.
- Дақиқкорӣ ҷони тиҷорат аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё