Зеҳн

Мавзӯъ ва мундариҷаи идеявии лирикаи Мирзо Турсунзода

АГ
Агенти Зеҳнӣ1 октябри 2026 · 10 дақиқа хондан

Устод Турсунзода нахустин чакидаҳои табъашро дар жанрҳои хурди лирикӣ: ғазал, рубоӣ, мураббаъ, мусамман, мусаддас, қитъа ва ғайра иншо намуда буд ва ин амали хешро то поёни рӯзгораш идома дод. Мавзӯи асарҳои лирикии шоир гуногун буда, паҳлуҳои мухталифи ҳаётан муҳими одамони ҷомеаро дар бар мегиранд. Дар ашъори адиб тамоми намудҳои лирика ба назар мерасанд, вале лирикаи гражданӣ, ишқӣ, пейзажӣ бештар мавқеъ доранд. Устод Турсунзода дар шеъри «Шоиро» вазифа ва масъулияти адибонро дар ҷомеа равшан сохта, таъкид менамояд, ки пешаи шоирӣ кори саҳлу осон нест. Ба хотири офаридани сухан ранҷу азоб бояд кашид, аз оташи сӯзон набояд ҳазар кард ва ҳаросид, зеро сухан ҳам мисли оташ сӯзон аст. Ҳамин тавр, дар натиҷаи сӯхтан-заҳмат кашидан асари бузург ба вуҷуд меояд, дар натиҷаи сӯхтан пӯлоду оҳан тавлид ёфта, аз гармии Офгоб зиндагии инсон нумӯъ дораду баҷост:

Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар? Пас, макун аз оташи сӯзон ҳазар! Сӯхтан пӯлоду оҳан офарад, Аз шароре тоза гулхан офарад. Пурҳарорат гар намешуд Офтоб, Зиндагӣ мегашт аз сармо хароб. Шеър ҳам бояд занад фавворае, Аз танӯри дил чу оташпорае. Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар? Пас, макун аз оташи сӯзон ҳазар!

Чунон ки дидед, такрори байт дар матлаю мақтаи шеър сухани адибро нишонрас гардонида, мавқеи қаҳрамони лирикӣ, мақсаду маром ва садоқату меҳри ӯро ба ин пеша басо рангину шоирона ба қалам додааст. Устод Турсунзода дар шеъри «Ватан» бо қалби пуршӯр, бо ифтихору сарбаландӣ диёри ҳамешабаҳори нозанинаш - Тоҷикистонро ситоиш менамояд. Шоир таъкид мекунад, ки зиндагиаш ройгон нагузаштааст. Ба хотири сулҳу салоҳ, ба хотири дӯстию бародарӣ борҳо ба хориҷи кишвар сафар кард, аз ёру диёр дур рафт, вале ҳамеша бо ёди Ватан шабро рӯз мекард. шоду масрур буд:

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт. Тамони зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Агарчи борҳо афтодам аз ёру диёрам дур, Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур. Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр, Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

Ҳамин тавр, шеърҳои ватандӯстона дар эҷодиёти шоир хеле зиёданд. ки онҳоро адиб бисёр самимӣ ва бо камоли ифтихор сурудааст. Барои шоири бузург на танҳо Ватан, ёру диёр ва халқи бузургвораш азизанд, балки барои шоири воломақом замин, сайёраи мо аз ин ҳам қимату арзиши бештар дорад, зеро дар Замин ба дунё омада, камол ёфтааст, дар Замин шӯҳратёр гардида, миллату халқ ва кишвараш болои ҳамин Замин аст. Ӯ аз он шод асту меболад, ки фарзандони Замин ба дигар сайёраҳо роҳ гирифтанд, вале боз бар Замин бармегарданд. Аз ин ҷо ҷону дили қаҳрамони лирикӣ бо Замин пайванд мебошад. Он шӯълае, ки дар Замин дар дили ӯ фурӯзон гашт, шоир умед дорад, ки то абад фурӯзон мемонад. Ҳисси ифтихори ӯ аз доираи миллату Ватан берун рафта, мақоми умумибашарӣ пайдо мекунад:

Дар фазо парвоз кардам гарчи аз рӯи Замин, Чашмро аммо намекандам ман аз сӯи Замин. Бо ситора ҳамнишин бо Моҳ гаштам ҳамнафас, Лек будам сархушу сармаст аз бӯи Замин. Бори аввал дар Замин сар шуд тапиданҳои дил, Бо умеди зиндагӣ заҳматкашиданҳои дил. Тӯшаи роҳро ба дӯши хештан бардошта, Сабру тоқатро надониста давиданҳои дил. Бо Замин бигзор то пайванд бошад пои ман, Дар Замин, бигзор, ки бошад муқаррар ҷои ман. То абад, бигзор, бошад шӯълаафкан шӯълабор, Он чароғе. ки фурӯзон гашт дар маъвои ман!

Оре, дар лирикаи устод Турсунзода ишқи Замин, модар, ёру диёр, маҳбуба бо ҳам пайванди ногусастанӣ дошта, якдигарро пурра ва такмил медиҳанд. Шоир дар солҳои охир як силсила шеърҳоро бо номи «Модарнома» ба табъ расонид, ки дар онҳо шоир меҳру муҳаббат ва садоқати бепоёни хешро нисбати модар иброз медорад. Нақши модар дар ашъори устод Турсунзода типӣ буда, ба ин восита бузургӣ, меҳру вафодории модар ба фарзанд ва дар баробари ин қадрдонӣ, самимияту сарфарозии фарзандон нисбати модари мушфиқу меҳрубон мушаххасан бо обуранги шоирона ба қалам дода шудааст. Дар шеъри «Модарам» қаҳрамони лирикӣ таъкид менамояд, ки ҳанӯз аз тифлӣ аз модар ятим мондааст. Аз ин рӯ, симои модар дар ёдаш нест. Бинобар ин қаҳрамони лирикӣ ба воситаи санъати ташхис ва саволу ҷавоб аз рӯди деҳ, аз кӯҳу санг, аз занони солхӯрда ва амсоли инҳо пурсон мешавад. Онон дар бораи модари шоир ба суолҳои ӯ ҷавоб мегардонанд:

Тифл мондам аз ту модар, рӯи ту дар ёд нест, Қомати ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чунки то имрӯз, модар, кӯйи ту дар ёд нест. Рӯд мегуфтам. ки: «Ӯ оби маро нӯшида буд». Кӯҳ мегуфтам, ки: «Дар оғӯши ман кӯшида буд». Ғӯза мегуфтам, ки «Карбоси маро пӯшида буд». Доя мегуфтам, ки: «Бо ман шири гав дӯшида буд».

Дар ин шеър устод Турсунзода бо як эҳтирому сипосгузорӣ, бо камоли мамнуният «ҳар як зани солхӯрдаи деҳро барои худ модар ҳисоб мекунад», аз ҳар як шеъраш садои модарашро мешунавад:

Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам, Деҳа гӯям бар сарам ояд ҳавои модарам. Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман, Гӯямаш, ки: «Бош. то ҳастам ба ҷои модарам!»

Мавзӯи модар дар шеърҳои «Дасти модар», «Дили модар», «Зан агар оташ намешуд хом мемондем мо» идома ёфта, бо тарзу усули хос ва бо камоли маҳорат бузургии модар ситоиш ёфтааст. Қахрамони лирикӣ ба хотири рӯҳи поки модар дили бузургашро қадамгоҳи модарони сайёра менамояд. Ӯ саъю кӯшиш дорад, ки ба хотири модарон, ёру диёр ҳар коре, ки аз дасташ ояд, сомон хоҳад дод, қарзи фарзандиро иҷро хоҳад кард:

Модарам, дар ёди ту гашту гузоре мекунам, Баҳри меҳри ту дили худро мазоре мекунам. Хизмати шоиста бар ёру диёре мекунам, Назми худро бар сари қабрат шиоре мекунам.

Шоистаи гуфтан аст, ки шеърҳои ин силсила барои ҳар як хонанда, барои ҳар як фарзанди солеҳ, баору номус панди судманданд. Устод Турсунзода ба ин восита таъкид менамояд, ки ҳар як ҷавон ва ҳар як фарди ҷомеа ҳурмату эҳтироми модарро бояд ба ҷо орад, қадрдонӣ намояд. Мирзо Турсунзода дар бисёр шеърҳои лирикиаш ишқи поки инсониро сурудааст. Зеро агар бо суханони худи шоир гӯем:

Шоири беишқ мурғи бепар аст, Беҳарорат моҳу беҷон пайкар аст. Шоиронро ишқ Ҳотам мекунад, Сарбаланди ҷумла олам мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки лирикаи ишқии адиб бо забони сода, бо фасоҳату балоғати шоирона эҷод шуда, дар онҳо зебоии табии ёр, ҳусну ҷамоли ӯ пеши назар ҷилва менамояд. Баъдан онҳо оҳанги хуш ва ҷозиберо доро мебошанд. Аз ин хотир бештари онҳо ҳамчун суруд дар байни мардум машҳуранд. Мисоли барҷастаи ин «Нишона дорад», «Ҳамсоя бошам», «Ҳусн», «Бо духтаре вохӯрдам» шуда метавонанд. Имрӯз хам сурудҳои дилкаш ва рӯҳпарвари устодро ҳофизони номии чумҳурй месароянд. Аз охангу савти дилкаш ва маънию мазмунҳои олии сурудаҳои устод Турсунзода мардуми шоирдӯсту шеърпарвари точик як чаҳон ҳаловат мебаранд. Устод Турсунзода табиати зебои Точикистони азизашро дӯст медошт ва ҳамеша ҳусну таровати нотакрори онро васф менамуд. Тараннуми зебоиҳои диёрро чи дар достонҳои хурду бузурги устод ва чи дар лирикаи пейзажии устод ба хубӣ дида метавонем. Бахусус, оғози достони «Чароғи абадӣ»-и ӯ, ки як шаби баҳорро тараннум намудааст, бисёр табий ва хушобуранг баромадааст. Устод ба Душанбею рӯди Душанбе сахт дилбастагӣ дошт. Аз ин рӯ, Дар бисёр шеърҳояш бо як ҳиссиёти баланд пойтахти кишвар ва рӯди пуртуғёни онро васфу ситоиш намудааст. Дар ин бора худи устод Турсунзода гуфтание дорад, ки ёд кардани он бамаврид аст: «Аммо, медонед, баъзан худам ҳайрон мешавам, ки чаро ҳар як силсиларо аз рӯди Душанбе сар мекарда бошам? Тоҷикистон дарёҳои бисёре дорад, вале ҳеҷ яки онҳоро мисли рӯди Душанбе дӯст намедорам, ки сабаб чӣ бошад? Шояд сабаб ҳамин бошад, ки вай баъзан аввалин шуда шеъри навамро мешунавад. Шояд барои ҳамин дӯст дорам, ки вай рӯди пойтахти ман аст. Ба ҳар ҳол оби Душанбе ба фикрам хеле хос аст. Вале ин шеър пейзаж не, муроҷиат ба дарё, ба фикри ман, ин воситаест, ки шоир муносибати худро ба олам, ба ҳаёт, ба адабиёт зоҳир менамояд». Воқеан, сухани адиб дуруст аст. Сухани шоир маънои амиқу васеъ дорад. Ҳамвора бо сад ишваю ноз аз санг болои санг парида, аз тангноҳои пурпечутоб дарёи Варзоб ба пойтахти тоҷикон, ба Душанбеи нозанин рӯ меорад. Қаҳрамони лирикӣ аз оби Душанбе нӯши ҷон карда шоду масрур аст:

Аз кӯҳи баланд аст равон оби Душанбе. Тар карда лаби ташналабон оби Душанбе. Ҳарчанд, ки ҷорист ба сад асру замонҳо, Бо ёди Ватан монда ҷавон оби Душанбе. То дашти калон сар сари санг аст равона, Аз мағзи дара «маҳмили» танг аст равона. Ҳар қатраи худ то ба ҳама халқ расонад, Бо монеаҳо толиби ҷанг аст, равона.

Пас шоир бо камоли ифтихор изҳор менамояд, ки дар соҳили он манзил ва боғи пуршукӯҳе бунёд кардааст ва аз оби Душанбе мардуми пойтахташ нӯши ҷон мекунанд ва як ҷаҳон ҳузуру ҳаловат мебаранд:

Дар соҳили он манзили ман ҷой гирифтаст, Як боғу чаманзор саропой гирифтаст. Бо оби Душанбе шуда ҳамсояи наздик, Ҷой аз ҷигари мамлакати бой гирифтаст.

Ин мавзӯъ дар шеърҳои «Рӯди ман», «Рӯди кӯҳӣ» боз бо рангу таровати тоза ва хеле ҷолиб ба қалам дода шудааст. Адиб ба воситаи саволҳои риторикона инкишофу пешрафти пойтахт, ободию тағйиротҳои куллии кишварро ёдрас шуда, пасон таъкид менамояд, ки аммо ту тағйир наёфтӣ, ҳамон зайл шӯху мастона, мисли шутури маст ҷавлон мезанӣ. Аз он хушам, ки дар канорат бо нигоре нишаста аз кору бори зиндагӣ андак фориғ бошам, даме аз насими рӯҳбахшат нафаси осуда гирам:

Рӯди ман. олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон! Сарзаминат пурсамар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон! Даври ман даври ҳунар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон! Дидаю дил пуршарар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон! Медавӣ дар кӯҳсору сар ба сангон мезанӣ, Уштури мастӣ магар ҳар сӯй ҷавлон мезанӣ? Даст бар сар, мӯхарошон, рӯхарошон мезанӣ? Қатраҳои сардро бар кӯҳсорон мезанӣ. Дар канорат то саҳаргоҳ ҷой кас гирад, хуш аст, Бо нигоре домани ишқу ҳавас гирад, хуш аст. Ҷои сабза давра дар болои хас гирад, хуш аст, Фориғ аз кори ҷаҳон як дам нафас гирад. хуш аст.

Устод Турсунзода бештари ашъори дилангез ва асарҳои ҷовидонаашро дар фасли баҳор эҷод кардааст. Дар ин амал ҷои баҳс ҳам нест, зеро зебоӣ. шукӯҳу шаҳомати табиат дар фасли баҳор назаррас гашта, ҳама чизро аз хоб бедор мекунад. Инсонро ҳам. Бешубҳа, баҳор ба шоир илҳоми тоза ва шавқи беандоза мебахшад:

Дирӯз баъди борон тирукамон баромад, Байроқи навбаҳорон партавфишон баромад. Аз қатраҳои борон дар Офтоби тобон, Рухсора тар намуда, абрӯкамон баромад. Бо рангҳои дилкаш, бо чеҳраи мунаққаш, Ҳусни Замин дамида. фавворасон баромад. Аз кӯҳ то ба кӯҳе, аз дашт то ба даште, Товуси хушхироми Ҳиндустон баромад. Мурғи қафасшикаста, аз банди зулм раста, Чун рамзи дӯстии халқи ҷаҳон баромад. Кардам гумон, ки аз дил савти ҳазор манзил. Чун мавҷҳои соҳил дар як замон баромад.

Шеъри боло дар шакли анъанавии ғазал суруда шуда аз шаш байт иборат аст. Матлаъ ва мақтаъ дорад. Мувофиқи анъана дар мактаъ мебоист номи адиб зикр мешуд, вале устод аз он сарфи назар кардааст. Дар асрҳои пешин ҳам бисёр ғазалҳо бе ёд шудани тахаллус офарида шудаанд. Дигар ғазали мазкур тавсифӣ буда, танҳо як лаҳзаи нотакрори табиат пас аз боридани борон пайдо шудани Камони Рустам бисёр ҷолиб тавсиф ёфтааст. Шоир Тирукамонро ба байроқи навбаҳорон, ба ёри абрӯкамон, товуси Ҳиндустон шабеҳ намудааст, ки ин ташбеҳот басо ҷолиб ва табиӣ баромадаанд. Воқеан, болу пари товус ҳам рангоранг буда, бисёр зебою мунаққаш аст. Аз ин ҷо Камони Рустам ҳам ҳамин хел пурҷило ва рангорангу мунаққаш мебошад. Маҳорати шоир дар ин ғазал боз дар он аст, ки баромади Тирукамонро ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои ҷаҳон ба қалам додааст. Гӯё Тирукамон аз зулми золимон (зимистон) раста, қафаси тангро шикаста, ҳамчун нишони навбаҳорон-рамзи дӯстии халқҳои ҷаҳон баромад. Оре, дӯстии қавмҳо, халқҳо, миллатҳо, ирқу нажодхо аз ҳама чиз волотар буда, сабаби пешрафти ҷомеаи инсонӣ, пойдории сулҳу салоҳ, хушбахтию саодатмандии мардуми сайёра аст. Ба ин маъно Камони Рустам ҳам муждаест аз дӯстӣ, рафоқат ва тинҷию амонӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2