Зеҳн

Мавзӯи шарқи хориҷӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ2 октябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Мирзо Турсунзода аслан пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун шоир, ҳамчун сиёсатмадор рушду камол ёфта, дар арсаи байналхалқӣ шӯҳратёр гардид. Каломи сеҳрофаринаш чун уқобони кӯҳӣ дар ақсои олам, ба ду қитъаи азияткашида, ранҷу озордида Осиё ва Африка баланд парвоз кард. Мардуми ин ду қитъаи бузург дар зери шиканҷа, дар ниҳояти хорию зорӣ, дар зери зулми истисморгарони англису америкоӣ ва дигар давлатҳои тавонои Европа рӯзгори талху сангин доштанд. Ҳамаи ин даҳшату ваҳшонияти мардуми оддиро шоири мубориз бо чашми худ дид ва бо қалби пуршӯраш эҳсос намуд ва садояшро баланд намуд.
Барои эҳё шудани чунин шоҳасарҳо: силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947), «Ман аз Шарқи Озод» (1950), «Садои Осиё» (1955), «Хоҳари мушфиқ Африқо», «Ҷони ширин» (1959) ва ғайра нахуст истеъдоди табиӣ, дуюм омӯзиши амиқи адабиёти шифоҳӣ ва классикӣ, сеюм сафарҳои мунтазами Мирзо Турсунзода ба кишварҳои Осиёю Африка ва Европа ва омӯзиши ҳаёти халқи мазлуми ин кишварҳо мусоидат кард. Рукни асосӣ ё мавзӯи асосии ин асарҳо инъикоси ҳаёти мардуми хориҷа аст. Аммо дар ҳар як достонаш шоир аз рӯзгори гуворою бахти баланди халқи кишвараш ёд мекунад ва дар муқоиса зиндагӣ ва шукӯҳу шаҳомат ва саодатмандии халқу диёри азизашро шоирона, реалистона ба қалам додаст.
Ҳамин тавр, мавзӯи Шарқи хориҷӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мақоми босазо дорад. Мувофиқи соли эҷодашон дар поён баъзеи онҳоро таҳлил карда мебароем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2