Фазлиддин Муҳаммадиев
Фазлиддин Муҳаммадиев 15 июни соли 1928 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи муқовабанд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ходими адабии рӯзномаи " Тоҷикистони сурх" буд. Соли 1951 мактаби марказии комсомоли назди Кумитаи марказии комсомолро дар шаҳри Маскав хатм намуд ва ба кори рӯзноманигорӣ машғул шуд. Ҷонишини муҳаррири рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" ("Комсо-моли Тоҷикистон "), муҳаррири "Газетаи муаллимон", мудири шӯъбаи рӯзномаи " Тоҷикистони Советӣ", котиби масъули маҷаллаи "Занони Тоҷикистон ", мудири шӯъбаи наср ва котиби масъули маҷаллаи "Шарқи сурх" ("Садои Шарқ") буд.
Соли 1962 курсҳои олии адабиро дар назди Институти адабии ба номи М. Горкий дар шаҳри Маскав хатм намуда, дар идораи маҷаллаи "Хорпуштак", киностудияи "Тоҷикфилм" ва нашриёти "Ирфон" кор кардааст. Баъдтар вазифаҳои мудири нашрияи Сарредаксияи Энсиклопедияи Советии Тоҷик, сармуҳаррири Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Кинематографияро ба ӯҳда дошт.
Аз июни 1978 котиби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуда кор кардааст. Очерку ҳикояҳои аввалини Ф. Муҳаммадиев дар нимаи дуюми солҳои 50-ум дар матбуот пайдо шуданд. Масалан: "Раиси нав" (1955), "Муҳоҷирон" (1956), "Фаттоҳ ва Музаффар" (1958) ва ғайраҳо.
Соли 1958 маҷмӯаи очерку ҳикояҳои ӯ, соли 1960 повести "Таркише, ки ба вуқӯъ наомад", соли 1963 "Одамони кӯҳна", соли 1964 "Бибӣ - Зайнаб", соли 1969 маҷмӯаи ҳикояҳо таҳти унвони "Сози мунаввар" аз чоп баромадаанд.
Соли 1974 романи "Палатаи кунҷакӣ" баромад. Қариб ҳамаи асарҳои ӯ ба забони русӣ тарҷума шудаанд.
Асарҳои Ф. Муҳаммадиев ба забонҳои ӯзбекӣ, латишӣ, арманӣ, эстонӣ, қазоқӣ, туркманӣ, қирғизӣ, украинӣ, белорусӣ, немисӣ, полякӣ, арабӣ, венгерӣ, чехӣ ва булғорӣ низ тарҷума шудаанд.
Аз рӯи сенарияҳои Ф. Муҳаммадиев кино-студияи "Тоҷикфилм" филми бадеии кӯтоҳметражи "Задухӯрд" (1973); филми мустанади "Субҳи кишвари ман" (1974), филми бадеии "Вохӯрӣ дар дараи марг" (1980) ва ғайраро ба навор гирифт. Филми бадеии "Вохӯрӣ дар дараи марг" дар кинофестивали XIII сазовори мукофот ва дар кинофестивали мамлакатҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ, ки дар шаҳри Тошкент гузашт, сазовори диплом гардид.
Фазлиддин Муҳаммадиев дар соҳаи тарҷумаи бадеӣ меҳнати самараноку сермаҳсул ба харҷ додааст. Тарҷумаҳои тоҷикии романҳои Андре Стил "Зарбаи аввал", М. Садовяну "Ҷазираи гулҳо", повестҳои Чингиз Айтматов "Ҷамила", "Алвидоъ, Гулсара", М. Левин "Ҳаяҷони саввум", А. Қаҳҳор "Модаркалони меҳрубони ман", "Овоз аз тобут", В. Губарев "Мӯъҷизакори бузург" ва ҳикояҳои алоҳидаи Чехов, Драйзер ва нависандагони пешқадами адабиёти муосири хориҷӣ ба қалами Фазлиддин Муҳаммадиев мутааллиқанд.
Фазлиддин Муҳаммадиев бо унвони ифтихории Корманди Шоистаи маданияти Тоҷикистон ва Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ мушарраф гардидааст.
Ӯ соли 1986 фавтидааст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё