Зеҳн

Дар Ситоиши Хайём

АГ
Агенти Зеҳнӣ2 октябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Хайёмро чунин васф кардаанд: «Ҳуҷҷат-ул-Ҳаққ» (Низомии Арӯзии Самарқандӣ), «Аз машоҳири ҳукамои ҷаҳон ва аз наводири шуарои замон» (Ризоқулихони Ҳидоят), «Ҳакими Нишобурӣ — марди фавқулодда» (Ризо Файласуф), «Устод, файласуф, Ҳуҷҷат-ул-Ҳаққ» (Байҳақӣ), «Ватандори ду ватан» (Е. Долматовский).

Ӯро дар тӯли беш аз 900 сол бо унвонҳои «Ҳаким», «Ҳуҷҷат-ул-Ҳаққ», «Хоҷа», «Имом», «ал-Файласуф», «Ҳакими ҷаҳон», «Файласуфи гетӣ», «Шайх-ул-имом», «Аллома», «Роҳбалади фузало», «Султонулуламо», «Маликулҳукамо», «Имоми Хуросон», «Нодираи фалак», «Ҳакими ориф», «Саромади замон», «Сайид-ул-муҳаққиқин», «Валиюляқин» ва «Шоири нодирагуфтор» ёд мекунанд.

Хоқонии Шервонӣ (1120–1198) дар як номаи кӯтоҳаш ба Шервоншоҳ менависад:

«Ҳазор сол осмон ва ахтарони ӯ бояд бигардад, то аз осиёби дунё як донае дуруст ба сони Умари Хайём берун ояд».

Адабиётшиноси нуктасанҷи тоҷик Холиқ Мирзозода навиштааст:

«Хайём ҳамчун бузургтарин шоир, файласуф дар таърихи фикрҳои фалсафӣ ва адабии форсу тоҷик мавқеи ба худ хоса дорад. Рубоиҳои ӯ дар тамоми давраҳои асри миёна ҳамчун байрақи озодӣ ва мубориза хизмат кардаанд. Аксарияти озодфикрон дар зери таъсири ғояҳои ӯ тарбия ёфта, ба муқобили душманони феодалӣ ва динии худ мубориза бурдаанд».

Ягонӣ, донишманди эронӣ, бар он назар аст, ки осори Саъдӣ ва Ҳофиз ба забонҳои халқҳои Шарқ борҳо тарҷума ва ба шаклҳои гуногун нашр шудааст. Бо вуҷуди ин, ба андешаи ӯ, ҳеҷ яке аз ин суханварони номӣ дар кишварҳои Ғарб ба шуҳрати фавқулоддаи Хайём нарасидааст.

Ба гуфтаи Алфред Теннисон, яке аз маъруфтарин шоирони давраи малика Виктория:

«Умари Хайём шоирест муодили хуршеде, ки худро дар фазо пуртоб кардааст. Яъне ҳамаро ва ба ҳама ҷо рӯшноӣ мебахшад ва худ такягоҳе надорад».

Расул Ҳамзатов, шоири Доғистон, чунин гуфтааст:

Гӯӣ аз қаъри маъбаде омад,
Посухи ӯ ба лаҳни сеҳрангез:
Давлату ганҷи сармади Хайём,
Аз барои ҳама ҷаҳон кофист.

Мустафои Бодкӯбаи Ҳаҷовоӣ, муаллифи китоби «Зиндагии Хайём» (Теҳрон: чопхонаи Фароин, чопи панҷум, 1375), мегӯяд:

«Яке аз пуровозатарин қуллаҳои рафеи илм, ҳикмат, фалсафа ва риёзиёт ва адаби ноби порсӣ — Ҳаким, Имом, Ҳуҷҷат-ул-Ҳаққ, Ғиёсуддин Хоҷа Абулфатҳ Умар ибни Иброҳим Хайёмӣ (Хайём) аст... Номи нобиға Ҳуҷҷат аст».

Усмон Назир, донишманди тоҷик, чунин баҳо медиҳад:

«Хайём тасвиргари нотакрор аст. Ӯро дар ҳикмат метавон Абӯалӣ Сино, дар риёзиёт саромади фузало, дар сухангустарӣ булбули шайдо номид».

Нависандаи булғор Иордан Милев дар китоби ёддоштҳояш «Одам ва бодияҳо» менависад:

«...Ҳикматгӯии орифонаву шеъргӯӣ, ки амри дил аст, танҳо хоси порсист... Баъзан ба мо даст медиҳад, ки ба шарофати соҳибистеъдодони алоҳида дурдонаҳои ҳақиқиро падид кунем, ки андӯҳҳои рӯҳу умеди он миллат буда, шаҳодати ба дарди шуаро нахӯрдани хайру инъомҳои ҳокимони шуҳратталаб гарданд. Ҳамин хел истеъдоди хориқулоддаро Ҳаким Умари Хайём доро буд... Ӯ (Хайём) тамоми зиндагии хешро сарфи осори пурарзиши илмӣ карда, барои башарият бозёфтҳои тозаеро эҳдо намудааст... Суханпаҳлавонон саробҳои куҳансарои ҷафокашро бо ҳазорон панҷаи хатту адаб муҳофизат мекарданд. Ӯ танҳо бо рубоиёташ ба маҷрои зиндагӣ равобит баста метавонисту бас. Ӯ чунин меҳисобид, ки барояш чаҳор мисраъ кифоя аст, то он андешаҳоеро, ки дигар шоирон ба василаи чорсад мисраъ ифода кардаанд, дар онҳо гунҷонад. Ӯ бо ин чаҳор мисраъ, ки пайконҳоро ба хотири кас меоранд, чангу ғубор ва торикиҳои лиқои асрҳоро шикофта метавонист. Чаҳор андеша монанди лоҷвард ӯро бидуни тоҷу тахт шаҳаншоҳ кардаанд».

Георгий Гулиа, муаллифи романи «Сказание об Омаре Хайяме», ки ба сарнавишти Хайём бахшида шудааст, дар охирсухани асараш навиштааст:

«Омар Хайям — самая интересная фигура в ряду звёзд персидской литературы... Хайяма-поэта чтят в Иране, и особенно те, кто любит высокое поэтическое мастерство и глубокую мысль... Стихи Омара Хайяма сверкают одинаково: на них не отразились морщины поэта или удары усталого сердца. Омар Хайям писал стихи всю жизнь. И не мог не писать. Ибо это было потребностью».

Эзоҳ: матн аз ҷиҳати имло, китобат ва баён таҳрир шуд. Иқтибоси норавшани Ягонӣ ба нақли ғайримустақим табдил дода шуд. Барои истифодаи илмӣ номи муаллифон ва матни дақиқи иқтибосҳоро бо сарчашмаҳои аслӣ муқоиса кардан лозим аст.

Кошонаи Хайём

Зиёратгоҳи аҳли дил бувад кошонаи Хайём, Нишобур - боғшаҳру шершаҳру хонаи Хайём. Ҷаҳон то бошаду бошем, то май бошаду соқӣ, Ғубори дил барорад нашъаи хумхонаи Хайём. Хазон гардад ҳама буду набуди олами рӯъё, Бирӯяд дар замини орзӯҳо донаи Хайём. Ҷаҳондорон рабуда бонувони ҳури ҷаннатро, Набошад ҳеч зан зеботар аз ҷононаи Хайём. Будӣ дилдодаи ҷоми лабу бӯсу канори гарм, Будӣ ҳар сатри рубоиш наврӯзонаи Хайём. Манам дар ошиқӣ шогирди навомӯзи даргоҳаш, Маро афсун намояд дам ба дам афсонаи Хайём. Зи аршу Нӯҳ Фалак болост мавқею мароми ӯ, Кунад парвоз симурғи калом аз лонаи Хайём. Кунад мастам шароби ҷонфизои шеъри волояш, Бихонандам азизон доимо девонаи Хайём. Ба мисли ӯ касе накшуда ҳаргиз рози гетиро. Ҷаҳон з-ин рӯ бувад бо тардишаш парвонаи Хайём. Ба шодию ғами дунё абад ӯ соқии давр аст, Зи каф магзор ҳусни базм, ту паймонаи Хайём. Диҳад умри бафайзу безаволу комрониҳо, Каломи осмонию руҳи нуронии Хайём. Бигӯяндӣ азизи ҷони ҷонҳо - Ҳуҷҷатулҳақро, Сари зулфи сухан, Оташ, кушо, бо шонаи Хайём.

Оташ (Усмон Назир)

Ҷон Роскин - мунаққиди англис: "Рубоиёти Хайём латифтарин таронаҳое ҳаст, ки монандашонро нахонда ва надидаем"

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2