Зеҳн

Қаноат ва некукорӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ2 октябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Мавзӯи дигаре, ки дар ашъори Хайём ба назар мерасад, панду андарз дар бораи қаноатпешагӣ, парҳез аз ҳирси молу сарват ва ба даст овардани дили инсонҳост. Ҳангоми мутолиаи рубоиёти Хайём гӯё ба осорхонаи хаёл, тасвирхонаи мунаққаш, сеҳрхонаи қалами мафтунгар, адабгоҳи хирад, даргоҳи бениёзӣ, муаммогоҳи сипеҳр, гулистони ҳамешасабз ва муқаддаскадаи бузургдошти инсон ворид мешавем. Байти зерини Анвариро низ метавон дар тавсифи суханони ҳайратангези Хайём ба ёд овард:

Чашми ту сеҳри ҳалол асту ҳаром аст маро,
Шоирӣ ҳар чӣ бари сеҳри ҳалоли ту кунам.

Каломи Хайёмро метавон ҷоми ҷаҳоннамои оламиён, косаи гирдгардони соқии даврон, оҳанрабои дили ҷаҳониён ва додраси дармондагон дар душвортарину талхтарин лаҳзаҳои зиндагӣ номид. Сухани ӯ ғамзудо, мададгор ва дастгири инсонҳост. Гуфтаҳои ин марди шарифу бузург дар лаҳзаҳои шодиву ғам чун нӯшбодҳои гуворо ва пандҳои судманд садо медиҳанд:

Қонеъ ба устухон чу каргас будан,
Беҳ з-он ки туфайли хони нокас будан.
Бо нони ҷавини хеш, ҳаққо, ки беҳ аст,
К-олуда ба полудаи ҳар кас будан.

Дар рубоии дигар шоир ҳатто ҳангоми боданӯшӣ ҳушёрӣ, худдорӣ ва парҳез аз озори дигаронро таъкид мекунад:

Чун бода хӯрӣ, зи ақл бегона машав,
Мадҳуш мабошу ҷаҳлро хона машав.
Хоҳӣ, ки майи лаъл ҳалолат бошад,
Озори касе маҷӯву девона машав.

Ашъори Хайём дар баёни некӣ, шодиву ғам, бодагусорӣ ва базми дӯстӣ рангину пурмазмун аст. Шоир бадӣ ва бадхоҳиро қатъиян маҳкум мекунад:

Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад,
Як бад накунад, ки ба сараш сад нарасад.
Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман,
Ту нек набиниву ба ман бад нарасад.

Муаррих ва адиби тоҷик Сайид Роқим, ки дар асри XVII зиндагӣ кардааст, низ дар ин бора гуфтааст:

Бадӣ макун, ки дар ин киштзори зудзавол
Ба доси давр ҳамон бидравӣ, ки мекорӣ.

Қаҳрамони дӯстдоштаи шоир инсон аст. Дар гуфтору рафтор ва кирдори қаҳрамони лирикии ӯ симои инсони некбин, некандеш ва неккирдор падидор мешавад. Ин қаҳрамон ба ҷанҷолу арбада майл надорад, худбин нест ва ба ҷаҳон бо назари фарох менигарад. Ӯ санҷида сухан мегӯяд ва андешида амал мекунад. Содагӣ, хирадмандӣ ва арҷ гузоштан ба инсон аз хислатҳои писандидаи ӯянд.

Хайём худписандӣ, худбинӣ ва худкомиро маҳкум намуда, инсонро аз мағрур шудан ба ҳусну ҷавонӣ ҳушдор медиҳад:

Бар ҳусну ҷавонӣ, эй писар, ғарра машав,
Бас ғунчаи ношукуфта бар хок бирехт.

Шоир ҳамчунин инсонро ба худогоҳӣ ва ибрат гирифтан аз сарнавишти дигарон даъват мекунад:

Эй гашта шабонрӯз ба дунё нигарон,
В-андеша накарда ҳеҷ аз рӯзи гарон,
Охир ба худ ою нек бингар як дам,
К-айём чӣ гуна мекунад бо дигарон.

Аз ин рӯ, ба кори ҷаҳон бояд бо чашми ибрат нигарист ва барои некукорӣ, сабук кардани бори дигарон ва ба даст овардани дили бечорагону ниёзмандон кӯшид:

Зинҳор, кунун, ки метавонӣ боре,
Бардор зи хотири азизе боре.
К-ин мамлакати ҳусн намонад ҷовид,
Аз дасти ту ҳам бурун шавад як боре.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2