Бадое-ул-вақое-Қисми 5
ДАР БОРАИ МУБОРИЗА КАРДАНИ ПАҲЛАВОН МУҲАММАДИ МОЛОНӢ БО ФИЛ
Восифӣ аз Мирмуҳаммад Юсуф нақл карда мегӯяд:
— Дар соли 900 ҳиҷрӣ (1495), вақте ки султон Ҳусайнмирзо дар яйлоқи Чилдухтарон хайма ва саропарда зада буд, аз подшоҳи Деҳлӣ ба ӯ як фил бо қумошҳои ҳиндӣ туҳфа омад. Он фили манглусӣ буд. Мардумоне, ки Ҳиндустонро саёҳат карда буданд, мегуфтанд, ки мо дар мамлакати Ҳинд филе ба ин азимат надидаем. Он фил гӯё кӯҳе буд, ки аз қуллааш аждаҳоеро овехта ва чаҳор сутун дар зери он Бесутун ангехта буданд.
Султон гуфт:
— Худо накарда, агар одамӣ гирифтори вай шавад, чӣ гуна ҷон аз дасти ӯ тавонад раҳонид?
Паҳлавон Муҳаммади Молонӣ бо оҳанги ғурур ва истеҳзо гуфт:
— Шоҳо, он чӣ гуна одамӣ бошад?
Подшоҳ, ки ин сухан шунид, бар худ печид ва аз паҳлавон ба ғоят ранҷид ва дар дили худ гуфт: «Ин чӣ кибру худбинӣ ва худнамоӣ аст, ки паҳлавон изҳор кард:
Ту ғарра машав ба зӯри сарпанҷаву даст,
К-он ҷо ки зиреҳгар аст, пайконгар ҳаст».
Баъд аз пароканда шудани аҳли суҳбат султон амир Саидбадрро талабид ва ба ӯ шикоят кард, ки:
— Паҳлавон чӣ лофе буд, ки зад?
Саидбадр гуфт:
— Ҳамон фил боди калонгирӣ ва худписандиро аз димоғи паҳлавон берун хоҳад овард.
Султон филбонро талабид ва ба ӯ гуфт:
— Мехоҳам, ки паҳлавон Муҳаммади Молониро адабе кунам ва ӯро гӯшмоле диҳам. Бояд, ки филро бар паҳлавон барангезӣ ва ӯро тез кунӣ, ки вайро танбеҳе кунад.
Филбон гуфт:
— Шоҳо, магар зуд аз ин фил дилгир шудаед? Он гурзе, ки паҳлавон дорад, агар бо он бар сари фил занад, мағзҳои вай пош мехӯрад. Рӯзе, ки паҳлавон хабари омад-омади филро шунид, он гурзро созонда буд ва вазни он гурз ҳафт ман аст ба санги Хуросон.¹ Паҳлавон он гурзро ҳамеша бо худ дорад.
Султон ба Саидбадр гуфт:
— Ин ҳинду рост мегӯяд.
Саидбадр гуфт:
— Ман паҳлавонро аз он гурз ҷудо месозам.
Чун Саидбадр ба хонаи худ бозгашт, ба паҳлавон Муҳаммади Молонӣ кас фиристода, ба ӯ расонид, ки:
«Ман аз лоф ва калонгирии фарзандон ба ҷон омадаам: яке мегӯяд, ки: “Ман гурзи паҳлавонро кор фармуда метавонам”, дигаре мегӯяд, ки: “Ман он гурзро чанд навбат пайдарҳам ба ҳаво меандозам ва боз мегирам”, саввум мегӯяд: “Ман он гурзро ба даст гирифта, сад бор бефосила ба ҳаво бурда, гирд мегардонам”. Шумо марҳамат карда, он гурзро фиристонед, ки бо озмоиш гардани даъвои ин лофзанонро нарм созам».
Паҳлавон аз ин макр ғофил монда, гурзи худро ба Саидбадр фиристод. Саидбадр баъд аз ба даст даровардани гурз фавран ба пеши султон рафта, ба ӯ гуфт:
— Мо кори худро тамом кардем, дигар шумо медонед.
Султон Тайфури пайк (шотир)-ро, ки ҳамаи муқаррабони даргоҳ ҳалқаи бандагии ӯро дар гӯш доштанд, фиристод, ки паҳлавон Муҳаммади Молониро дарҳол биёрад ва ӯ ба ҷома ва мӯза пӯшидан машғул нашуда, ба ҳар вазъияте, ки бошад, зуд ояд.
Паҳлавон дар хаймаи худ дар хоби нимрӯзӣ буд, ки Тайфур ба ӯ рафта, фармони султонро расонид. Паҳлавон аз аҳвол пай бурда, ба ходимони худ гуфт:
— Зуд рафта, гурзро аз Саидбадр биёред!
Тайфур гуфт:
— Ҳоло ба гурз мунтазир шудан мумкин нест, бояд ҳамин ҳоло ба дарбор ҳозир шавед.
Паҳлавон аз рӯи пироҳан такбанде ба миён баста, яктаҳе аз рӯй пӯшида, бо кафши сарипоӣ (бемӯза) рӯ ба даргоҳ овард.
Султон пеш аз фиристодани Тайфур ба филбон фармуда буд, ки чанд шиша шароб ба халқуми фил рехта, вайро сармаст карда буданд. Чун паҳлавон ба саропарда наздик расид, фармон дод, ки филро ба ӯ ангезонда сар диҳад.
Паҳлавон дид, ки фил ба тарафи ӯ ба қасди ҳуҷум меояд. Дарҳол яктаҳи худро аз тан кашид ва дасторашро ба вай печида, ба каноре ҳаво дод, остини пироҳанро то оринҷ барзад, домани пироҳанро дар такбанде, ки ба миён дошт, устувор кард ва як пои худро пеш ниҳода, ба муқобили фил мустаҳкам истод.
Фил хартуми манорамонанди худро ҳамоилвор бар дӯши паҳлавон ниҳода, дар зери бағал устувор карда, пеш кашид, ки пошнаҳои пои паҳлавон қариб аз замин бардошта шуд. Чун қуввати дигаре ба кор даровард, танҳо нӯгҳои ангушти пои ӯ бар замин монд.
Паҳлавон ба худ андешид, ки агар фил як зӯри дигар ба кор барад, ӯро чун гирдбод бар ҳаво бурда, бар замин хоҳад зад, ки устухонҳои ӯ рез-рез мешаванд. Бинобар ин, паҳлавон лангаре андохт, ки ҳар ду кафи пояш бар замин қарор гирифт ва худ ба зери фил майлон карда, бар шиками ӯ бо қоидаи гуштигирӣ линги камарӣ задан сар кард.
Фил ба он зарбаҳо тоб наёварда, гирд гаштан гирифт. Филбон дарҳол худро аз болои фил ба зер андохт ва фил пуштнокӣ ба замин ғалтид, ки чор пои ӯ монанди чор сутун бар ҳаво рост шуд. Ғиреви таҳсин ва офарин аз халоиқ бархост.
Султон фармуд, ки як боркаш (лаълӣ) пур аз зари сурху сафед оварда, бар сари паҳлавон нисор карданд ва фашангҳо оварда, филро бо онҳо бардошта, аз ҷояш рост бархезонданд.
Баъд аз чанд рӯз филбон ба пеши паҳлавон омада гуфт:
— Аз он рӯз боз, ки шумо филро ғалтондед ва ӯро забун сохтед, вай кинаи шуморо дар дил гирифтааст ва шабҳо чашм аз хаймаи шумо намеканад. Метарсам, ки ман ғофил монам ва аз ин ҷонвар нисбат ба шумо ҳаракати баде сар барзанад ва ман ҳам дар балои вай гирифтор гардам.
¹ Ҳафт ман ба санги Хуросон тахминан як пуд мешавад.
Паҳлавон гуфт:
— Ту имшаб мустаҳкам кардани филро саҳл гир ва худро ба нодонӣ зада, гузор, ки ба ҷониби мо ояд ва мо ӯро «меҳмондорие» кунем, ки баъд аз ин аз ин гуна дағдағаҳо дар хотири вай намонад.
Чун намози шом шуд, паҳлавон ба ходимони худ фармуд, ки ҷойхоби ӯро дар даруни хайма — дар пеши сутун — паҳн карданд, яктаҳи ӯро бар рӯи ҷойхоб пӯшонданд ва дасторашро ба тарафи саргаҳи ҷойхоб гузошта, чунон сохтанд, ки гӯё паҳлавон дар ин ҷо хобидааст. Баъд аз он паҳлавон гурзи худро гирифта, бо ҷамъе аз ҷавонон дар гӯшае нигарон нишаст.
Чун ду пос аз шаб гузашт, диданд, ки фил аз ҷониби урду монанди кӯҳи сиёҳе пайдо шуд ва ба дари хайма омада, ба атроф ва ҷавониб нигоҳ карда, худро ёзонда, ба дарун даромад ва паҳлавонро дар бистар гумон карда, вайро дар зери синаи худ гирифта, ба молиш додан сар кард.
Паҳлавон бо ҷамоати худ расида омада, танобҳои хаймаро канданд ва аз ҳар тараф бар поҳои фил печонданд. Паҳлавон бо он гурз бар бадани фил задан гирифт ва фили бечора ба фарёд кардан даромад, чунон ки ҳама аз дуру наздик хабардор гардида, ҳайёҳуй бардоштанд. Султон аз хоб бедор шуда пурсид, ки:
— Ин чӣ ғулғула ва ғавғо аст?
— Шоҳо, фил бар сари паҳлавон шабехун овардааст ва паҳлавон хабардор шуда, ӯро дар зери зарбу лат кашидааст! — гуфтанд.
Султон машъалҳо афрӯхта, қариб бо ҳазор кас аз аҳли дарбор савор шуда, ба хаймаи паҳлавон расида омаданд. Подшоҳ ба паҳлавон наздик расида:
— Эй паҳлавон, мурувват! — гӯён фарёд баровард.
Паҳлавон пеш давида ва зону зада гуфт:
— Шоҳо! Ин ҷонвар маро қариб тамоман ҳалок карда буд. Алҳамдулиллоҳ, ки ба баракати давлати шумо хабардор шуда, адабашро додам.
Султон гуноҳи филро аз паҳлавон талабида, ӯро халос гардонид, ки ба филхонааш баргардониданд. Пагоҳонӣ султон чанд сар аспу гӯсфанд кушта, тӯй дода, паҳлавонро бо фил оштӣ дод.
ЁДДОШТИ ВОСИФӢ ДАР БОРАИ ХОҲАРЗОДАИ ПАҲЛАВОН АБӮСАИД — ДАРВЕШМУҲАММАД
Восифӣ аз хоҷа Маҳмуди Тойбодӣ нақл карда мегӯяд:
— Паҳлавон Муҳаммад Абӯсаидро хоҳарзодае буд, ки Дарвешмуҳаммад ном дошт. Ӯ дар ҳафдаҳсолагӣ толибилми хуб шуда буд. Устоди ӯ Мавлоно Шайхҳусайн мегуфт, ки: «Дарвешмуҳаммад бо ҳар касе, ки ба мунозара дарояд, маро ба ҳоли он кас раҳм меояд. Зеро ки Дарвешмуҳаммад то он касро ба замин нашинонад ва мулзам накунад, даст аз вай боз надорад».
Аммо, чунон ки мегӯянд, «дар ҳар чиз як офат бошад, дар илм офатҳост». Дарвешмуҳаммадро офат расид: дар Ҳирот овозае пайдо шуд, ки Паҳлавоналии Рустоӣ ном паҳлавоне аз Ироқ раҳсипори Хуросон шудааст. Ӯ чунон паҳлавонест, ки аз подшоҳон маншури (ярлиқи) забардастӣ ситондааст. Ӯ даъво мекардааст, ки: «Ба Хуросон меравам, паҳлавон мири такянишин¹ (Муҳаммад Абӯсаид)-ро ҳалқабагӯш мекунам».
Бо шунидани ин хабар паҳлавон Муҳаммад Абӯсаид хоҳарзодаи худ — Дарвешмуҳаммадро аз таҳсили илм боздошта, ба варзиши гуштигирӣ даровард. Ӯ даҳ нафар ҷавонони навхезро фармуд, ки ҳар рӯз бо Дарвешмуҳаммад ягон-ягон талош мекарданд ва ӯ ҳар кадоми онҳоро дар гуштӣ меғалтонд.
Паҳлавон Абӯсаид баъд аз он дар ҳар бор ду касро ба муқобили Дарвешмуҳаммад монд. Вақте ки ӯ иқтидори ба ду кас ғалаба кардан пайдо кард, се касро ва баъд аз он чор касро фармуд, ки бо Дарвешмуҳаммад якбора гуштӣ мегирифтанд ва ӯ ҳар чаҳори онҳоро ҳам болои ҳам ба хок мехобонид ва забун мекард.
Баъд аз он паҳлавон фармуд, ки қанореро пур аз реги намнок карданд, ки ба санги Хуросон сад ман (тахминан 12 пуд) меомад. Дарвеш як дасти худро дар зери қанор медаровард ва бо дасти дигараш аз гулӯгоҳ гирифта, аз замин бардошта, аз болои сари худ гузаронида, ба қафо мепартофт. Кам-кам вазни реги ин қанорро ба дусад ман (24 пуд) бароварданд.
Баъд аз он паҳлавон фармуд, ки ҷуволеро пур аз рег карда, ба равзани хона овехта, ҷавонон банди вайро нигоҳ дошта меистоданд. Вақте ки Дарвешмуҳаммад дар зери ҷувол, дар баробари равзан омада меистод, ҷавонон аз нигоҳдории он ҷувол даст боз медоштанд. Ҷувол бо зарбаи пуршиддат ба китфи ӯ меомад ва ӯ он ҷуволро ба дастони худ гирифта, ба дур ҳаво медод.
Чун варзиши Дарвешмуҳаммад ба ин дараҷа расид, паҳлавон Абӯсаид ба ӯ гуфт:
— Акнун дили мо як қадар ҷамъ шуд. Аммо ба ҳамин гуна варзишҳо давом кардан лозим аст.
Баъд аз се сол, ки Дарвешмуҳаммад дар саросари ин муддат варзиш мекард, Паҳлавоналии Рустоӣ ба Хуросон омад. Вақте ки паҳлавони мазкур ба деҳаи Кӯсу расид, паҳлавон Абӯсаид фармуд, ки гуштигирони муътабари Ҳирот бо туҳфа ва ҳадяҳо ба пешвози ӯ баромада, вайро бо иззату эҳтироми тамом ба Ҳирот дароварданд.
Паҳлавон Абӯсаид фармуд, ки гуштигирони Ҳирот паҳлавони меҳмонро 40 рӯз меҳмондорӣ кунанд ва дар ин муддат Дарвешмуҳаммад боз варзишҳои дурусттар намояд.
Султон Ҳусайнмирзо аз Паҳлавони олам пурсид, ки:
— Дар бораи ин паҳлавон чӣ фикр доред ва кадом паҳлавонро бо вай гуштӣ мегиронед?
Паҳлавон гуфт:
— Ятимаке ҳаст, ки такяро рӯфтурӯб мекунад, ин корро ба вай ҳавола мекунем.
¹ Бештари паҳлавонон ва ятимони (олуфтагони) Ҳирот ба тарзи қаландарон ба такяҳо вобаста буданд. Паҳлавон Абӯсаид дар замони худ сардори такя буд ва ба вобастагони худ ошу нон медод. Баъд аз сари ӯ хоҳарзодааш — Дарвешмуҳаммад роҳбари такя шуд ва одати тағоии худро зинда дошт.
— Он ятимак кист? — гуфта пурсид султон.
— Дарвешмуҳаммад! — гуфта ҷавоб дод Паҳлавони олам.
Султон дар ҳайрат ва тааҷҷуб афтода гуфт:
— Вай хурдсол аст. Баногоҳ беномусие рӯй надиҳад?
Паҳлавон гуфт:
— Умед аст, ки сабаби обрӯ ва номус гардад.
Султон фармуд, ки ҳавзи Боғизоғонро хушкониданд. Даруни ҳавз майдони гуштӣ муқаррар шуд. Тамошобинон ба гирдогирди ҳавз ғун шуданд. Султон, шоҳзодагон ва амалдорони бузург ба чортоқҳо нишастанд.
Паҳлавонон бараҳна шуда, танҳо дар зери тунбони гуштигирӣ ба майдон даромада, бо ҳам рӯ ба рӯ шуда, ба якдигар овехтанд. Дарвешмуҳаммад Паҳлавоналии Рустоиро монанди тифле аз замин боло бардошта ва бар сари даст гирифта, чархе зада, бар замин зад, ки замини майдон ба ларза даромад ва аз сар то пошнаи пои ӯ бар замин нақш баст.
Ғиреви таҳсин ва офарин аз халоиқ баромада, ба фалак печид. Паҳлавоналӣ аз ҷой бархоста, дар гиря шуда, ба подшоҳ гуфт:
— Шоҳо, ин ҷамоат сеҳр карданд ва маро бастанд, ки ёрои ҳеҷ ҳаракат намонд.
Султон гуфт:
— Ин гуна суханҳо бемаънӣ аст. Агар боз гуштӣ гирифтан хоҳӣ, то се навбат ба ту дастур ва ихтиёр дода мешавад.
Паҳлавоналӣ гуфт:
— Агар ман одамӣ бошам, ҳамин як бор бас аст.
Султон ба аҳли дарбори худ гуфт:
— Ҳар кӣ сари маро дӯст дорад, ба Дарвешмуҳаммад инъом диҳад.
Чунин гӯянд, ки дар он маърака сад ҳазор танга ба Дарвешмуҳаммад инъом омад. Ӯ ҳамаи ин маблағро ба Паҳлавоналӣ дода гуфт:
— Маро ҳамин обрӯй ва эътиборе, ки дар ин гуштӣ ҳосил шуд, бас аст. Шумо аз мамлакати худ умедвор ба ин диёр омадаед, дасти тиҳӣ наравед.
ДАР БОРАИ МУФРИДИ ҚАЛАНДАРИ БАҒДОДӢ ВА ҶАНГИ Ӯ БО ҲАЙДАРПАҲЛАВОНИ ҲИРОТӢ
Восифӣ мегӯяд:
— Дарвешаҳмади пилакаш, ки лангардори (такядори) муфридони Хуросон буд, дар бозгашти сафари Ҳиҷоз (ҳаҷ) ҳамроҳи худ Муфриди қаландари бағдодиро¹ овард. Муфридони Хуросон мегуфтанд: «Ҳаргиз мо ба ширинии андом ва зебоии пайкари ӯ касеро надидаем».
Ӯ тоқияи намадие ба шакли кулоҳхӯд (нӯкдор) бар сар ва ҷомаи намадии мағзидори зебое дар бар дошт ва чӯбдасти рости симпечкардашуда, ки се мани шаръӣ (тахминан се кило) вазн дошт, дар даст гирифта, бар сари хиёбони Ҳирот омада, овоз дод, ки:
«Ман паҳлавонон, ятимон (олуфтагон) ва наҳангони панҷ дарвоза ва нуҳ булуки Ҳиротро ба ҷанги худ ҷеғ мезанам ва ҳар касе, ки ба муқобили ман ояд, агарчи Рустами Достон, Соми Наримон ва Исфандиёри замон бошад, ба ҳамин чӯбдаст бо вай ҷанг хоҳам кард».
Султон Ҳусайнмирзо, ки суханони он муфридро шунид, ӯро талабида, ба ҳузури худ қабул кард. Қиёфа ва суханварии Муфрид ба подшоҳ хуш омада, ӯро пештари худ талабида ва даст ба тоқияи вай ниҳода гуфт:
— Мардона бош, ки илтифоте ба ҷониби ту дорем!
Чун хабари мақбули подшоҳ афтодани муфриди мусофир овоза шуд, шӯри аҷибе дар миёни ятимони (олуфтагони) Хуросон рӯй дод ва аз муомилаи султон нисбат ба Муфриди бағдодӣ рашк карда, ҳамагӣ бар муқобили ӯ бархостанд ва писари аламдорро, ки ятиме буд ба ғоят забардаст ва саромади паҳлавонони Хуросон, барангехтанд, ки бо Муфриди қаландари бағдодӣ биҷангад ва ин маъниро ба арзи подшоҳ расониданд.
¹ Муфрид — исми хос нест. Ин калима дар истилоҳи Хуросон дар асл ба маънои «бандаи фармонбардор» буд. Баъд аз он қаландарони сарсаригарди ҷангараро муфрид номиданд. Ин калима ҳам ба ятим, ки ба маънои олуфта аст, наздик аст, аммо муфрид бояд дар зери либоси қаландарӣ гардад.
Подшоҳ талаби ятимони Хуросонро қабул карда, ҷанггоҳро дар лаби ҳавзи Боғизоғон қарор дод. Дар боғи мазкур чортоқи Муҳаммад Муъминмирзо буд, ки подшоҳ рӯзи ҷанг бо маҳрамон ва писарони худ дар он чортоқ ҷойгир шуд.
Муфриди қаландар ва писари аламдор чӯбдастҳои худро гирифта, ба муқобили ҳам баромаданд. Писари аламдор чӯбдасти худро алам гардонида (рост карда), бар сари Муфрид андохт. Дар вақти фуруд омадани ин чӯбдаст Муфрид сари худро пас кашид ва сари чӯбдасти писари аламдор бар замин бархӯрда, аз дасташ афтод. Ӯ мехост, ки чӯбдасти худро аз замин баргирад. Дар ҳамин вақт Муфрид бо чӯбдасти худ бар баногӯши ӯ чунон зад, ки вай монанди алам бар замин ғалтид.
Ғулғулаи таҳсин ва офарини халқ бар осмон баланд шуд. Подшоҳ фармуд, ки боркаши (лаълии) пурзар оварда, бар сари Муфрид нисор карданд. Дар натиҷаи ин ҷанг овозаи паҳлавонӣ ва забардастии Муфрид ба шаҳри Ҳирот паҳн шуд.
Аз дарвозаи Фирӯзободи шаҳри Ҳирот Ҳайдари тиргар ном ятиме буд, ки баҳодурон дар рӯзи ҷанг аз тири ҳаётшикофи ӯ алҳазар мегуфтанд. Ятимони Хуросон ӯро ба ҷанги Муфрид барангехтанд. Ӯ гуфт:
— Бо қаландаре ҷангидан номус ва обрӯи паҳлавонии маро зиён дорад.
Ятимон гуфтанд:
— Алҳол ному номуси ҳамаи паҳлавонони Хуросон барбод рафт. Агар метавонӣ, бо ӯ ҷангида, он ному номусро бозовар!
Ӯ ба ҷанги Муфрид розӣ шуд. Ин хабар ба султон расида, ҳукм фармуд, ки дар вақти ҷангидани Ҳайдар ва Муфрид ҳамаи ятимони номдори Ҳирот ҷамъ шаванд.
Дар вақти ҷанг Муфрид, чунон ки гуфтаанд:
«Пешдастӣ кун, ки набвад дастпеширо бадал»,
пешдастӣ карда, чӯбдасте бар китфи Ҳайдар зад, ки дасти ӯ аз кор баромад ва ӯро маҷоли чӯб андохтан намонд.
Муфрид чаҳор чӯби дигар бар китф ва камари Ҳайдар зад. Аммо ӯ чунон рост истода буд, ки гӯё миле фӯлодӣ аст, ки дар қаъри замин ҷой гирифтааст. Муфрид чӯби шашумро бардошта, бар фарқи сари Ҳайдар рост овард.
Султон мулоҳиза кард, ки агар ин чӯб ба Ҳайдар расад, аз ҳастии ӯ ному нишон нахоҳад монд ва бинобар ин овоз баланд кард, ки:
— Ой Муфрид! Ин чӯбро бар вай мазан!
Муфрид дар вақти фаровардани он чӯб ин нидоро шунид ва як чарх зада, он чӯбро бар танаи дарахти чаноре, ки дар он ҷо буд, фуруд овард ва он чӯб дар дарахт ғӯта хӯрд.
Султон Муфриди қаландарро пеши худ талабид ва аз вай пурсид:
— Дар ҳаққи Ҳайдар чӣ мегӯӣ?
Муфрид гуфт:
— Шоҳо, инсоф он аст, ки яке аз он панҷ чӯб, ки ба Ҳайдар задам, агар бар ман мерасид, чунон меғалтидам, ки то рӯзи қиёмат барнамехостам. Ҳайдар ҷаҳонпаҳлавон аст.
Ин сухан ба подшоҳ хуш омад. Ба Муфрид чор қабат либоси тугмаи зардор бо панҷ ҳазор танга ва ба Ҳайдар ҳам мисли он инъом намуд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё