Хайём ва Саъдӣ
Падари пандофарини ҷаҳониён, шоир ва адиби нодирагуфтор Саъдии Шерозӣ, аз он қаламкашоне набудааст, ки ба ҳар кас назар биафканад, аз чакидаҳои хомааш ба завқ ояд ва пайраваш гардад. Вале метавон гуфт, ки ӯ аз нашъаи рубоиёти Хайём басе баҳра бардоштааст.
Хайёмро таровати чеҳраи баҳору Наврӯз мафтун кардааст. Ин марди қадршиноси зиндагӣ ба хуш будан дар имрӯз ҳидоят кардааст:
«Бар чеҳраи гул шабнами Наврӯз хуш аст...
Хуш бош, зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст».
Саъдӣ баъди чандин сол ҳамдилии худро бо Хайём чунин нозук иброз доштааст:
Он шаб, ки ту дар канори моӣ, рӯз аст,
В-он рӯз, ки бо ту меравад, Наврӯз аст.
Дӣ рафту ба интизори фардо манишин,
Дарёб, ки ҳосили ҳаёт имрӯз аст.
Сатрҳои ҳазрати Шайх ба шарҳи зиёд ниёз надоранд. Онҳо худ ҳамоҳангии андешаҳои ин ду шоирро нишон медиҳанд. Сатрҳои зерини Шайхи бузургворро низ метавон ҳамоҳанг бо андешаҳои Хайём донист:
Гар одамиӣ, бодаи гулранг бихӯр,
Бар нолаи ною нағмаи чанг бихӯр.
Гар банг хӯрӣ, чу санг монӣ бар ҷой,
Якбора чу банг мехӯрӣ, санг бихӯр.
Ва:
Мо ҳосили умре ба даме бифрӯшем,
Сад хирмани шодӣ ба ғаме бифрӯшем.
Дар як дам агар ҳазор ҷон даст диҳад,
Дарҳол ба хоки қадаме бифрӯшем.
Гӯё Саъдии санҷидагӯй «Дарёб даме» гуфтани Хайёми нобиғаро ба ҷон пазируфтааст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё