Зеҳн

Хайём ва Саноӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ6 октябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Ҳаким Саноӣ ва Хайём ҳамаҳданд. Оид ба қариният дар ашъори ин ду бузургмард, дар адабиётшиносӣ ҳеч тадқиқоти кӯчаку бузурге ба чашм нарасид. Мутолиа ва муқоисаи начандон серпаҳлӯи рубоиёти ин ду тан аз он шаҳодатест, ки рубоиёти Хайём ба дасти Ҳаким расида, ӯро ба риққат оварда будааст.

Дар сатрҳои зери Саноӣ суратҳои муҷаллои Хайёмро мебинем: «Эй дил на ҳама висол бошад, хуш бош!» Ва:

Май дар каф гиру ҳар ду олам бифурӯш,
Беҳуда мадор ҳар ду олам ба фурӯш.
Гар ҳар ду ҷаҳон набошадат дар фармон,
Дар дӯзах маст беҳ, ки дар ҳулд ба ҳӯш.

Ва:

Ҳарчанд ба май хилоф дин асту раҳам,
Лекин бихӯрам, к-аз ӯ кушояд гираҳам.
Донӣ, ки ба май чарост чандон шарҳам,
То бу, ки зи хештан замоне бираҳам.

Магар санъати таъсирбахши муроҷиат (нидо) «Эй дил»-ро бомавқеъ истифода бурда, ба «хуш» гузаронидани зиндагаӣ даъват кардани Саноӣ илҳом аз Хайём нест?

Ба ин сатри Ҳаким Саноӣ диққат диҳед: «Май дар каф гиру ҳар ду олам бифурӯш». Он низ ҷӯровозӣ бо Хайём аст, ки гуфта: «Мо афсари хону тоҷи Кай бифрӯшем».

Гумон мекунем, ки дар байни сатрҳои зери Ҳаким Саноӣ ва Хайём ҳалқапайвандии қавии рӯҳӣ (ғоявӣ) мавҷуд аст.

Хайём:

Донӣ, ғаразам зи майпарастӣ чи бувад?
То ман, чу ту хештанпарастӣ накунам.

Саноӣ:

Донӣ, ки ба май чарост чандон шарҳам,
То бӯ, ки зи хештам замоне бираҳам.

Хайёмро, ки метавон дилшинос ва ғампарварди аҳли башар номид, сатре дорад, ки дар олами назм касе аз ӯ бо оҳи сӯзону афсӯс зеботар нагуфта: «К-ин мамлакати ҳусн намонад ҷовид».

Дар «мамлакати ҳусн» — замин ӯ аз Инсон ин таманноро дорад: «Бардор зи хотири азизе боре». Ва чун ба чашми сар мебинад, ки рафтори инсонҳо ба гуфторашон мувофиқат намекунад, мегӯяд:

Ҳар касе ба хаёли худ гумоне дорад,
Ман худ донам, ҳар он чи ҳастам, ҳастам.

Ҳаким Саноӣ ӯро ҷонибдорӣ карда:

То дар раҳи пиндору гумони хешем,
Осемасарону гумраҳони хешем.
Чандон ки равем, дар ниҳони хешем
В-аз омадани хеш ҷаҳони хешем.

Яқин медонам, ки ҳар мавҷуд, бахусус Инсон, аз катми адам пок ба дунё меояд. Бо мурури замон бархе, фарде ба кадом як «амри» номаълуме, ба «пайравии» кадом қабеҳе, ё бо тарбияи «падару модари» ифлосе, раҳгумкардае, бо «ҳидояти» кадом як мори бомурур ба аждаҳо табдилёфтае, ё бо таъсири «ҷомиаи» кӯрроҳе нопок мегардад.

Бузургону ҳакимон, покзабону покзодон дар пайи пешгирии ин балои азими нопокӣ мегарданд, вале нопокиву мурдорӣ ҳеч кам намешавад. Пас ку халлоқии ИНСОН, ку ТАВОНОИИ ӯ?! Доди осмонларзони Хайём аз ҳамин ҷо магар сар назада?

Пок аз адам омадему нопок шудем,
Шодон ба дар омадему ғамнок шудем.
Будем бо оби дида дар оташи дил,
Додем ба бод умру дар хок шудем.

Як даст ба мусҳафему як даст ба чом,
Гаҳ марди ҳалолему гаҳе марди ҳаром.
Моем дар ин гунбади фирӯзарухом,
На кофири мутлақ, на мусалмони тамом.

Ҳаким Саноӣ дар оҳангу мазмуни фавқ, бо ибораву ифодаҳои андак дигаре, вале дар ҳамон мазмуну рӯҳ навиштааст:

На марди саодатему на марди гилем,
На марди маему руду майхонамуқим.
Моро чӣ кунӣ ба қозию муфтӣ бим,
Дурдии харобот беҳ аз моли ятим.

Хайём ба инсонҳо то абад роз дорад. Гоҳ панд медиҳаду гоҳ панд шунидааст:

Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахӯрем
В-ин як дами накдро ғанимат шумарем...

Ва дар рубоиҳои дигараш ҳамин андешаашро тақвият медиҳад: «Ин дам, ки дар ӯем, ғанимат шумарем», «Хуш мехӯру мебош дар ин дайри сипанҷ», «Хуш бош, ки аз вуҷуд мақсуд ин аст». Ва:

Рӯзе, ки гузаштааст, аз ӯ ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,
Хуш бош кунуну умр барбод макун.

Ҳамин рубоиро дар «Осори мунтахаб»-и Ҳаким Саноӣ бо андак ҷойивазкунии калимаҳо низ дучор меоем:

Дӣ, к-аз ту гузашт, беш аз он ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Бар н-омадаву гузашта бедод макун,
Хуш бош имрӯзу умри худ ёд макун.

Ду рубоии фавқ дар як сабку қолиб эҷод гаштаанд. Ҳар ду панди ду бузурганд. Фарқи миёни онҳо хеле кам аст.

Дар сатри аввали рубоии Хайём хитоб ба Инсон (панд ба инсон) бо калимаи «рӯзе, ки гузаштааст» оғоз меёбад. Ба тавассути калимаи номуайянии «рӯзе» — дирӯз, имрӯз, пагоҳ ва ғайра (ҷамъро дар назар дошта) аз рӯзи гузашта ёд макун, гузашта дигар боз намеояд ва бо вуҷуди ҳамаи номуродиҳои зиндагӣ, нокомӣ, ахде, ки сина шикоф мекарду намак мепошид ва бӯи ҷигари сӯхта ба димоғ мерасид, хидмати бузурги инсонпарастиву ҳаётдӯстӣ карда ва тамоми заковати маънавиашро истифода бурда, қарзи инсонии худ дониста, ба ҳамзамонон ва пасиниён сидқан гуфта: «Хуш бош кунуну (имрӯзу ҳоло) умр барбод макун!»

Ҳаким Саноӣ ҳамақидаи Хайём аст. Ӯ «Дӣ, к-аз ту гузашт беш аз он ёд макун», мегӯяд. Аҷаб тасодуфе: ду сатри дигари рубоиҳои ҳарду бузургвор битамом яканд. Шояд котибе аз кайфияти он рубоиҳо ҳини кӯчониш «хиёнат» ё «диёнат» карда бошад. Шояд Ҳаким Саноӣ, ки ба Хайём эҳтироми бепоён дошта, ҳини ба эъҷоз омадан хуни хешро бо хуни Хайём омехта бошад.

Саноӣ қатъӣ дар пояи Хайём буданашро дар сатри охири рубоиаш «Хуш бош имрӯзу (Хайём: “хуш бош кунуну”) умри худ ёд макун», иброз дошта. Хайём «умр барбод мадеҳ», мегӯяд. Саноӣ «умри худ ёд макун», мегӯяд. Гумон мекунам, ки дар ин баҳсу ақида Хайёми ғаюр болотар аст.

Ин ду абармарди ҳамдил бо ғояҳои хуршедии пандомез доди сухан додаанд. Ҳарчанд ба қавли Низомулмулк ҳоле буд «ғафлат дилатро мебурду» ба гуфти Сано, «Дилҳо ҳама об гашта ҷонҳо ҳама хун».

Муҳаққиқи «Лирикаи халқи тоҷик» академик Раҷаб Амонов қисме аз рубоиётро «диладогари вазъияту шароит» номидааст, ки тамоман барҳақ аст. Гумон мекунам, ки ин рубоиҳо ҳамоҳанги ду диладогар — Хайёму Саноӣ далели он мегарданд, ки пайравии адиби тавоное кардан «роҳи татаббӯъ роҳи тақлид ё назирасароии маҳз намуда, балки як воситае будааст, ки дар он симои мустақили эҷодии шоир нигоҳ дошта мешудааст, ки тазоҳуроти як навъ таъсир ва робитаи эҷодии шоирон дар адабиёти классикии форсу тоҷик будааст».

Хайём дар як рубоиаш чунин ақидаеро пеш овардааст: инсон бояд дар ҷаҳони ҳастӣ «насиби хеш бирбояд», вагарна насиби ӯ бирбоянд дигарон, амсоли оне, ки «тоҷирони» навбаромади аз паскӯчаҳои тиҷорат нагузаштаи аҳди мо (бахусус Тоҷикистон) ҳаққи қариб ҳамаи аҳли меҳнат, беваву бечора мерабоянд.

Хайём ақидаҳои фавқашро густариш дода, савол медиҳад, ки чаро ин чархи кӯри нилӣ боре ба муроди мо намегардад:

Чун чарх ба коми як хирадманд нагашт,
Ту хоҳ фалак ҳафт шумар, хоҳӣ ҳашт.
Чун бояд мурду орзуҳо ҳама ҳишт,
Чи мӯр хӯрад ба гӯр, чи гург ба дашт.

Чунин андеша, яъне ба коми инсон ва ҳатто «як хирадманд нагаштани» фалакро дар дигар рубоиҳои Хайём низ метавон пайдо кард:

Чун кор на бар муроди мо хоҳад буд,
Андешаву ҷаҳли мо куҷо хоҳад буд?

Ба пиндори мо фикри фавқи Хайёмро Саноӣ пайгирона ҷонибдорӣ намудааст:

На чарх ба коми мо бигардад як бор,
На дорад ёр кори моро тимор.
На низ диламро барои ман ҳаст қарор,
Аҳсант эй дил, зеҳ эй фалак, нек эй ёр!

Шояд суоле пеш ояд, ки чаро Хайёмро ин қадар бузургони сухан ҷонибдорӣ карда, аз пасаш, сӯи Каъбаи дилаш ба саҷда ва зиёрат рафтаанд? Ба назарам рӯҳи бешикасти ӯ, ки фармуда:

Эй чарх, зи гардиши ту хурсанд наям,
Озодам кун, ки лоиқи банд наям...

Ба ақидаи мо ибораи «лоиқи банд наям», танзест алайҳи «чарх» ва пешсаф ва пешдаст будани Хайём дар аҳди хеш. Саноӣ з-ин рӯ дуруст гуфтааст:

Пешӣ он танро расад, к-аз илм бошад пешдаст,
Сарварӣ онро расад, к-аз ақл бошад пойдор.

Ҳамаи он волотарин сифатҳоеро, ки Саноӣ зикр кардааст, Хайём доро буд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2