Зеҳн

Мулло Маҳмуд

АГ
Агенти Зеҳнӣ6 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Мулло Маҳмуд, фарзанди Мулло Абдумуқим, соли 1913 дар деҳаи кӯчаке бо номи Панӣ чашм ба олам кушода, соли 1976 дунёи зиндагонро видоъ кардааст.

Мулло Маҳмуд инсони чеҳракушод, чорпаҳлу ва тануманде буд ва суҳбату каломи ширин дошт. Ҳар нафаре, ки як бор дар маҳфили ӯ ҳузур меёфт, орзуи бори дигар ҳамнишин шудан бо ӯ дар дилаш пайдо мешуд. Аксари суханони Мулло Маҳмуд аз ҳикмату панд, масъалаҳои ахлоқӣ, муҳаббат ба дину имон, ғамхорӣ ба ятимону ғарибон ва мавзуъҳои муҳими зиндагӣ иборат буданд.

Ӯро мардуми диёр — зану мард, хурду калон — ҳурмату эҳтиром мекарданд, чунки дар ҳақиқат лоиқи эътимоду эҳтиром буд. Ӯ гоҳ бо суханҳои шаккаринаш шодиҳои рафтаро ба дилҳо бозмеовард, гоҳ бо гиряҳои ҳузномезаш қалбҳои сахту сангинро нарму мум мекард. Ин яке аз нишонаҳои латифтабиатӣ, нуктадонӣ ва бузургии ӯ буд. Чунонки Мавлоно Ҷомӣ мегӯяд:

Бурун созам зи дил рози ниҳонро,
Бигирёнам, бихандонам ҷаҳонро.

Он гиряву ханда дар маҳфили Мулло Маҳмуд мавҷуд буд. Дар ҳозирҷавобӣ, нуктадонӣ, мавқеъшиносӣ ва бамаврид баён кардани калом назир надошт. Дарку фаҳми фавқулодаи баланди ӯ дар маънифаҳмӣ, таҳлили шеър ва ҳалли масъалаҳо атрофиёнро дар ҳайрат мегузошт ва обрӯяшро рӯз аз рӯз дар диёр боло мебурд.

Ҳатто ривоят ҳаст, ки рӯзе устодаш ба ӯ аз куллиёти Ҳофиз сабақ медод. Мулло Маҳмуд сабақро чунон мукаммал ва ҷузъ ба ҷузъ шарҳ дод, ки аз чашмони устод ашк ҷорӣ шуд. Ин ашк, ҳарчанд метавонист сабабҳои гуногун дошта бошад, пеш аз ҳама аз ифтихору шодмонӣ ва сарбаландӣ аз доштани чунин шогирди боистеъдод буд.

Баъди ин воқеа устод ба Мулло Маҳмуд рӯй оварда гуфт:

— Акнун ту аз омӯзондану фаҳмондан ва шарҳи ман бениёз ҳастӣ ва ман дар муқобили илму дарки ту таслим ҳастам.

Бо ин тарз аз устод сабқат карда бошад ҳам, Мулло Маҳмуд хоксорӣ мекард ва устоди худро чунонки мебоист, эҳтиром менамуд. Ин ҷо воқеае шабеҳ ба қонуни ҷозибаи ишқ шакл пазируфт:

Ишқи шӯрангез шӯхӣ карду шуд шогирди ақл,
Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро…

Ишқ ҳосили хабир будан аз ҷамол аст. Ва ташхису муоинаи камолу ҷалолу ҷамол марбут ба ақл аст. Дар аввал ниҳоли муҳаббат тавони реша давонданро аз идрок дарёфт мекунад. Дар охир ақл як қатраи гумшуда дар баҳри ишқ мегардад:

Басо ақли зӯровари чирадаст,
Ки савдои ишқаш кунад зердаст.

Саъдии Шерозӣ

Ҳамчунин, орифоне, ки файзи азал ба онҳо расидааст, дар зоҳир суратанд, вале дар ботин баҳрҳои маърифати сифоту зот. Мулло Маҳмуд низ олими орифе буд, ки дар дилҳои дӯстону пайвандон, бастагону бегонагон барои худ манзилу ҷойгоҳи хос касб карда буд.

Ҳеҷ чашмае, ки тарашшуҳаш аз азал насиб гаштааст, бе қатра намемонад.

Маълум нест, ки аввалин шеърҳои Мулло Маҳмуд дар чандсолагиаш ба варақ нақш гардидаанд. Вале тибқи ривояти куҳансолон, ӯ нахустин бор дар 25-солагӣ баъзе аз ашъори пурмуҳтавояшро дар ихтиёри пайвандон гузоштааст.

Маънии баланд, ҷаззобияти калом, равониву дилпазирӣ ва зарофатгӯиҳо гувоҳи онанд, ки ин шоири бузург яке аз мардоне мебошад, ки Худованд ба ӯ истеъдоди нодир, дили бузургу виҷдони солим, ақли баркамолу зеҳни тез, хаёли дурпарвозу нигоҳи борикбин ва фаҳми дақиқ арзонӣ доштааст.

То ҳол ҳикоятҳо дар бораи илҳоми ҳамешагии ин марди номдор вирди забони бузургсолони деҳаанд. Ин шоири борикандеш аз касоне набуд, ки барои эҷоди шеър фурсат интизор шавад. Балки шеърро чунон эҷод мекард, ки гӯё онро пештар аз ёд карда бошад.

Ҳар бузургеро, ки раҳ паймуд, рафт хоре ба по.

Мулло Маҳмуд низ чун дигар бузургон аз имтиҳони тақдир канор набуд. Ӯ дар хурдсолӣ аз падар ятим монд. Босмачиён Мулло Абдумуқим — падари меҳрубони шоирро — бар асари фитнаангезию иғво ва туҳмати баъзе пастфитратон бераҳмона ва ноҷавонмардона аз пушт тир зада, ба қатл расонданд.

Аз он замон айшу фараҳу шодӣ хонадони шоирро падруд гуфт ва айёми сахтиҳо фаро расид. Дар он вақт Мулло Маҳмуд, ки фарзанди нахустини падар буд, 11 сол дошт. Ӯ бо ду хоҳару як бародари худ аз дасти навозиши падар маҳрум монд.

Чӣ қадар мушкил аст дар як замони ҷангу ҷӯш аз даст додани шоҳсутуни хона — падари бузургвор, хоса дар айёми кӯдакӣ, ки ҳар фарзанд ба тарбияту саробонии падар муҳтоҷ аст!

Ман он гаҳ сари тоҷвар доштам,
Ки сар дар канори падар доштам.
Агар бар вуҷудам нишастӣ магас,
Парешон шудӣ хотири чанд кас.

Саъдии Шерозӣ

Оре, дигар он тоҷи салтанат аз сари шоир ва бародару хоҳаронаш бардошта шуд. Дигар ҳатто бо озор додани онҳо ҳам хотири касе парешон намешуд. Бо ҳамин мусибатҳои шоир ба поён нарасиданд.

Бо мурури замон Мулло Маҳмуд оила барпо намуд. Вале хушбахтӣ ва оромиши шоир ба дарозо накашид. Чун ҳодисоти қабл, боз ғамҳои пайдарпай гиребонгири ӯ гардиданд. Ин навбат Мулло Маҳмуд бо амри тақдир чанде аз ҷигаргӯшагони худро аз даст дод. Осори ин аламҳо дар ашъораш ошкор аст. Ин мисраъҳои оташин баёнгари он доғҳо, ҷигари кабобу ҳоли харобанд:

Сад ҳазорон доду фарёде, ки аз дасти аҷал,
Ин ҷигарбанди маро фармуд марги бемаҳал.
Шуд насиби қисматаш ғамбода аз рӯзи азал,
Бе ризои Ҳақ набошад тори мӯеро халал.
Гӯё тире ба ман баҳри зиён андохтӣ…

Аз хати тақдир роҳи гурез нест. Инсон хоҳ сарватманд бошад, хоҳ оқилу ҷоҳил ва хоҳ олиму омӣ, аз он раҳоӣ надорад. Ин равиши чархи каҷрафтор аст: бо аҳли вафо вафо накардан, ошиқонро аз маъшуқон дур андохтан, падарро аз писар, бародарро аз хоҳар ва дилбаронро аз дилдодагон ҷудо кардан. Мулло Маҳмуд ин маъниро дар байти зерин чунин хулоса мекунад:

Дар ҷаҳони бевафо ҳаргиз намонад кас баъид,
Дод аз дасти аҷал, зулме ба ҷон андохтӣ.

Мардони некӯ аз дида ба дил сафар мекунанд.

Агарчи имрӯз офтоби ҳаёти Мулло Маҳмуд ғуруб кардааст, партави андешаҳояш дар дилҳо боқист ва мақому манзалаташ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Ёди он фарзона аз дили соҳибдилон ҳаргиз нахоҳад рафт…

Мазори ӯ дар хок асту мақомаш дар дилҳои пок. Назму маънавиёти беназираш ӯро зинда нигоҳ медоранд. Аз Мулло Маҳмуд ду духтар ва як писар дар қайди ҳаёт ҳастанд. Чунонки Шайх Саъдии Шерозӣ мефармояд:

Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.

Муаллиф: Фозили Ҳафткӯлӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2