Табрикот «Зодрӯз муборак!»
Апаи азиз, «Ном» ва дугонаи арҷманд, «Ном»!
Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз ҳама, умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем. Бигузор ҳамеша зебою кушодачеҳра дар ҷамъи ҳамкорони мо бимонед.
Аз даргоҳи Офаридгор талаб менамоем, ки ҳамеша шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад. Мо ҳама шуморо дӯст медорем!
Бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат,
ҳамкоронатон «Ном» ва «Ном».
Муаллимаи азиз, «Ном»!
Шуморо ба муносибати ин санаи мубораки умратон таҳният гуфта, хоҳони бахту саодат, хушрӯзӣ ва саломатиятон ҳастам. Бигузор хуршеди толеатон партавафшон ва баҳори умратон бехазон боқӣ монад.
Хушо, хуршеди умрат ҷовидон бошад,
Сари болои ту то Каҳкашон бошад.
Бо эҳтиром,
шогирдатон «Ному насаб».
Устоди азиз, «Ном»!
Шуморо бо ҷашни «синну сол»-солагиатон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолиятатон комёбиҳои беназирро таманно дорам.
Бигузор ҳамеша чун кӯҳҳои Помир сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шуҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор бошед! Ҳеҷ гоҳ бахт ва Хизр кошонаи шуморо тарк насозанд!
Бо эҳтиром,
шогирдатон «Ному насаб».
Дӯсти гиромӣ, «Ном»!
Туро бо ҷашни фархундаи мавлудат сидқан шодбош мегӯям. Таманно дорам, ки дар таҳсил ва зиндагӣ ҳамеша муваффақ бошӣ. Аз Худованд талаб менамоям, ки бароят умри дарозу бахти накӯ арзонӣ дорад. Сарбаланд бош!
Бо эҳтиром,
дӯстат «Ному насаб».
«Ном»-и азиз!
Мавлуди хуҷастаатро аз самими қалб таҳният мегӯям. Аз даргоҳи Офаридгори пок хоҳонам, ки ҳамеша чун имрӯз зебою ҷавон ва нерӯманду саломат бимонӣ. Таманно дорам, ки хуршеди ҷаҳоноро доимо бар сарат нурафшонӣ кунаду дасти каму рӯзи ғамро набинӣ.
Чу Саъдӣ пир гардӣ, кам набинӣ,
Чу Ҳофиз шод бошӣ, ғам набинӣ.
Чу Ҷомӣ оқилу фархунда бошӣ,
Чу Сино дар дилу дар дида бошӣ.
«Ном»-и хушрӯяку дӯстрӯяки мо!
Яксолагиатро бо як ҷаҳон орзую умед табрик гуфта, аз Яздони пок бароят ширинтарин лаҳзаҳои кӯдакиро таманно дорем. Орзу мекунем, ки:
Нигаҳбонат Худо бошад,
Паноҳат Мустафо бошад.
Ҳабибат ҷилди Қуръону
Ҳаётат босафо бошад.
Бо меҳру муҳаббат,
«Ном ё номҳо».
«Ном»-и зебо, илоҳо, бахт ёрат бод,
Илоҳо, то абад ёрат дар канорат бод.
Илоҳо, ҳар ду хушбахти замину осмон бошед,
Ҳар он чӣ дар ҷаҳон хуб асту зеботар, ҳамон бошед.
Беҳтарин садои зиндагӣ тапиши қалби туст. Эй офтоби нозанини зиндагӣ, ҳамеша дурахшон бимон. Зодрӯзат муборак, модар!
Муборак зодрӯзат, модари ҷон,
Набинад ғам вуҷудат, модари ҷон.
Танат бедард боду хотират шод,
Ки ман гӯям дурудат, модари ҷон.
Аз самими қалб ва бо эҳтиром,
фарзандатон / фарзандонатон «Ном ё номҳо».
Имрӯз беҳтарин рӯз аст, чун Худованд беҳтарин фариштаашро офарид, то модари ман бошад.
Зеботарин фариштаи осмони ман! Худованд туро офарид, то модари ман бошӣ. Ман ифтихор мекунам, ки чунин модаре дорам — модаре, ки ҳар қадар бихоҳам ӯро тавсиф кунам, калимаҳо ёриям намекунанд.
Зодрӯзат муборак, модари меҳрубонам!
Аё модар, лабат дар ханда бошад,
Гули рӯят моҳи тобанда бошад.
Барои заҳмате бар мо кашидӣ,
Ба поят сар ниҳем, арзанда бошад.
Аз самими қалб ва бо эҳтиром,
фарзандатон / фарзандонатон «Ном ё номҳо».
Ба поси фидокориҳои бечашмдоштат, ба поси ҳамаи дардҳову ранҷҳое, ки ба танҳоӣ бар дӯш кашидӣ ва ишқи бузурге, ки арзониям доштӣ, барои ту менависам. Барои ту, ки солҳои ҷавоният дар обилаи дастонат пинҳон шудаанд ва бар лабҳоят муҳри сукут хӯрдааст.
Дастонатро бар рӯям бикаш. Мехоҳам дуруштии онҳоро ламс кунам, то шояд аз заҳматҳое, ки бароям кашидаӣ, ҳикоят кунанд. Падар, то ҳол ҳар чӣ доштаам, аз ту будааст. Барои доштаҳои дирӯзу имрӯзам аз ту сипосгузорам.
Зодрӯзат муборак ва рӯзат гиромӣ бод, падарҷон!
Бо эҳтироми самимӣ,
фарзандатон / фарзандонатон «Ном ё номҳо».
Падар, эй чароғи хона, марди дарё, марди дилҳо! Бо ту зиндагӣ боғест, бе ту сарду зиндон. Ҳар чӣ дорам, аз ту дорам. Туӣ баҳори орзуҳо. Ҳанӯз ҳам агар дастамро нагирӣ, аз по меафтам…
Падар, зодрӯзат муборак!
Аз ёди айёми зебое, ки гузашт, кунҷи қалбам гарм аст! Орзуям ҳама сарсабзии туст. Танат солиму рӯҳат шодоб бошад. Ҳар он чӣ шоистаи туст, бароят хоҳонам. Дили якдонаат сабзу баҳорӣ ва рӯзгорат хуш бод.
Зодрӯзат муборак, «Ном», хоҳари / апаи меҳрубонам!
Рӯзи таваллуди ту — рӯзи нигоҳи борон
Бар шӯразори ташна, бар ин дили биёбон.
Рӯзи таваллуди ту гӯё пур аз хаёл аст,
Ёсу кабутару бод дар ҳайрати ту хоб аст.
Бо самимият ва эҳтироми беандоза,
хоҳарат / апаат «Ном».
Азизтар аз ҷонам, «Ном»!
Зебоии ишқ, покии садоқат, авҷи меҳрубониву ниҳояти оромиш… Ин ҳама дар канори ту бароям маънӣ пайдо кардааст. Ту қалбе ба бузургии дарёву рӯҳе ба вусъати осмонҳо дорӣ. Умедворам, ҳамеша шодоб, хандону солим бошӣ.
Зодрӯзат муборак, эй ишқам!
Ҳар субҳ туро сафо расонад,
Ҳам давлати бебаҳо расонад.
Бар рӯзи таваллудат, азизам,
Сад бори дигар Худо расонад.
Бо эҳтироми беҳудуд,
ошиқи шайдоят «Ном».
Салому дуруди бепоён, дӯстам «Ном»!
Шуморо бо рӯзи мавлудатон аз самими қалб табрик намуда, бароятон тамоми хушиҳои оламро таманно дорам. Бигузор дар қалбу забонатон номи Худованди бузург ҳамеша садо диҳад ва Қуръон дар гуфтору кирдоратон раҳнамо бошад.
Бигузор нури имон рӯҳу ҷонатонро равшанӣ бахшаду имонатон қавитар гардад. Ҳамеша дар паноҳи Худованди меҳрубон бошед.
Аз даргоҳи Худованд бароятон тансиҳатӣ, хонаободӣ, осмони соф, хушбахтӣ ва умри дароз хоҳонам. Мавлудатон муборак бошад, дӯстам!
Бо эҳтироми беҳудуд,
дӯстатон «Ном».
Эй дӯсти азиз, ҷашни зодрӯз муборак,
Ин рӯзи хуҷаставу дилафрӯз муборак.
Муборак зодрӯзат бошад, эй дӯст,
Ситора бар сарат гул пошад, эй дӯст.
Бо камоли эҳтиром,
дӯстат «Ном».
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё