Усули пурсиш дар тадқиқоти сотсиологӣ.
Пурсиш усули гирдоварии иттиилооти иҷтимоӣ оиди объекти омӯхташаванда мебошад, ки дар рафти муоширати бавосита (бо саволнома) ё бевосита (бо мусоҳиб) - и иҷтимоӣ - равоншиносии ҷомеашинос ва посухдиҳанда иттилощт бо роҳи бақайдгирии ҷавобҳо ба низоми саволҳо тибқи ҳадафу вазифаҳои тадқиқот ба даст меояд. Пурсиш дар тадқиқоти сотсиологӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Таъиноти асосии пурсиш дар тадқиқоти сотсиологӣ дар он мебошад, ки иттилооти иҷтимоӣ оиди ҳолати афкори ҷамъиятӣ, гурӯҳӣ, дастаҷамъӣ, инфиродӣ ва инчунин оиди далелҳо, ҳодисаҳо, баҳоҳои марбут бо ҳаёту фаъолияти посухдиҳандагон ба даст оварда шавад. Аз рӯи ҳисоби як зумра олимони ҷомеашинос ба воситаи пурсиш 70 % иттилоот гирд оварда мешавад.
Пурсиш усули асосии омӯзиши масъалаҳо оиди шуури одамон мебошад. Ин усул бахусус дар таҳқиқи ҷараёнҳо ва ҳодисаҳои иҷтимоӣ мушоҳиданашаванда, дар ҳолате, ки соҳаи омӯхташаванда бо иттилооти санадӣ пурра таъмин нашудааст, истифода бурда мешавад. Пурсиш дар фарқият аз усулҳои дигари тадқиқоти сотсиологӣ имконият медиҳад, ки ба воситаи низоми саволҳои расмӣ на танҳо ақидаи шахсии посухдиҳанда, балки ҳолати рӯҳӣ, сохтори тафаккури ӯро фаҳмида, таъсири лаҳзаҳои гувоҳӣ ба рафтори ӯ муайян карда шаванд ва ғайра.
Аксарияти ҷомеашиносон дар он ақидаанд, ки пурсиш усули оддитарин ва дастрастарини гирдоварии иттилооти ибтидоии сотсиологӣ мебошад. Осонӣ, дастрасӣ, фаврӣ ва камхарҷӣ пурсишро нисбат ба дигар усулҳои тадқиқоти сотсиологӣ маъмултар мегардонанд, аммо дар асл оддигӣ ва дастрасии пурсиш танҳо ба чашм метобад. Масъалаи асосӣ на дар гузаронидани пурсиш аст, балки бояд маълумотҳои босифат ба даст оварда шаванд. Барои ин шароитҳои зарурӣ ва риояи талаботҳои муайян зарур мебошанд.
Вобаста аз тарзҳои муоширати тадқиқотчӣ ва посухдиҳанда саволнома намудҳои зеринро дорад:
- Саволнома ба воситаи матбуот (саволнома дар рӯзнома, маҷалла ва китоб чоп мешавад);
- Саволнома ба воситаи почта (саволнома бо почта фиристонда мешавад);
- Саволнома бо роҳи тақсимкунии саволнома ба посухдиҳандагон.
Дар ду ҳолати аввал пурсиш бо таври ғоибона, яъне бе муоширати бавоситаи ҷомеашинос бо посухдиҳанда гузаронида мешавад. Дар ҳолати сеюм пурсиш ба таври рӯбарӯшавӣ бо ҷомеашинос, ки ӯ ба сифати дастурдеҳу тақсимкунандаи саволнома муаррифӣ мешавад, гузаронида мешавад. Аммо посухдиҳанда ба саволҳо мустақилона ҷавоб медиҳад (саволҳоро пур мекунад).
Аз рӯи ҷои саволдиҳӣ пурсиш дар ҷои истиқомат ва дар ҷои кор (таҳсил) гузаронида мешавад. Дар ҳолати якум пурсиш ба таври инфиродӣ, дар ҳолати дуюм – ба таври гурӯҳӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми пурсиши инфиродӣ вақт бисёртар сарф мешаваду сифати пур кардани саволнома баландтар таъмин карда мешавад, интихоби посухдиҳандагон мувофиқтар буда, ҳамаи саволномаҳо баргардонида мешаванд. Ҳангоми пурсиши гурӯҳӣ бояд диққати махсус ба талабот нисбати ҷои пурсишгузаронӣ дода шавад (ҳуҷраи пурсиш бояд алоҳида бошад, ҳар гуна садо ва зангҳо ва шахсони бегона бояд халал нарасонанд; ҳуҷра равшан бошад, қаламу ручка таъмин бошад ва ғайра). Ҷомеашинос бояд сӯҳбати муқаддимавӣ гузаронад, дастур диҳад, бо сарсухани саволнома шинос намояд. Гурӯҳ набояд аз 30 - 40 кас зиёд бошад ва давомнокии пур кардани саволнома набояд аз 45 - 60 дақиқа зиёд тӯл кашад. Амалия нишон медиҳад, ки сабаби хатогиҳои асосии пур кардани саволномаҳо дастурдиҳии нодуруст мебошад. Дар ин ҷо ҳатто ҳаракат, имову ишора, тарҳи рӯй ва овоз таъсир расонда метавонад, яъне посухдиҳандагон ба дараҷае ба муносибати худи ҷомеашинос ба саволнома тақлид мекунанд.
Пурсиш метавонад пурра ё қисман аз рӯи андоза (стандарт) гузаронида шавад, яъне саволҳо метавонанд пӯшида ё нимпӯшида бошанд. Ба сифати ҳуҷҷати асосии пурсиш саволнома истифода бурда мешавад. Саволнома аз рӯи сохтор маҷмӯи саволҳое мебошад, ки ҳар яке аз онҳо бо вазифаҳои методологӣ ва амалиёти тадқиқот алоқаманд мебошад. Робитаи табиӣ бо барномаи тадқиқот ва риояи шартҳои муайян саволномаро ба олоти бовариноки гирдоварии иттилооти ибтидоии сотсиологӣ табдил медиҳад. Дар байни ин шартҳо – зарурати асоснокии ҳадафи истифодабарии пурсиш, ки барои таъмини ҷамъ намудани иттилооти лозимӣ, ба даст овардани иттилооти боваринок, ки ҷиҳатҳои гуногуни объекти омӯхташавандаро инъикос менамояд; дарёфт намудани маълумотҳои устувор, ки дар шароитҳои монанд ҳангоми тадқиқотҳои такрорӣ аз нав гирифта мешавад.
Саволнома аз чунин қисматҳо иборат аст:
- Қисми муқаддимавӣ;
- Қисми асосӣ;
- Қисмати «шиноснома».
Инчунин ҷойгирии саволҳо, тарзи саволгузорӣ ва ороиши саволнома ҳам таъсир менамоянд. Дар пешварақи саволнома ҳатман бояд номи муассисаи тадқиқотӣ, мавзӯъ, масъалаҳои пурсиш, ҷой ва соли чоп дарҷ карда шуда бошанд. Саволҳо ва ҷавобҳоро зарур аст бо ранг, чорчӯба, шрифт ва нишондиҳандаи фарқкунанда ҷудо бояд кард. Матни саволнома бояд осонфаҳм бошад. Мумкин аст барои ин ҳар гуна нақшаҳо, расмҳо, ҷадвалҳо истифода бурда шаванд, то ки таваҷҷӯҳи посухдиҳанда зиёдтар шаваду шиддатнокӣ бардошта шавад.
Дар қисми муқаддимавӣ мақсадҳо ва вазифаҳои пурсиш, аҳамият ва истифодабарии натиҷаҳои он, зарурати самимияти ҷавобҳо барои ба даст овардани маълумоти эътимодноки пурсиш шарҳ дода мешаванд. Матни ғайриоддие тайёр кардан лозим аст, ки дар он муҳим будани худи тадқиқот ва қоидаҳои пур кардани ҷавобҳо фаҳмонда мешавад, то ки посухдиҳанда аз аввал рӯҳан омода бошад. Нишон дода мешавад, ки пурсиш беғаразона аст ва ному насаби посухдиҳанда дар ягон ҷо ба қайд гирифта намешавад. Тарзи пур кардани саволномаро ҳам дар аввал ва ҳам дар дохили матни саволҳои алоҳидаи қисми асосии пурсишнома фаҳмондан мумкин аст.
Қисми асосии пурсишнома аз саволҳои мувофиқи мақсадҳо ва вазифаҳои тадқиқотбуда иборат мебошад. «Шиноснома» саволҳои марбутаро оид ба ҷиҳати иҷтимоӣ - демографӣ ва дигар тавсифоти посухдиҳандаро дар бар мегирад. Чун қоида, «шиноснома» дар охири саволнома ҷой дода мешавад. Одатан, дар охир ба посухдиҳанда барои ҳамкориаш изҳори миннатдорӣ баён карда мешавад. Дар сурати дар аввали саволнома ҷой додани «шиноснома» дар дили посухдиҳанда шубҳа пайдо мешавад ва ӯ ба ҷомеашинос бовар намекунад ва ба саволҳо мушаххасан ҷавоб надоданаш мумкин аст (ҳатто умуман хоҳиши ҷавоб надодан изҳор мекунад).
Ҳангоми тартиб додани саволнома зарур аст, ки талаботҳои дар амалия санҷидашударо ба инобат гирем. Пеш аз ҳама ин ба тарзи баёни саволҳо дахл дорад. Ҳангоми баёни саволҳо ҷомеашиноси ҷавон ба чунин хатогиҳо роҳ дода метавонад: - Саволҳои аз ҳад зиёде, ки худбаҳодиҳии донишҷӯ қобилиятҳои посухдиҳандаро қайд мекунад. Чунин саволҳоро ба миқдори кам ҷой додан мумкин, аммо боз лозим аст, ки ба таври дигар дурустии онҳоро санҷидан мумкин бошад ва чунин саволҳо набояд асоси пурсишнома бошанд;
- Хеле зиёд будани ҷавобҳои имконпазир (то 20 - 25 ҷавоб ба як савол). Дар чунин ҳолат посухдиҳанда саргаранг мешавад. Ба як савол аз 7 - 9 ҷавоб зиёд набошад, бояд ҷавобҳои озод ҳам ҷой дошта бошанд;
- Набудани саволҳои санҷишӣ (бо тарзи баёни дигар) бо гурӯҳбандӣ алоқаманд набудани саволҳо ва аз ҳақиқат дур будани ҷавобҳо.
Ҷомеашиносони таҷрибанок пешниҳод менамоянд, ки саволҳои саволнома мисли саволҳои имтиҳонӣ баён карда шаванд, яъне вазифа, супорише дошта бошанд, таҳлили ҳолатеро талаб кунанд, ки ҳалли онҳо аз посухдиҳанда истифодабарии маълумотҳои муайян, шиносонӣ бо ҳодисаҳо ва шахсони мушаххас малакаҳои лозимро талаб мекунанд. Барои мисол, ҳангоми фаҳмидани хабардории одамон аз ҳаёти байналхалқӣ на танҳо рӯйхати сиёсатмадорон пешниҳод карда мешавад, инчунин рӯйхати олимон, санъаткорон, варзишгарон ва ғайра.
Барои фаҳмидани дараҷаи инкишофи ҳисси зебоипарастии одамон дар саволҳои озод пешниҳод карда мешавад, ки посухдиҳанда номи 3 - 5 нафар рассомон, бастакорон ва нависандагони машҳури муосирро нависанд. Хеле муҳим аст, ки бетарафии саволнома таъмин карда шавад. Ҷомеашинос дар саволнома бояд саволҳое гузорад, ки ба намудҳои рафтори бонуфуз ва маҳкумшаванда, манбаъҳои даромади иловагӣ, муносибат ба ин ё он ҳодисаҳои тунду тез ва ғайра бахшида шудаанд. Дар ин ҳолат мумкин аст, ки дар савол бетарафӣ баён карда шавад. Барои мисол «Ба фикри шумо хислатҳои зерини рафтор ба аксарият ё ба аққалияти атрофиён хосанд?». Самаранокии пурсишро сохтори он муайян месозад. Сохтори пурсиш аз се давра иборат аст, ки ҳар яки он хусусияти худро дорад. Давраҳои асосии пурсиш мутобиқшавӣ, ноилшавӣ ба мақсад ва бардоштани шиддатнокии муошират мебошад.
Барои тартиб додани саволнома гузаронидани пурсиши таснифоти саволҳо аз рӯи асосҳои гуногун аҳамияти хеле муҳим дорад.
Вобаста аз муносибат ба мақсади тадқиқот саволҳои барномавӣ - мавзӯӣ (мазмундор, натиҷабахш) ва саволҳои амалиявӣ (вазифавӣ) дида мешаванд. Аз рӯи ҷавобҳо ба саволҳои барномавӣ оиди ҳодисаҳои омӯхташаванда ва объекти иҷтимоӣ хулосаҳо бароварда мешаванд. Саволҳои гурӯҳи дуюм ба амалияи пурсиш мусоидат намуда, боиси ба даст овардани иттилооти босифат мегарданд.
Вобаста аз мазмуни предметӣ саволҳо намудҳо зеринро доранд:
- Саволҳо оиди далелҳо;
- Саволҳо оиди донишҳо;
- Саволҳо оиди ақидаҳо;
- Саволҳо оиди майлу рағбат;
- Саволҳо оиди сабабҳои рафтор ва ғайра.
Саволҳо оиди далелҳо дар бораи вазъи демографӣ (синну сол, оиладорӣ, баромади иҷтимоӣ, ҷинсият, миллат, маълумот, диндорӣ ва ғайра), муҳити атроф, баромади иҷтимоӣ (ба мисли «Оинаи нилгун доред?»; «Ин моҳ ба театр рафта будед?» ва ғайра) иттилоот ҷамъ менамояд. Вақте, ки сухан оиди далелҳои замони гузашта равад, лозим аст, ки ҳолати воқеаи рӯйдодаро ба хотир оварад.
Саволҳо оиди донишҳо бояд рӯирост дода нашаванд («Оё шумо медонед…?»), лозим аст, ки якчанд саволҳо аз рӯи ҷанбаҳои ҷудогонаи масъалаҳо ва матнҳои гуногун оварда шаванд.
Аз рӯи вазифаҳо саволҳои аз ғалбер гузаронидашуда, назоратӣ, нишондиҳанда ва вазифаӣ - равоншиносӣ мешаванд. Саволҳои аз ғалбер гузаронидашуда барои аз маҷмӯи саволҳо ба таври мушаххас ҷудо кардани ягон намуд дода мешаванд. Масалан, «Оё шумо бо варзиш машғул ҳастед?», ба мусбӣ ҷавоб додагон саволи «Бо кадом намуди варзиш машғулед?» дода мешавад.
Саволҳо вазифавӣ – равоншиносӣ барои бардоштани шиддатнокии муошират, гузариш аз як мавзӯъ ба мавзӯи дигар, пайдо кардани иқлими хуби муносибати пурсанда ва посухдиҳанда заруранд. Ҳамчун кӯпруки байни мавзӯъҳо ифодаи «ҳоло ба якчанд саволҳо оиди ….. мегузарем» истифода бурда мешавад.
Таъиноти саволҳои назоратӣ - санҷишӣ набудани зиддиятҳои мантиқӣ, эътимоднокӣ, самимият ва саҳеҳияти ҷавобҳои посухдиҳанда мебошад. Ба ин бо роҳи тарзҳои дигар баён кардани ин ё он масъала ба воситаи якчанд саволҳо, инчунин овардани саволҳое, ки ҷавобҳои онҳо пешакӣ хеле хуб маълум аст, ноил шудан мумкин аст.
Аз рӯи дараҷаи намунавӣ саволҳо пӯшида, нимпӯшида (нимкушода) ва кушода мешаванд.
Дар саволҳои пӯшида якчанд ҷавобҳои имконпазир пешниҳод карда мешаванд. Дар аксарияти саволномаҳо ҷавобҳои пӯшида оварда мешаванд. Ин имконият медиҳад, ки саволнома бисёртар пур карда шавад, ба рамздарории ҷавобҳои посухдиҳандагон дар МЭҲ баъди пурсиш таъмин шавад, ҷавобҳоро аз рӯи мавқеъҳои пешакӣ ба нақша гирифташуда ҷо ба ҷо гузоранд. Аммо ин бартарии саволҳои пӯшида на ҳама вақт ва на дар ҳама ҳолатҳо дуруст аст. Ҷавобҳои пешниҳодшуда бо тасаввуроти посухдиҳандагон мумкин аст мувофиқ набошад ё мумкин аст нопурра бошад (бахусус, ҳангоми набудани пурсиши пешакии санҷишӣ). Саволҳои пӯшида якчанд намуд доранд: дихотомӣ («ҳа» – «не»), алтернативӣ ва «саволҳо – меню».
Дар саволи дихотомӣ посухдиҳанда метавонад аз ду ҷавоби додашуда яктояшро интихоб кунад, розигӣ ё норозигии худро изҳор кунад.
Фарқияти саволи алтернативӣ аз дихотомӣ дар он аст, ки ҷавобҳо дар саволҳои алтернативӣ бар истиснои якдигар оварда шудаанд. Яке аз намуди саволи алтернативӣ саволи ҷадвалдор (шкаладор) мебошад, ки посухдиҳанда фикр (рафтор, баҳо) - и худро мувофиқи яке аз тақсимоти ҷадвали пешниҳодшуда қайд мекунад. Дар он имконияти якбора интихоби якчанд ҷавобҳо вуҷуд надорад. Дар «саволҳо – меню» посухдиҳанда якчанд ҷавобҳоро интихоб мекунад. Мисол «кадом маҷаллаҳоро Шумо мунтазам мехонед?» - ҷавобҳо: «Тоҷикистон», «Фирӯза», «Ҷомеа ва зан», «Мактаб ва ҷомеа», «Фарҳанг» ва ғайра мумкин аст миқдори ҷавобҳо маҳдудтар бошад.
Дар амалияи тадқиқотҳои сотсиологӣ инчунин саволҳо – муколама дучор мешаванд, дар онҳо гуфтугӯи шахсони тасаввуротӣ оварда мешавад.
Ҳангоми ҷавоб додан ба саволҳои пӯшида хеле муҳим аст, ки ба посухдиҳанда имконият дода шавад, то ҷавобҳои додашударо рад кунад, аз ин рӯ, чунин ҷавобҳо оварда мешаванд: «мушкил аст гуфтан», «дар хотир надорам», «намедонам». Чунин ҷавоб ӯро водор месозад, ки ба пурсиш бовиҷдонона муносибат намуда, ба саволе, ки ӯро намефаҳмад, ҷавоб надиҳад. Ҳамаи саволҳо ва ҷавобҳо бояд дар як тарафи саҳифа ҷой дода шаванд.
Агар ҷомеашинос ба худ боварӣ надорад, ки ҳамаи ҷавобҳои имконпазирро овардааст, пас ӯ саволи нимпӯшида медиҳад. Фарқияти саволи нимпӯшида аз пӯшида дар он аст, ки ба посухдиҳанда имкон дода мешавад ба таври иловагӣ мустақилона ҷавобашро мувофиқи фикру баҳои худ диҳад. Агарчанде чунин ҷавобҳои иловагӣ кам бошанд ҳам, баъзеи онҳо барои ҷомеашинос маълумотҳои пурарзиш ва аҷоиб медиҳанд.
Дар саволҳои кушода пешакӣ ягон ҷавоби имконпазир дода намешавад. Онҳоро худи посухдиҳанда мегӯяд (менависад) ё мусоҳиб аз ҷавоби ӯ менависад. Бартарии саволи кушода дар он аст, ки таъсири тадқиқотчӣ ба посухдиҳанда хеле кам мешавад, хусусиятҳои тафаккур ва забони посухдиҳанда нигоҳ дошта мешавад ва ин имкон медиҳад, ки сатҳи хабардории посухдиҳанда, афкори шахсии ӯ фаҳмида шавад. Ҷавобҳои саволҳои кушода маводи хеле қиматбаҳо медиҳанд, ки на танҳо ҳангоми тадқиқоти масъалаҳои сиёсӣ, инчунин дар сотсиологияи фарҳангу забон истифода бурда мешаванд.
Аз тарафи дигар, саволҳои кушода коркарди маводро мушкилтар месозанд, миқдори фоизи ҷавобҳои додашуда зиёд шуданаш мумкин аст.
Мусоҳиба ҳамчун як намуди хосаи пурсиш чун қоида дар давраи омодагии пурсиши оммавӣ бо мақсади муайян кардани соҳаи тадқиқот ва ба шаклдарории саволҳо ва ҷавобҳо дар саволнома, гардонидани маълумотҳо аз омори оммавӣ, инчунин пурсиши мутахассисон истифода бурда мешавад. Ғайр аз ин мусоҳиба ҳамчун як намуди тадқиқоти корхонаҳои сохторашон мураккаб ё ҳангоми таҳқиқи истеҳсолоти маънавӣ (театр, дастаи эҷодӣ, маркази илмӣ) истифода бурда мешавад.
Мусоҳиба аз саволнома аз он фарқ мекунад, ки варақаи соволномаро худи мусоҳиб аз рӯи ҷавобҳои посухдиҳанда пур мекунад. Дар ин ҳолат мусоҳиб метавонад, воситаҳои техникии сабт (телефон, диктафон, магнитофон ва камераи телевизиони) - ро истифода барад. Баъзан ба сотсиолог ёрдамчиаш кӯмак мерасонад, яъне агар сотсиолог сӯҳбаторо бошад, ёрдамчиаш ҷавоби посухдиҳандаро сабт менамояд. Бояд қайд кард, ки мусоҳиба на танҳо дар сотсиология, балки дар рӯзноманигорӣ, равоншиносӣ, тиб, ҳуқуқшиносӣ васеъ истифода мешавад. Дар фарқият аз саволнома мусоҳибаро бе омодагии махсуси мутахассис гузарондан номумкин аст.
Ҳангоми мусоҳибаи озод танҳо мавзӯъ ва равияи сӯҳбат ба нақша гирифта мешавад. Мусоҳиба бе саволномаи пешакӣ ё нақшаи пешакӣ тайёршуда гузаронида мешавад. Ба назар гирифта мешавад, ки мусоҳиб дар баёни саволҳо, пайдарҳамии онҳо ва давомоти сӯҳбат тамоман озод аст. Арзиши асосии иттилооти ба даст омада мазмуни он аст. Чунин иттилооти ҷустуҷӯӣ хеле зарур аст. Мусоҳибаи озод бисёртар аз тарафи ҷомеашиносон барои пурсиши мутахассисҳо бо мақсади шиносоӣ бо объект ва аниқ намудани методикаи пурсиш истифода бурда мешавад.
Мусоҳибаи аниқ талаб менамояд, ки муҳокимаи на танҳо мавзӯи умумӣ гузаронида шавад, балки доираи махсуси саволҳо пешакӣ дида шаванд. Бо ёрии мусоҳибаи амиқ зондажи афкори умум нисбати доираи муайяни саволҳо ҳангоми омӯзиши майлу рағбат ва хосторҳои посухдиҳандагон муайян карда мешавад. Мусоҳибаи озод аз амиқ аз рӯи дараҷаи ба расмиятдарорӣ ва инчунин аз рӯи соҳаи истифодабарӣ фарқ мекунад. Иттилоот аз рӯи мусоҳибаи озод бадастомада аз таҳлили сифатӣ мегузарад.
Бо мақсади гирд овардани маълумоти оиди ҳолати мушахас, ҳодисаҳо, оқибатҳо ва сабабҳои онҳо мусоҳибаи амиқ гузаронида мешавад. Дараҷаи ба расмиятдарорӣ нисбат ба намудҳои дигар хеле меафзояд. Ҳамаи саволҳои дар нақшаи мусоҳиба буда барои мусоҳиб ва посухдиҳанда ҳатмӣ мебошанд, агарчанде пайдарҳамӣ ва баёни онҳо каму беш тағйир ёфтанашон мумкин аст. Дар ин ҷо шаклҳои таҳлили оморӣ бо методикаи ҳисобкунии саҳвҳои квадратии оморӣ истифода мешаванд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё