Зеҳн

Умумиятҳо ва гурӯҳҳои иҷимоӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ7 октябри 2026 · 15 дақиқа хондан

Ба хотири он ки ҷамъият ин маҷмӯи одамон набуда, дар навбати аввал системаи амали байниҳамдигарии онҳо мебошад, барои ҳамин ҳам худ ташаккули шахс ҳамчун шахсият, аз худ кардани забон ва ба воситаи вай ворид шудан ба фарҳанги ҳамин ҷамъият дар ҷараёни амали байниҳамдигарии одамон ҷараён мегирад. Маҳз Ҳамин тариқ, инсон дорои табиати иҷтимоии худ мешавад, маҷмӯи мураккаби арзишҳои иҷтимоӣ, андешаҳо, тасавурот, эътиқод ва ғайраро қабул мекунад. Тамоми ҳаёти инсон аз таввалуд шудан то охири умраш – ин таърихи муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо одамон, ки дар ҷараёни алоқаи мустақим ва амали байниҳамдигарии ғайримустақим ба амал меоянд, одамонро дар сохтори мураккаби иҷтимоии ҷамъият алоқаманд мекунанд. Дар ҷараёни амалибайниҳамдигарии одамон умумиятҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоии гуногун ба вуҷуд меоянд ва ташаккул меёбанд.

Дар зери мафҳуми «умумиятҳои иҷтимоӣ» сохторҳое фаҳмида мешаванд, ки аъзоёни худро аз рӯи аломати мансубият ба меъёр мутаҳид мекунанд. Чунин меъёр навъи шуғл (истеҳсолот ва ё қисми артиш), меъёри касбӣ, эътиқоди динӣ, нуқтаи назари сиёсӣ, истироҳат, шуғли варзишӣ ва санъат шуда метавонанд. Ин хел умумиятҳо метавонанд ба ташкили ташкилотҳо, асотсиатсияҳо (иттифоқи касаба, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои олимон, асотсиатсияҳои ҳуқукшиносон, духтурон, муаллимон ва ғайра) оварда расонанд.
Вазъи умумияти ҳудудӣ, устувории вай дар характери рафтори аъзоёни ин умумият дар соҳаҳои алоқаҳои мустақим ва ғайримустақим, бо ҳам истироҳат кардан, дар дигар шаклҳои фаъолият инъикос мегардад. Иттиҳодияҳои касбӣ, ассотсиатсияҳо ( истеҳсолотӣ, илмӣ, иттиолоҳотӣ ва ғайра) дар мавриди дуруст амал кардан, ба ғайр аз иҷро кардани масъалаҳои касбӣ, дар аъзоёни худ ҳисси ҳамфикрии меҳнатӣ ташаккул медиҳанд, манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии онҳоро ҳимоя мекунанд, эътибор ва обрӯи касбиро дастгирӣ мекунанд, рафтори аъзоёни гурӯҳро аз ҷиҳати ахлоқи касбӣ ва этикаи назорат мекунанд.
Дар доираи ин хел умумиятҳо гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меоянд, ки алоқаи мустақим ва ё ғайри мусиақим доранд. Ба шакли умум гурӯҳи иҷтимоӣ ҳамчун маҷмӯи одамон ба тарзи муайян дар асоси рафтори бо ҳам мувофиқ ва аз ҳам чашмдошт байни худ амал мекунанд.
Гурӯҳҳои иҷтимоӣ (умумиятҳои иҷтимоӣ) ҳамчун шакли амали байниҳамдигарии одамон метавонанд ҳам аз нуқтаи назари сохтори берунӣ муайян карда шаванд ва ҳам аз ҷиҳати таҳлили мазмуни фаъолият, тарзи рафтори онҳо дар гурӯҳ, инчунин аз рӯи вазифае, ки фаъолияти онро таъмин мекунад, муайян карда шавад. Ҳамин тариқ,, тавсифи маълумоти объективӣ, рас мӣ дар бораи гурӯҳҳо маълумотро дар хусуси сохтори демографӣ, ҳайҳати касбӣ, маълумотнокӣ, мавқеъи иҷтимоии аъзоёнро дар бар мегирад.
Аз нуқтаи назари мазмун гурӯҳ аз ҷиҳати амали аъзоён барои ба даст овардани мақсади гурӯҳи тавсиф мешавад. Ҳамин тариқ, ҳамоҳангсозии амали мувофиқ таъмин мегардад, ки ба баланд шудани мутаҳидии дохили гурӯҳҳоварда мерасонад. Мутаҳидшавии гурӯҳдар асоси тарзи рафтор, меъёрҳое, ки муносибатҳоро дар дохили гурӯҳмуайян мекунанд, инчунин амали механизмҳои иҷтимоӣ - психологие, ки рафтори аъзоёни гурӯҳро дар як қолиби муайян дохил мекунанд, таъмин мегардад. Маҳз зарурати ҳамоҳангсозии амали аъзоёни гурӯҳҳо, табақаҳо ва синфҳои иҷтимоӣ ба пайдоиши меъёрҳо оварда мерасонанд. Гурӯҳҳои иҷтимоӣ амали аъзоёни худро дар атрофии мақсади асосии фаъолияти худ мутаҳид карда сохтори меъёртивии худро ташаккул дода вайро нигоҳмедоранд ва ба наслҳои оянда интиқол мекунанд ва Ҳамин тариқ, онро доимо дар амали аъзоёни худ такрор (таҷдид) мекунанд.

Подоши рафтор, ки ба меъёрҳои гурӯҳи мувофиқ аст, дар шаклҳои гуногуни подоши иҷтимоӣ ва психологӣ майё мешавад, масалан, мукофот дар шакли баланд бардоштани мавқеъи иҷтимоии одамон, баланд бардоштани нақши шахс дар гурӯҳ, зиёд кардани саҳми вай дар натиҷаҳои ба даст омада, дар шакли ёрдам ва ё ҳифз дар мавриди мушкилӣ ва ғайра. Ҷазо барои вайрон кардани қоидаҳои гурӯҳӣ дар шакли паст фаровардани мавқеъ, паст кардани нақши шахс дар гурӯҳ, даст кашидан аз ёрдам ва ҳифз, аз умумият пеш кардан муайё мешавад. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки синфҳо, гурӯҳҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ дорои қоидаҳои хоси иҷтимоӣ мебошанд ва ин умумиятҳои иҷтимоӣ накши пойдории иҷрои ин қоидаҳоро бозӣ мекунанд.
Барои он ки гурӯҳи иҷтимоӣ фаъолият намояд, бояд чунин амалҳоро ба анҷом расонида тавонад:

  • Хоҳиши аъзоёни худро дар хусуси иштирок доштан дар фаолияти гурӯҳ ва аъзогии худро нигоҳ доштан ҳавасманд кунад;
  • Системаи босамари робитаи дохилии гурӯҳ, системаи мубодилаи иттилоъотро таъмин намояд;
  • Амали аъзоёни худро назорат кунад, то ки онҳо барои ба даст овардани мақсадҳои гурӯҳи равона кунад;
  • Ба шароити атрофии иҷтимоие, ки барои зинда мондан ва ё фаъолтяти вай хатар дорад, мутобиқ шавад, бехатарии гурӯҳро таъмин намояд.
    Шаклҳои байниҳамии одамон хеле зиёд ва мураккаб ҳастанд. Шакли аз ҳама муҳими амали байниҳамии одамон ин муносибатҳое ҳастанд, ки байни одамон дар натиҷаи амали байниҳамии доими ва бевосита ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи ин хел амали баниҳамӣ гурӯхҳои аввалини иҷтимоӣ ташкил меёбанд.
    Маҷмӯи муқарарии одамон (дар дохили автобус) гурӯҳи аввалинро ташкил карда наметавонанд, чунки онҳо амали байниҳамӣ надоранд. Агар ин хел амали байниҳамии характери ногаҳонӣ мувақати надошта бошад ва такроршаванда аст - ин гурӯҳи аввалини иҷтимоист. Ин хел гурӯҳҳо дар он ҷойҳое, ки одамон бо ҳам зиндагӣ, кор ё истироҳат мекунанд ба вуҷуд меоянд. Одатан инҳо гурӯҳҳои хурд ҳастанд, вале ҳаҷми хурди гурӯҳе, бо ҳам амалкунии одамон шароити кофии пайдоиши гурӯҳи авалин шуда наметавонад. Агар иштирокчиёни амали баниҳамӣ аз ҷиҳати баромади иҷтимоӣ, мавқеи иҷтимоӣ, мартаба ва ғайри байни онҳо муносибатҳои аввалини иҷтимоӣ ба вуҷудомада наметавонад. Муносибатҳои аввалини иҷтимоӣ бошанд шарти асосии пайдоиши гурӯҳҳои аввалини иҷтимоӣ ҳастанд.
    Муносибатҳои аввалини иҷтимоӣ ба одамон имкон медиҳад, ки ҳамдигарро ҳамчун шахсият шиносанд ва нафақат аз рӯи вазифа, нақш ё касб. Ин гуна амали байниҳамӣ дар гурӯҳ, ба шахсон имкон медиҳад, ки ҳамин хел ба умумияти гӯрӯҳи ворид шаванд, ки равияи шахсияти вай ба мақсаде, ки дар якҷояги ба дастоварда мешавад, мувофиқат кунад. Маънои реалиро дар ин маврид категорияи «мо» мегирад, ягонагӣ ба вуҷуд меояд ва ин ягонагӣ ба ҳиссиёти қавӣ мустаҳкам мешавад, ҳиссиёти ваҳдат, ҳамфикрӣ бани аъзоёни гурӯҳба вуҷуд меояд ва равияи рафтори онҳоро ҳамин ҳиссиёт муайян мекунад.
    Дар қатори гурӯҳи аввалиин одамон дар доираи гурӯҳҳои дуюмини иҷтимоӣ муттаҳид мешаванд, ки дар мавриди зарурӣ ба ягон мақсади муайян ноил шаванд. Дар ин ҷо пайдоиш, характер ва равияи амали гурӯҳҳо иҷрои вазифа муайян мекунад ва иҷрои ин вазифа характери амалибайниҳамии суносибатро қисми ратсионалии амалибайниҳамӣ муйян мекунад, муносибатҳо характери формалӣ ва бешахсӣ доранд. Барои ҳамин ҳам гурӯҳҳои авалини иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои ғайри формалӣ ва гурӯҳҳои дуюмин ба қатори гурӯҳҳои формалии иҷтимоӣ дохил мешаванд.

Гурӯҳ ин маҷмӯи нисбатан устуворшудаи одамон аст, ки таваҷҷӯҳ, арзиш ва меъёрҳои рафтори умумӣ дорад, ки аз дигар умумиятҳо мувофиқи принсипҳои худ фарқ мекунанд ва он аз оила то давлат ва ҳатто тамоми инсоният ҳам дохил шуда метавонад. Лекин маълуман гурӯҳҳоро дар мазмуни маҳдуд ҳамчун зерсистемаи дохили ҷамъият мефаҳмад, ки он иборат аст аз маҷмӯи одамоне, ки ҳамкории байни ҳамдигарӣ дорад ва ба хотири амалӣ намудани мақсад ва нақшаи шахсӣ , гурӯҳӣ ва ҷамъиятӣ муттаҳид шуданд. Албатта, ҳамаи як гурӯҳи фардҳо метавонанд гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоиро ташкил диҳанд.
Омӯзиши сохторҳои этникӣ барои фаҳмиши хусусиятҳои инкишофи ҳозираи ҷамъият муҳим аст. Сотсиологияи этникӣ муносибатҳои миллӣ , равандҳои иқтисодӣ - иҷтимоӣ, иҷтимоии сиёсӣ, маданӣ, таълимоти масъалаҳои омехташавӣ, якшавӣ ва ҳамгироии миллатҳо ва халқҳоро меомӯзад. Хусусияти тадқиқотҳои проблемаҳои миллӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз он иборат буд, ки ба ин масъала олимони ҷумҳурии иттиҳод машғул будан ва аксари натиҷаҳои ин тадқиқотҳо ин ситоиши бародари калони дӯстии халқҳо ва интернатсионализм буд. Омӯзиши масъалаҳои мураккаб ва зиддиятноки муносибатҳои байни миллатҳо манъ буд. оқибати ҳамин гуна сиёсат аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани низоъҳои байни миллӣ шуданд, сари вақт дарк накарданд, ки дар баробари интернатсионалӣ шудани иқтисодиёт ва сиёсат раванди баланд шудани шуури миллӣ ва худшиносии миллӣ ҷой дошт ва онро бисёр сиёсатмадорон ба фоидаи худ истифода мекарданд.
Ҳамин тариқ, падидаҳои миллатчигӣ авҷ гирифтанд. Кӯшишҳои барои халқи худ муҳаё кардани интиёзҳо аз ҳисоби халқҳои дигаре, ки дар ин ҳудуд зиндагӣ мекарданд, зиёд мешуданд. Бояд дар назар дошт, ки дар ҷаҳон давлате намондааст, ки аз як миллат иборат бошад. Барои ҳамин баланд шудани худшиносии миллӣ демократикунонии ҷомеаро қариб дар ҳама ҷо низоъҳои этникӣ ҳамроҳӣ мекунанд. (Канада, Америкаи Шимолӣ, Югославия, Албания, Ироқ, Испания, Индия, Ирландияи шимолӣ ва ғайра).
Барои таҳлили муносибатҳо бояд баъзе мафҳумҳоро муайян кардан зарур аст. Пеш аз ҳама бояд мафҳуми «нажод» - ро маънидод кард. Нажод ин гурӯҳҳои одамоне мебошанд, ки аломатҳои умумии биологӣ доранд (ранги пӯст, шакли чашм, ранг ва сохти мӯй, сар).
Дар илми одамшиносӣ нажодҳои сиёҳпӯст, зард ва сафедро аз ҳам ҷудо мекунанд. Дар сотсиологияи ғарб нажоди кавказӣ ҷудо мешавад. Дар ташаккули этникии худ инсоният чанд зинаҳоро гузоштааст, мисли авлод, қабила, халқият ва дар охир миллат.
Новобаста баҳснок будани таърифи миллат аксари сотсиологҳо дар он ақида ҳастанд, ки миллат ин гурӯҳи калони иҷтимоии одамоне, ки дар як ҳудуд зиндагӣ доранд, дорои забони умумӣ, умумияти таърихии гузашта ва баъзе ҷиҳатҳои психикӣ ҳастанд. Бояд махсус қайд кард, ки бештари миллатҳо дар шароити капитализм ташаккул ёфтан, кӯшишҳои тараққиёти озоди худ ба муттаҳид кардани давлатҳои аз ҳам ҷудои феодалӣ мадад карданд ва ягонагии территорияи давлат, ки дар он мардум ба як забон гап мезаданд, талаб кард. Бояд хотиррасон кард, ки раванди ташкилшавии миллат дар замони ҳозира ҳам давлат дорад, вале дар дигар шароитҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ гузошта истодааст ва сабаби ташкилёбии вай омилҳои дигар аст.

Гурӯҳҳои иҷтимоӣ - этникӣ ин гурӯҳи одамоне ҳастанд, ки аз ҳамдигар меросӣ шудани забон, таърих, фарҳанг маънавӣ фарқ мекунанд. Масалан, ақаллиятҳо дар Тоҷикистон. Сотсиологияи ғарб чунин мешуморад, ки гурӯҳи этникӣ дар заминаи ягон таҳкурсии маданӣ алоқаманд мекунад, вуҷуд дорад.
Проблемаҳои муҳимтарини сотсиологияи этникӣ ин сохтори иҷтимоӣ, касбӣ ва миллии мамлакат ва минтиқаҳои ин мамлакат мебошанд. Сотсиологҳо равиши ин равандҳоро омӯхта, метавонанд сари вақт ҷамъиятро огоҳ кунанд, ки касбҳои боэътибор, ҳокимият бештар насиби ин ва ё он миллат ё гурӯҳи этникӣ шуда истодааст. На фақат тахрибаи Собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дигар давлатҳо ҳам нишон медиҳанд, ки асоси низоъҳои байнимиллиро зиёд шудани миқдори одамони як миллат ва ё як гурӯҳи этникӣ дар соҳаҳои касбие, ки мақоми баланд ва даромади зиёд доранд, ташкил медиҳанд. Дар ин сурат дар байни аҳолии мамлакат муносибати манфӣ ё гумонбар шудан аз он, ки намояндагони як гурӯҳи этникӣ даромади беадолатона мегиранд.
Масъалаи басо мушкил барои сотсиология муносибатҳои миллӣ ин масъалаи худмуайянкунии миллӣ мебошад. Ҳар як халқ ҳар чи хурд бошад ҳам кӯшиш менамояд, ки давлати худро дошта бошад. Дар замони ҳозира дар ҷаҳон қариб панҷ ҳазор забонҳои миллӣ вуҷуд доранд, ки ба онҳо халқҳо ва гурӯҳҳои этникӣ гап мезананд, вале давлатҳо аъзоёни Созмони Миллали Муттаҳид зиёда аз 200 –тоанд. Ба баъзе забонҳо на зиёд аз 500000 нафар гап мезананд. Оё онҳо метавонанд давлати мустақили худро созанд. Модоме, ки натавонанд пас бо ҳуқуқи ҳар як миллат ба худмуайянкунӣ чӣ бояд кард. Худмуайянкунӣ маънои давлатдориро дар територияи миллии таърихан ташаккулёфта инкишофи озоди забон ва маданияти миллӣ созмон додани ташкилотҳои миллии сиёсӣ ва ҷамъиятиро дорад, вале ҳамаи инҳоро дар доираи як давлати бузург ҳам ташкил кардан мумкин аст. Асосаш он аст, ки ин ё он миллат тавонад, имконият дошта бошад, ки ин масъалаҳоро мустақилона ва бо роҳи демократӣ ҳал кунад. Қайд кардан лозим аст, ки ҳуқуқи худмуайянкунӣ то берун шудан аз доираи давлати ягона фақат дар сарқонуни СССР навишта буд. Ягон давлати дигар ин хел корро ба худ мансуб намедонист. Барои чӣ болшевикҳо бо ин роҳ рафтанд, фақат ба хотири фикри сиёсӣ тактикаи мубориза барои ҳокимият, ҳуқуқи миллатҳо ба худмуайянкунӣ то ҷудо шудан аз давлати ягона барои он истифода мешуд, ки дар сафи инқилобчиён бештар зиёни миллиро ҷамъ оваранд. Мисол: дар ҳукумати аввалини Россияи Шӯравӣ (соли 1917 - 1918) русҳо қариб, ки набуданд (аксарияташон яҳудиҳо буданд) дар сохторҳои бехатарӣ (КГБ) бештар грузинҳо, лотинҳо ва яҳудиҳо буданд.
Дар сотсиология масъалаҳои омӯзиши сатҳи тараққиёти иҷтимоӣ ва мадании миллатҳо муттаҳидшавӣ, омехташавӣ (асимиляция), интеграция (ҳамгироӣ), никоҳи байни миллатҳо, дузабонӣ, ташаккули худфаҳмӣ ва худогоҳии миллӣ ва миллатчигӣ ҷойи муҳимро мегиранд. Тараққиёт ва инкишофи тамаддунро равандҳои мураккаб тавсиф мекунанд.
Албатта, барои тамоми ҷаҳон равандҳои равандҳои омехташавии халқҳо хос ҳастанд. Ин равандҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ хусусан дар Россия ҳам мушоҳида мешуданд. Бештари ин равандҳо характери омехташавии табииро доранд. Вақте ки гурӯҳҳои хурди этникӣ бо хоҳиши худ забон, маданият, урфу одати миллати калонро, ки дар иҳотаи вай зиндагӣ мекунанд, қабул мекунанд. Масалан, омехташавии яҳудиҳо, кареяҳо, молдавҳо ва ғайра дар Россия. Омехташавии миллӣ мумкин аст, ки ин равандҳо характери прогрессивӣ дошта бошанд, вале бисёр ҷиҳатҳо ин ҷо номаълуманд. Мисол: халқҳои хурди шимоли Россия, ки ба омӯзиши хуно касалиҳои ирсӣ, умри кӯтоҳ дучор омаданд, бо онҳо чӣ бояд кард. Онҳоро ба ҳаёти ҳозиразамон ҷалб кард ва ё монанд, ки дар ҷойҳои муқимӣ бо корҳои анъанавии худ машғул шаванд. Забон ва урфу одатҳои худро нигоҳ доранд, вале дар ин ҳолат кӯдакон бе маълумот мемонанд. Агар кӯдаконро ба мактабинтернатҳо фиристонанд, онҳо забони модариро фаромӯш мекунанд ва бо корҳои анъанавии синф машғул мешаванд. Як чиз равшан аст, ки замон ин масъалаҳоро бе иштироки худи ин халқҳо ва зиёиёни онҳо ҳал кардан мумкин нест. Ҳар як халқ бояд худаш роҳи худро интихоб кунад.

Мафҳуми умумияти иҷтимоӣ
(Умумияти иҷтимоӣ – ин гуруҳи хурд ва ё бузурги одамон, ки аломатҳо (нишонаҳо) – и умумии иҷтимоиро соҳибанд, мавқеи баробари иҷтимоиро ишғол намуда бо фаъолияти ягона муттаҳид гаштаанд).
Умумияти иҷтимоӣ – ин гурӯҳи бузург ва ё хурди одамон, ки ягон чизи умуми доранд, мавқея якхелаи иҷтимоиро соҳибанд ва ба фаъолияти ягона муттаҳиданд (ё самти арзишҳояшон ягона аст).
Ҷамъият ҳамчун низоми иҷтимоӣ - мадании бутун аз фардҳои алоҳида таркиб ёфтааст, ки яку якбора ба гурӯҳҳои бузург ва хурди иҷтимоӣ шомиланд. Масалан-индивиди муайян – шаҳрванди мамлакати худ – дар як вақт метавонад аъзои чунин умумиятҳои бузурги иҷтимоӣ, ҳамчун этникӣ, минтақавӣ, касбӣ ва ғ-ҳо бошад. Ғайр аз ин ӯ чун қоида аъзои як қатор гурӯҳҳои иҷтимоии хурд –оила, бригадаи корӣ, шуъбаи илмӣ, доираи дӯстон ва ғ-ҳо аст.
Ба умумиятҳо одамоне муттаҳид мешаванд, ки нишонаҳои умумии иҷтимоиро дороанд, масалан одамони як касб ё одамони як намуди фаъолият (духтурон, муаллимон, оҳагарон, ронандаҳо); нишонаҳои умумии этники дошта (тоҷикон, қирғизҳо, узбакҳо); тақрибан мақоми иҷтимоии якхела дошта (намояндагони синфи поении, миёна ва ё болои) ва ғ.
Умумияти иҷтимоӣ ҳамчун низоми ягона баромад менамояд, ҳамчун ҳар як низоме, ки манбаи худинкишофёбиро дорост ва субъекти алоқаи байниҳамии иҷтимоӣ ба шумор меравад.
Умумиятҳои иҷтимоӣ бо гуногунии зиёди шаклу намудҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд, масалан бо хусусиятҳои зерин:
• аз руи шумора (аз ду-се то даҳҳо ва ҳатто миллионҳо нафарон);
• аз руи давомнокии мавҷудият (аз якчад дақиқа то ҳазорсолаҳо);
• аз руи нишонаҳои асосии низомофаранда (касбӣ, минтақавӣ, этникӣ, демографӣ, иҷтимоӣ-маданӣ ва ғ).
Тамоми гуногунрангии умумиятҳои иҷтимоиро ба намуди асоси ҷудо намудан ҷоиз аст: умумиятҳои бузурги иҷтимоӣ ва умумиятҳои хурди иҷтимоӣ.
Гуруҳҳои иҷтимоӣ ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷамъияти (Шарков)
Мафҳуми гурӯҳ дар таҳқиқоти сотсиологӣ яке аз мавқеи марказиро ишғол мекунанд.
Гуруҳ - ин чунин маҷмуи одамон аст, ки дар асоси фаъолияти якҷоя, мақсадҳои умуми муттаҳид шудаанд. Он низоми самтҳои ҳаёти, меъёрҳои рафтор, ахлоқ, маданият ва психологияи худро дорад, ки ба туфайли он дар индивид ҳисси махсуси алоқаманди ба ин гурӯҳ – «мо-гурӯҳ» ташаккул меёбад.
Ҷамъият дар ҳақиқати ҳаётии худ ҳамчун маҷмуи гурӯҳҳои зиёд аст. Ҳар як инсон иҷтимоӣ аст, зеро ӯ иштирокчии гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ буда дар онҳо вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад. Тамоми умри ӯ аз таваллуд то ба марг дар гурӯҳҳои гуногун мегузарад: оила, коллектив мактаб, гуруҳи донишҷӯён, коллективӣ истеҳсолӣ ва ғ.
Ба ташаккулёбии гурӯҳ аввалан андоза ва шумораи он таъсир мерасонад.(минимальную) Шумораи камтарин – ду нафар ё диада (масалан оилаи иборат аз ду нафар падару писар, модару духтар) имконят медиҳад, ки якҷоя амал намуда масъалаҳои оддитаринро ҳал намоянд.(максимальную) Рақами ниҳоиро нишон додан душвор аст, зеро мо чунин гурӯҳҳои иҷтимоиро ба монанди синфҳо, миллатҳо, армия, ташкилотҳо бузург, тамоми ҷамъиятро медонем, ки ҳазорҳо нафарро ташкил мекунанд. Навъи аз ҳама паҳнгаштаи гуруҳи хурд метавонад аз 2 то 10-15 нафарро ташкил диҳад. Барои аксарияти онҳо муносибатҳои наздики ғайрирасмии боваринок хосаст. Одатан ба гурӯҳҳои хурд оила, доираи дустон, датаи варзиши ва монанди инҳор дохил мекунанд.

Дар таърихи сотсиология гурӯҳҳои хурдро ба таври амиқ аввалин маротиба сотсиологи амрикоӣ Ч. Кули таҳти унвони «гурӯҳҳои аввалиндараҷа» таҳлил намуд.
Ба гурӯҳҳои худи иҷтимоӣ чунин хусусиятҳо хос аст:
• шумораи начандон зиёди аъзоён;
• муоширати бевосита байни аъзоёни он;
• мақсад, манфиатҳои умумӣ ва фаъолияти якҷоя;
• маҳдудияти муайян дар фазо ва мустаҳкамӣ;
• тақсимоти меҳнат ва ҳамоҳангсозии фаъолият;
• тақсимоти дохилии нақш ва вазифаҳо;
• меъёрҳои умумӣ, мақсад, самти арзишҳо ва тариқи рафтор;
• ҳуввияти гурӯҳи аз нигоҳи дигарон.
Лекин на ҳамаи гурӯҳҳои хурд муносибатҳои самимӣ ва боваринокро соҳибанд, гурӯҳҳои хурде ҳастанд, ки дар онҳо муносибатҳои расмӣ бартарият дорад; аслан ин гурӯҳҳои дар ташкилотҳо барои ҳал намудани вазифаҳои махсус ташкил мешаванд.
Андозаи гурӯҳ ҳаргиз бузургии расмӣ нест. Он ба сифати алоқаи байниҳамии иҷтимоӣ ба таври назаррас таъсири худро мерасонад. Бо зиёд гаштани шумораи одамон дар гурӯҳ, муносибати байни онҳо бештар расмӣ мегардад, зеро тақсимоти меҳнат ва сохтори гурӯҳ мураккаб мегардад. Барои ҳар як нафар имконияти бо дигар аъзои гурӯҳ муошират намудан камтар мегардад, алоқаҳо бештар сатҳӣ ва ба ин васила самимияту боварӣ дар муносибатҳо аз байн меравад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2