Зеҳн

Хайём – нигорандаи бузург

АГ
Агенти Зеҳнӣ7 октябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Хайём аз нобиғаҳои нотакрори ҷаҳони дирӯзу фардо ва пагоҳҳои дигар аст. Чи қадаре ки дар атрофи номаш, лақабу тахаллусаш баҳс аст, дар атрофи мероси илмию адабиаш низ баҳс идома дорад. Ҳар чи ки оиди Хайём пеш меорем, тасдиқномаи андешаҳои моянд дар заминаи тадқиқотҳою асарҳои мансуб ба Хайём ва меросу осори ӯ, ҷиддан диди назар кардани банда ба офаридаҳои ин "олами алоҳида", "Ман з- они худам чунонки ҳастам, ҳастам", ба миён омадаанд.
Умари Хайём аз муборизони ҷасур ва парчамбардорони илму адаб буда, тамоми ҳастиашро ба эҷодкорӣ сарф намудааст. Мепиндорӣ, ки ҳамаи тору пуди вуҷудаш илм асту шеър аст, фарқкунанда аз навиштаҳои дигарон. Офаридаҳояш ӯро дар ҷаҳон ҳамчун олим, файласуф, мутафаккир, шоир, аллома, Ҳучат- ул- Ҳаққ машҳур гардонидаанд.
Дар китоби таҳиякардаи доктор Амир Аббос Маҷзуби Сафо "Рубоиёти ҳаким Умари Хайём" (Теҳрон,1347) асарҳои зер ба номи Хайём сабт гаштаанд:
1 .Китоби "Ҷабр ва муқобала";
2. "Рисолае дар ҳалли як масъалаи ҷабрӣ ба василаи қутуи махрутӣ";
3. "Рисола мизон ул - ҳукм";
4. "Рисолаи дарёфтани микдори тилло ва нуқра дар ҷисме, ки аз ин ду филлиз мураккаб бошад";
5. "Рисола дар шарҳи мушкилоти мусодароти китоби Уқлидус";
6. "Рисола дар сиҳҳати тариқи ҳиндӣ барои истихроҷи ҷузр ва каъб";
7. "Мушкилот-ул- ҳисоб";
8. "Рисолае дар табииёт";
9. "Рисолае дар вуҷуд ё Саҳифае дар илму коинот";
10. "Рисолае дар кавн ва такаллуф";
11. "Рисола лавозим ул- имкон";
12. Рисолае дар баёни зичи Маликшоҳӣ";
13. "Тарҷумаи форсии "Хутбаи тавҳидияи" Ибни Сино";
14. "Рисолае дар се масъалаи ҳикмат";
15. "Зиё ул- ақл" (дар мавзӯи илми кулл);
16. "Рисолае дар вуҷуд";
17. "Рисолае ба арабӣ дар сурати тазод дар ҷавоби касе";
18. "Рисолаи низом-ул-мулк роҷеъ ба ҳукумат";
19. "Як мақола дар рисолаи "Равзат-ул-қулуб";
20. "Наврӯзнома".'
Умари Хайёмро дар Шарқи Миёна аз асри XI, дар Европа тақрибан аз асри XVII, дар Америка аз асри XIX шинохта ва ҳамовои худ донистаанд. Мероси Хайёмро асарҳои илмӣ ва бадеӣ - шеърҳо, асосан рубоиёт ташкил медиҳанд. Ӯ фаъолияти илмии худро ҳамчун математик - ҳисобдон, ҷабр - алгебрадон, ситорашинос - мунаҷҷим оғоз мекунад. Аввалин асари ӯ дар соҳаи математика "Мушкилот -ул - ҳисоб" ном бурда мешавад, ки муаллиф дар таърихи математика аввалин шуда қоидаҳои умумии ба даст овардани решаҳои бутуни ададҳоро кашф кард. Дар "Рисола-фӣ-л-бароҳин ало масоил-ил-ҷабр ва-л-муқобала" ("Рисолаи ҷабр", таълифаш солҳои 70 а. XI дар Самарқанд) оид ба ҷабр хулосаҳои нодири илмӣ баровард. Асари "Зичи Маликшоҳӣ" хулоса ва ҷамъбасти мушоҳидаҳои гурӯҳи олимон дар расадхонаи Исфаҳон бо сарварии Хайём мебошад. "Тавқими Ҷалолӣ" (гурӯҳист) илман дақиқ буда, аз тақвимҳои гузашта (тақвимҳои қамарии мусулмонӣ ва шамсии зардуштӣ) ва тақвимҳои баъдӣ дақиқтар аст. Дар "Рисола фӣ шарҳ мо ашкола мин мусодароти китоби Уқлидус" (1077) масъалаҳои математикии дар ахди худаш биттамом навро кашф кардааст. Риёзидонҳои Ғарб он қонунҳоро дар замони Эҳёи (Ренессанси) Аврупо дар асрҳои XVI - XVII кашф намудаанд. Китоби "Шарҳ - ул - мушкил мин китоб - ул - мусиқӣ" (таълифаш дар Самарқанд ва Бухоро) назарияи математикии мусиқиро фаро гирифта (то замони мо нарасида). Асараш "Рисола фӣ шарҳ..." (1080) маҷмӯи ҷавобҳои Хайём ба саволҳои шогирди Абӯалӣ Сино Абӯнаср Муҳаммад ибни Абдураҳими Насавӣ (қозии яке аз маҳаллаҳои Форс) мебошад. Асарҳои дигараш "Рисолат-ул-кавн ва-т-таклиф" (фарогири баъзе мавзӯъҳои фалсафӣ ва инкишофи ақидаҳои фалсафии Ибни Сино), "Ал-ҷавоб ас-салоса масоил-зарурату тазод фӣ-л-олам ва-л-ҷабр ва-л-бақо", "Рисолат-ул-кавн...", "Рисола фӣ-л-вуҷуд" (ба забони арабӣ) ҳама фалсафӣ буда, масъалаҳои ҷиддӣ ва баҳсноки ин илмро дар бар дорад. "Рисола фӣ куллиёти вуҷуд" ("Дархостнома", ба забони тоҷикӣ), "Рисола фӣ-л-эҳтиёл-ли маърифати ...", "Лавозим-ул-амкина", "Мухтасар фӣ-табиат", "Наврӯзнома", "Хутбат-ул-ғарро" (асари Ибни Сино, ки соли 1080 аз арабӣ ба тоҷикӣ баргардонида шудааст) буда, масъалаҳои муҳиму ҷиддиро фаро гирифтаанд, ки то имрӯз аҳмияти калони илмии худро гум накардаанд. Муаллифи китоби "Нодираи айём ҳаким УмариХайём" Ягонӣ тамоман дуруст менависад, ки: "Хайём ҳақиқати куллӣ ва умумӣ (инқилоби олам) - ро дар ҳама ҷо ва дар ҳама чиз мушоҳида карда ва дар интихоби мавзӯъ барои баёни фикри худ дучори ҳеч гуна ашколе нагаштааст".
Ашъори арабӣ, рисолае ба арабӣ дар 5 варақ дар ҳалли як масъалаи ҷабрӣ бо номи "Ҳаза рисолата ло бӣ - Абулфатҳ Умар ибни Иброҳим ал-Хайёмӣ" (дар мавзӯи риёзӣ), рисола дар баёни зичи мушкилоте, ки шайх Абдулвоҳид дар шарҳи се фасл эҷод кардааст, рисола дар се масъала аз ҳикмат, "Зиё-ул ақл"- марбут ба илми кулл, рисола "Дар сурати тазод дар ҷавоби кас", рисолае оид ба низоми мулк ("Рисолат низом-ул-мулк"), як мақола дар "Равзат-ул-қулуб" ва чанди дигарро низ метавон эҷоди Умари Хайём номид.
Усмон Назир номзади илмҳои филологӣ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2