Равам, аз ишқ пурсам манзиолатро
Боз ою кӯчаҳои интизории маро саршори худ кун,
Қатраи танҳоиямро маҳви дарёбори худ кун.
Мурғаконро нағма овар,
Хандаро бо ғунчаҳо омез,
Осмонҳоро баландиву шукӯҳмандӣ биёмӯз,
Асри ҳиҷрону ҷудоиро фидои лаҳзаи дидори худ кун.
Бӯса ҳам чун сабза месӯзад,
Ҳамчу оғӯши биёбон, оғӯши мо низ мехушкад.
Фурсате дон, чу найсонам ғарқи раҳмати рагбори худ кун.
Бӯйи дил ояд зи девоне, ки мехонам,
Оҳи маҳҷурон бихезад аз баму зери арӯз. Эй вой!
Ин ҷаҳон то кай ҷаҳони ҳасрату андӯҳу ҳирмон аст?
Васли худро шаҳпари сабзи хаёли шоири бемори худ кун.
Андак-андак «ғусса»-ро бо нақди «шодӣ» метавон бифрӯхт,
Андак-андак дар замири тирамаҳ шамъи баҳори лолазорон метавон афрӯхт,
Андак-андак метавон оташ шуду бунёди сармо сӯхт.
Ту саропо сеҳру ҷодуӣ, зи нав такрори худ кун!
Ман «ман»-и маснӯии худро чу болопӯш пушти дар кашидам,
Ман «ман»-и минӯии худро даруни хона чун гавҳар кашидам,
Бо тарозуи нигоҳат хубу зиштамро як-як баркашидам.
Пеш ою ин дили ёронаамро ёри худ кун.
Бе ту дар лабҳои ман шеъри табам афсурда хоҳад мурд,
Шуълаамро ҳамдами бедори худ кун,
Гулназарро шоири дарбори худ кун!
Сояи қомати ту беҳ зи ҳама қомати кас,
Ғурбати туст муқаддам зи ҳама ҳазрати кас.
То хаёли ту бувад, холӣ нест
Оғӯши ошиқии волаи ман.
Ҳар куҷое биравӣ,
Биравӣ моҳсифат дар панаҳи ҳолаи ман.
Гули хайрии табассум, ки турост,
Хайр кун, хайр, ки дунё гузарад.
Ин аташ, ин тапиш, ин шӯру қиём
Ҳама аз мост, валекин зи сари мо гузарад.
Донаи холи ниҳони ту, ки ман медонам,
Фақат аз бӯсаи ман сабз шавад.
Написандӣ, ки дар ин фасли нумӯю сабзиш
Майсаи ғуссаи ман сабз шавад.
Сад нигоҳ мезанад аз раҳ нигаҳи масти туро,
Сад садо мебарад аз раҳ дили шайдои туро.
Дон, ки дар шаҳр дуогӯе ҳаст,
Сафари бехатари ҳусни саропои туро.
Эй ҳама маҳзи ҷавонӣ!
То ту ҳастӣ, ба ҷаҳон пирӣ нест.
Мурдани ҳасрату андӯҳе ҳаст,
Ишқмириву ҷавонмирӣ нест.
Кокули мушкбед мегӯяд:
«Кокулашро раҳо макун аз даст!»
Ту биёву маро ба ҳам овар,
Ки ҷудоӣ дили маро бишкаст.
Сар-сари пушта мезанад ҷавлон,
Хотири шоду ҷони болида.
Нағма дар лонаҳо намегунҷад,
Обаке хуш ба сабза печида.
Бӯса мерӯяд аз лаби ғунча,
Меҳрубонӣ — зи чомаи чашма.
Фасли ишқ асту ман натонам буд
Бо лаби хушку бо дили ташна.
Дасти худро диҳам ба дасти насим,
То бибофад ҳамосаи мӯят.
Лаби худро диҳам ба боронҳо,
То бибӯсад алангаи рӯят.
Ман ҷудо нестам зи номи худ,
Назари ман ба гул бувад ошиқ.
То ба кай чуну чанд мегӯем?
Ман турову туӣ маро лоиқ.
Ҳар куҷое кунун назора кунам,
Ошиқӣ равшан асту манзур аст.
Ту биёву дар оғӯшам бишкуф,
Ки баҳор асту то хазон дур аст!
Гуфта будам, ки вафоят бикунам,
Чӣ кунам? Умр вафоям накунад,
Лутфи боиста худоям накунам.
Гуфта будам, ки вафоят бикунам.
Роҳи ман гарчи пароканд маро,
Дар канори ту фароҳам будам.
Заррае будаму олам будам,
Роҳи ман гарчи пароканд маро.
Рӯйи ҳарфи дили ман сӯйи ту буд,
Гарчи бо ҳар кӣ сурудам ғазале,
Гарчи бо ҳар кӣ бигуфтам масале,
Рӯйи ҳарфи дили ман сӯйи ту буд.
Ман ҳамон Омуи ту будаму бас,
Гар дусад ҷӯйи дигар хост маро,
Ташнаи кӯйи дигар хост маро,
Ман ҳамон Омуи ту будаму бас.
Осмон дар назарам холӣ буд,
Ахтари чашми ту буд матлаби ман,
Ошиқи моҳи ту буд ҳар шаби ман,
Осмон дар назарам холӣ буд.
Бо кӣ гӯям ғами деринаи дил?
Безабонам, ки забонам будӣ.
Ҳар чӣ мехостам, онам будӣ,
Бо кӣ гӯям ғами деринаи дил?
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё