Зеҳн

Шӯҳрати ҷаҳонии Хайём

АГ
Агенти Зеҳнӣ8 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Тарҷумаи рубоиёти Хайём дар Аврупо инқилобе ба вуҷуд овард. Соли 1700 номи Хайём дар китоби муаррихи немис Т. Ҳайд «Таърихи дини эрониёни қадим» зикр ёфт. Соли 1771 У. Ҷонс дар китоби «Сарфу наҳви форсӣ» тарҷумаи англисии ду рубоии Хайёмро бе зикри номи шоир ҷой дод.

Пас аз он ки Эдвард Фитсҷералд (31.01.1809, Бредфилд, Суффолк — 14.06.1883, Мертон, Норфолк), шоир ва мутарҷими англис, рубоиёти Хайёмро тарҷума кард, шуҳрати шоир ҷаҳонгир гашт. Э. Фитсҷералд забони форсӣ-тоҷикиро омӯхта, соли 1856 достони «Саломон ва Абсол»-и Абдурраҳмони Ҷомиро ба забони англисӣ тарҷума ва нашр кард.

Соли 1856 ӯ аз рӯйи нусхаи дастнависе, ки дар китобхонаи Оксфорд маҳфуз буд, 75 рубоиро интихоб ва тарҷума кард. Он нусха 158 рубоиро дар бар гирифта, соли 865 ҳиҷрӣ китобат шуда буд. Фитсҷералд тарҷумаи рубоиёти Хайёмро чандин бор нашр кард: дар нашри аввал 75 рубоӣ, дар нашри баъдӣ 110 ва дар нашри панҷум 101 рубоӣ ҷой дода шуд.

Ба гуфтаи мунаққиди англис Ҷон Раскин, рубоиёти Хайём «латифтарин таронаҳое ҳастанд, ки монандашонро нахонда ва надидаем». Пас аз тарҷумаи чунин «гавҳарҳои шабтоб», ки ақлу ҳуши инсонро мерабоянд, олами назми ҷаҳонӣ таровати дигар пайдо кард. Фитсҷералд бо ин хизмати ниҳоят вазнин ва ҷонкоҳ, вале бузургу нотакрор ҳам номи Хайём ва ҳам номи худро дар ҷаҳон ҷовидон гардонд.

Аҳаммияти тарҷумаҳои ин устоди бузург дар он аст, ки ӯ самимият, хирад, ҳикмат, нозукӣ, латофат, содагӣ ва дилпазирии ашъори Хайёми мутафаккиру шоирро ҳифз намуд. Фитсҷералд рубоиёти Хайёмро чунон зебо тарҷума кард, ки бо иловаҳои эҷодӣ ва тағйироти худ, аз ҷумла аз ду-се рубоӣ офаридани як достон, ҷаҳони шеърхони Ғарбро бо латофату сеҳри каломи Шарқ дар ҳайрат гузошт.

Мунаққидон дар бораи тарҷумаҳои Фитсҷералд чунин навиштаанд:

«Рубоиёти Хайём маҳз ҳамон як тарҷумаест, ки гӯё ҳамчун ҷовуши осмонӣ баргардонида шудааст… Ин тарҷума, бидуни муболиға, мақбули табъи тамоми дӯстдорони шеър аст… Тарҷума моро чунон шефта сохтааст, ки гӯё Шарқу Ғарб аз лиҳози андеша ва эҳсос бо ҳам даромехта, як шудаанд. Хубтар бигӯем: Шарқ ғарбӣ ба назар меояд ва Ғарб шарқӣ… Манзумаи ӯ (Фитсҷералд) рангу бӯе аз ғамборӣ дорад… асаре нав, зебо ва ҷовидона аст… Қиссаи ин кӯзағар чунон аст, ки гӯё бо шоире дорои симои шоҳона рӯ ба рӯ бошем, ки ба мо ёрӣ медиҳад, то дар бораи Ҷаҳонофарин (кӯзағар) некӯтар андеша кунем». (Ҳомсон)

«Тарҷумаи Фитсҷералд зеботарин ва машҳуртарин тарҷумаест, ки пас аз китоби муқаддаси “Инҷил” ба забони англисӣ анҷом дода шудааст». (Артур Арберӣ)

«Фитсҷералд бо тарҷумаи рубоиёти Хайём — бо достони худ — барои дар ҷаҳон шуҳратёр гардидани шоири форсзабон Хайём асос гузошт». (В. Н. Зайцев)

Рубоиёти Хайём қариб ба ҳамаи забонҳои зиндаи ҷаҳон тарҷума шудаанд. Ин тарҷумаҳо ҷаҳони ҳазорранги ҳайратангезро мемонанд. Онҳо аз ҷиҳати сатҳу сифат яксон нестанд; ин масъала мавзӯи баҳси дигар аст.

Дар ҷаҳон ба шоири бузурге дучор намеоем, ки осораш ин қадар зиёд ба забонҳои дигар тарҷума ва нашр шуда, чунин маҳбубият дошта бошад. Масалан, беш аз 105 кимиёшинос, физик ва эътиқодманд рубоиёти Хайёмро ба забони русӣ тарҷума кардаанд: баъзеҳо як рубоӣ ва баъзеи дигар садҳо рубоиро. Аз нимаи асри XIX то имрӯз тарҷумаи рубоиёти Хайём ба забони русӣ идома дорад. Асосгузори тарҷумаи русии рубоиёти Хайём шоир, инқилобчӣ ва ходими ҷамъиятии рус Величко мебошад.

Оид ба зиндагинома ва рубоиёти Хайём, аз ҷумла тарҷумаҳои онҳо, дар арсаи ҷаҳон беш аз се ҳазор асару мақола эҷод шудааст. Ҳамаи ин аз шуҳрати хоси ҷаҳонии ин фард — «Ҳуҷҷат-ул-Ҳақ» — дарак медиҳад.

Дар бораи ҳаёту осори ин аллома повесту романҳои ҷолиб ва асарҳои илмӣ-оммавии хонданӣ эҷод шудаанд. Аз ҷумла: Мустафо Бодкӯбаи Ҳазовоӣ, «Зиндагии Хайём» (Теҳрон, 1375 ҳ.); Ш. Султонов ва К. Султонов, «Омар Хайям» — «Умари Хайём» (Москва: «Молодая гвардия», 1987); Георгий Гулиа, «Сказание об Омаре Хайяме» — «Ривоят дар бораи Хайём» (Москва: «Молодая гвардия», 1975); Морис Симашко, «Ҳаҷҷи Хайём» — «Хадж Хайяма» (дар китоби «Маздак», Москва: «Советский писатель», 1975); В. Жуковский, «Рӯзҳои тираи Хайём» — «Черные дни Хайяма» (Воронеж: Центрально-черноземное книжное издательство, 1969); Вардаван Варжапетян, «Накҳати настаран» — «Запах шиповника» (Москва: «Советский писатель», 1983); Темур Зулфиқоров, «Ваҳйи Умари Хайём» — «Книга Откровений Омара Хайяма» (дар китоби «Эмиры. Поэты. Мудрецы», Душанбе — Ташкент: издательство литературы и искусства имени Г. Гуляма, 1979); Ҳеролд Лэм, «Умари Хайём» (маҷаллаи «Звезда Востока», №№ 7, 8, 9, 1978); Усмон Назир, «Садои Хайём» («Адабиёт ва санъат», № 7–8, 21.09.1995); Алии Даштӣ, «Даме бо Хайём»; Содиқ Ҳидоят, «Таронаҳои Хайём» ва ғайра.

Рубоиёти намакину ҷоннавози Хайёмро хосу оми Тоҷикистон аз ёд мекунанду месароянд. Оҳангсозони тоҷик ба матни рубоиёти ин фарди азизи ҷаҳон оҳангҳои ҷаззоб бастаанд. Зиндагинома, эҷодиёт ва осори Хайём солҳои тӯлонӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ ва мактабҳои олии Тоҷикистон таълим дода мешаванд. Дар бораи сарнавишту эҷодиёти Хайём баъзе рисолаҳои илмӣ ва мақолаҳо низ ба назар мерасанд. Омӯзиши ҳаёту фаъолияти эҷодии ин барҳамзани фалак дар Тоҷикистон ҳанӯз каме рушд кардааст.

Таърих ва давлату давлатдорон фарзандони фарзонаи худро, ки бо ақлу заковат ва хиради офтобосои худ ба зиндагии инсон файзу нур ва тароват мебахшанд, ҳамеша қадр мекарданду қадр мекунанд.

Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба таҷлили ҷашни 960-солагии Ҳуҷҷат-ул-Ҳақ, мутафаккир, шоири беамсоли ҷаҳон ва рубоисарои нодирагуфтор омодагӣ мегиранд. Ҷашни Хайём бо қарори ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ — ЮНЕСКО — ва ҳамчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поси хизматҳои бузург, мероси олимағз ва рубоиёти оламгираш таҷлил мегардад.

Умари Хайём дар таърихи ҷаҳон барои ҳамагон атои нотакрор аст: олиму суханвари беамсол, худованди дониш ва хирад, рӯҳи саркашу мубориз — «суруши осмон» (Алфред Теннисон), «гавҳари шабчароғ» ва «шоири истисноӣ барои ҳамеша» (Фитсҷералд). Ӯ вассофи ҳақнигори зиндагӣ буд; қалам ба ситоиши дороёну сарватмандон назад ва назди касе сар фуруд наовард. Ӯ бузургтарин тараннумгару тарғибгари ҳаёт ва хушиҳои он, пайвандгари дилҳову қитъаҳо, «шаҳиртарин рубоисаро» (Сайид Аҳмади Биҳиштии Шерозӣ), барангезандаи тафаккур дар қолаби рубоӣ, ақли дурандеш ва донандаи рози ҷаҳон буд. Шеъраш шароби риндон аст; ӯ ҳамдаму ҳамсоғари дирӯзу имрӯзу фардои мост. «Нобиғаи давру замон» (Е. Винокуров), «азизу авлиё» (Дмитро Павличко), «булбули гӯё» (Барот Бойқобилов), «давлату ганҷи сармад» (Расул Ҳамзатов), «марҳами ҷон» (Танзилия Ҷумъақулова, шоираи қабардаю болқар) ва исёнгари кабир — Хайём ҳамеша бо мост.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2