Зеҳн

Аттори Нишопурӣ-Мухторнома

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Пешгуфтор

«Мухторнома» маҷмӯи рубоиёти Аттор аст, ки ба дасти худи ӯ аз рӯи мавзӯъ дастабандӣ ва мураттаб шуда ва фарогири панҷоҳ боб аст доир ба ишқ, тавҳиду ҳайрат, кӯшишу дарёфтани умр ва ғайра. Аттор худ дар муқаддимаи китоб ишора мекунад, ки маҷмӯан шаш ҳазор рубоӣ суруда ва аз он ҳазор байтро барои ҳифзи асрор фурӯ шуста ва аз боқӣ нимеро барои ин китоб баргузида ва боқӣ дар девон ниҳодааст. Дар бораи ин рубоиёташ гӯяд: «...ин абёт аз сари корафтодагӣ даст дод, на аз сари корсохтагӣ... Чунон ки омадааст навиштаем ва дар хун гашта, ва агар рӯзе воқеаи корафтодагон домани ҷонат бигирад ва шабе чанд сар бар гиребони таҳайюр фурӯ барӣ ин замон бидонӣ, ки ин булбулони нозанин ва ин тӯтиёни шакарчин аз кадом ошён паридаанд.»

Рубоиёти Аттор, чун дигар ашъораш, аз атри диловези ишқ оканда аст ва ба ғазалҳои кӯтоҳе монад, ки ҳамон қиссаи мурғон ва ҳафт водиро («Мантиқуттайр») ба забони тағаззул бозмегӯяд. Гӯӣ ҳудҳуд аст, ки бар минбари ҳидоят нишаста ва ба мушкилоти мурғон посух медиҳад ва онҳоро дар роҳ меоварад. Гоҳ нафси нотиқаи инсониро, ки нафхаи илоҳӣ ва гавҳаре аз дарёи амри Парвардгор аст, мавриди хитоб қарор медиҳад, ки:

Ай мурғи аҷаб ситорагон чинаи туст,
Дар рӯзи аласт аҳди деринаи туст.
Гар ҷоми ҷаҳоннамой меҷӯӣ ту,
Дар сандуқе ниҳода дар синаи туст.

Яъне: ай паррандаи осмонӣ, гулшани нилуфарӣ ва моҳу хуршед ва ситорагонро барои ту офаридаанд ва ҷумлаи офариниш дар ҳукми донаи туст ва Парвардгори ҷаҳон дар рӯзи аласт (рӯзи офариниш – он рӯз, ки хоки Одам месиришт) бо ту паймони муҳаббат баста ва туро дар базми ҳузур, шароби бандагӣ, ки салтанати ду олам дар ӯст, нӯшонида ва дилатро ҷоми ҷаҳоннамои Ҷам ва ойинаи Сикандар сохта, то акси Симурғи ниҳонро дар он бингарӣ. Ва гоҳ аз ҳақиқати имон, ки бандагии Худост, сухан мегӯяд ва худпарастонро, аз ҳар кешу мазҳаб, аз гавҳари имон маҳрум мебинад:

Як ошиқи поку як дили зинда куҷост?
Як сӯхтаҷони дилпароканда куҷост?
Чун бандаи андешаи хешанд ҳама,
Дар рӯи замин Худойро банда куҷост?

Ва гоҳи дигар мардумонро нидо мекунад, ки чун баҳр биҷӯшед ва чун чанг бихурӯшед ва хомӯш мабошед, ки умр гузарон ва ба ибораи Ҳофиз «оқибат манзили мо водии хомӯшон аст»:

Чун чанг ҳама хурӯш мебояд буд,
Чун баҳри ҳазорҷӯш мебояд буд.
Ай ҳамнафасон басе бигуфтему шудем,
Зеро ки басе хомӯш мебояд буд.

Зикри ин нукта зарурӣ аст, ки бисёре аз рубоиёти мансуб ба Хайём дар маҷмӯаи рубоиёти «Мухторнома» омадааст, аммо бегумон он рубоиёт ҳатто агар аз Хайём набошад, аз Аттор низ нест, бо сабки баён ва шеваи тафаккури Аттор ба куллӣ тафовут дорад.

Рубоиҳо

Чун наъразанон қасд ба кӯи ту кунам,
Ҷон дар сари кори орзӯи ту кунам.
Дар ҳар нафасе ҳазор ҷон мебояд,
То рақскунон нисори рӯи ту кунам.

Гуфтам дилу ҷон дар сари корат кардам,
Ҳар нақд, ки доштам нисорат кардам.
Гуфто ту кӣ бошӣ, ки кунӣ ё накунӣ,
Ин ман будам, ки беқарорат кардам.

Гар зӯҳд кунӣ, сӯзу гудозат бубарад,
Уҷб овараду шавқу ниёзат бубарад.
Зинҳор ба гирди ман магард, ай зоҳид,
К-ин ринди қаландар аз намозат бубарад.

Ҳарчанд дареғ сад ҳазор аст ҳанӯз,
З-ин беш дареғ бар шумор аст ҳанӯз.
Ҳар рӯз ҳазор бор худро куштам
В-ин кофари нафс барқарор аст ҳанӯз.

Бо ноаҳле, ки нон хурам хун шумарам,
Афсонаи ӯ батар зи афсун шумарам.
Бо ноҷинсе агар даме биншинам,
Ҳаққо, ки зи ҳафт дӯзах афзун шумарам.

Ҳар рӯз зи нав пардаи дигар созӣ,
То дар паси парда ишқ бо худ бозӣ.
Чун ту нафасе басар наёбӣ аз хеш,
Ҳаргиз ба касе дигар куҷо пардозӣ?

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2