Зеҳн

Ҳабиб Юсуфӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Ҳабиб Юсуфӣ соли 1916 дар оилаи мударрис дар гузари Боғимайдони шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби ҳафтсола вай ба Техникуми педагогии мардонаи тоҷикии шаҳри Самарқанд дохил шудааст. Дар соли 1935 техникумро хатм намуда, дар мактабҳои миёна аз забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфт. Вале фақат дарс гуфтан ҷавони донишдӯстро қонеъ намекард. Бинобар ин тирамоҳи соли 1936 ӯ ба факултаи филологияи шӯъбаи шабонаи Дорулфунуни давлатии Ӯзбекистон дохил шуд. Таҳсили шабона ӯро қонеъ карда натавонист. Аз сентябри соли 1937 ба шӯъбаи рӯзона гузашт. Шароити хуби мактаби олӣ ба Ҳабиб Юсуфӣ имконият дод, ки аз ҷиҳати ғоявӣ ва сатҳи дониш зуд инкишоф ёбад. Баъд аз хатми таҳсил соли 1940 ба Душанбе омада, дар Институти забон, адабиёт ва таърихи филиали Тоҷикистонии Академияи фанҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ходими илмӣ таъйин шуд. Ҳабиб Юсуфӣ шоир, тарҷумон ва ходими илмӣ буд. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ асарҳои Пушкин ва Лермонтовро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуд. Ҳабиб Юсуфӣ моҳи марти соли 1942 ба сафҳои Армияи Советӣ даъват шуд. Ӯро аввал ба Омӯзишгоҳи ҳарбии миномётии шаҳри Пенза фиристоданд. Ҳабиб Юсуфӣ техникаи ҳарбиро омӯхта бо рутбаи лейтенанти хурд ба ҳимояи Ленинград фиристода шуд. Дар яке аз мактубҳояш, ки 19-уми ноябри соли 1943 навишта буд,"...Он рӯзҳо дур нестанд, ки душмани малъунро аз дарвозаҳои ин шаҳри азим дур андозем" гуфтааст. Ҳабиб Юсуфӣ дар байни афсарону аскарони қисмаш ҳамчун инсони оддӣ, хоксор, дӯст ва рафиқи хуб, соҳиби дониши баланд шинохта шуда буд. Ӯ аз мутолиаи китоб ғофил намешуд. Дар яке аз мактубҳояш ҳатто ишора намудааст, ки ӯ китоби Л.Н. Толстой "Ҷанг ва сулҳ"-ро бо забони русӣ хонда истодааст. Ҷанговар ва афсари ватандӯст бозгашти худро фақат бо роҳи сарҳадҳои ғарбии мамлакат ва аз дохили Берлин муайян намуда, "...агар саломатӣ бошад, роҳи мо ба Самарқанд ва Сталинобод ба воситаи Берлин аст..." навишта буд. Аммо дили пурҷӯшу хурӯш, ки саршори муҳаббат ба ватан буд, 15 феврали соли 1945 аз тири фашистони манҳус абадӣ аз кор монд, вале номи ӯ дар дили хонандагонаш абадӣ гашт. Ҳабиб Юсуфӣ шеъргӯиро барвақттар оғоз карда бошад ҳам, ба таври расмӣ соли 1936 шеърҳояшро эълон намудааст. Соли 1939 нашр шудани аввалин маҷмӯаи шеърҳои ӯ "Таронаи ватан" шӯҳрати ӯро зиёд ва эътирофи умум гардонид.

БА ВАТАН

Гар, ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон,
Дил барои меҳри ту, эй меҳри ман, бошад макон.

Дил, бидон, аз баҳри ту як лаҳза ҳам бегона нест,
Ҳамчу мурғе карда андар шохи меҳрат ошён.

Ту чунон маҳбубаи ошиқнавозӣ, меҳри ту
Ҷо гирифта дар дили меҳнаткаши рӯи ҷаҳон.

Шавқати дил, шодии дил, ҳастии дил бо ту аст,
Ҳар чӣ мехоҳӣ, бифармо, дил ба фармонат равон.

Аз чӣ ман дилро макон дар синаи худ додаам?
3-он ки меҳри ту намуда синаи дилро макон.

Хирмани ғамҳои дилро оташи меҳри ту сӯхт,
Доимо дилро баҳор асту баҳораш бехазон.

Дил дар огӯши чу бӯстони ту доим хуррам аст,
Бо ҳазорон дилбарони дилрабои дилситон.

Дил куҷо тоқат намояд душманат гар дам занад,
Аз барои дафъи ӯ кӯшиш намояд ҳар замон.

Ҳамчу Маҷнун дил ба саҳрои ҷунун овора нест,
Масти ҷоми меҳнат асту ёр бо лайливашон.

Ман на танҳо дил, тану ҷон ҳам фидоят мекунам,
То шавам чун қаҳрамонони ту ман ҳам қаҳрамон.

  1. Анчар-(ангар)-номи дарахти заҳрдор
  2. байт аз Саъдии Шерозист

БА ҲАР КУҶОТ РАВАМ, ДИЛ ДИЁРИ МАН ГӮЯД

Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинвисам,
Забони ман зи ҳама бештар ватан гӯяд.

Ватан, чу нағмасарой аст дил, зи ишқи ту,
Туро хазинаи илҳоми хештан гӯяд.

Ба ин таронаву ин рангу бӯ, ки ҳастӣ ту,
Сазад саросари саҳни туро чаман гӯяд.

Дар оғӯши ту ҳазорон диёру шаҳр бувад,
Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд.

Ҳазор як сифататро адо нахоҳад кард,
Ҳазор шоир агар асрҳо сухан гӯяд.

Тамоми ҳастии худро фидо кунад ба ту халқ,
На сар, на қалб, на дида, на ҷон, на тан гӯяд.

Ту з-он қавӣ, ки ба ҳар ҷой халқи заҳматкаш
Туро замини ману такягоҳи ман гӯяд.

Хушам, чу ишқи ту Ширин шудастам, агар халқам
Маро дар ишқи ту Фарҳоди кӯҳкан гӯяд.

Бигираму бигузорам, ватан: "Қалам бигзор,
Бигир теғу ба фарқи адӯ бизан" - гӯяд.

Соли 1938.

МАН ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАРВАҚТА ДОРАМ ДУСТТАР

Вақти он аст, Эй қалам! Буррандатар гардӣ зи теғ!
Вақти он аст, Эй сухан! Ғуррандатар гардӣ зи барқ.
То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех,
То расӣ, Манҳус - анчарро1 кунӣ бешоху барг!

Як чаҳон ишқи Ватан дорад дили халқи азим,
То ватанро дӯст дорад, дӯст дорад то абад.

Сад чаҳон нафрат ҳам аз баҳри разилони фашизм,
То фашистонро кунад бо нафраташ гӯр оқибат!

Чун Ватан мардона дар ҷанг омадаст, имрӯз ман
Ин ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар!

Чун ман ин сон байни майдон пурдилу фирӯзманд,
Дорадам имрӯз аз ҳаррӯза ёрам дӯсттар:
Он на ман бошам амон бидҳад ба душман мушти ман,
Он на ман, к-ин дам фитам дар фикри кори дигаре.
"Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре".2

Вақти он аст, Эй қалам! Буррандатар гардӣ зи теғ!
Вақти он аст, Эй сухан, Ғуррандатар гардӣ зи барқ!
То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех,
То расӣ, Манҳус - анчарро кунӣ бешоху барг!

  1. Анчар-(ангар)-номи дарахти заҳрдор
  2. байт аз Саъдии Шерозист

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2