Зеҳн

Ҷалол Икромӣ - Духтари оташ

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 22 дақиқа хондан

«ДУХТАРИ ОТАШ»

Ҷалол Икромӣ дар байни солҳои 1958-1974 асарҳои сегонаи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-ро навишта ба итмом расонд. Дар онҳо ҳаёти 70-солаи халқи тоҷик тасвир ёфтааст. Ба асарҳои сегона «Духтари оташ» (1962), «Вопасин амир» (1967) ва «Тахти вожгун» (1973) дохил мешаванд. Дар романҳои дар боло ёдшуда зиёда аз 600 персонаж амал мекунад.

Таҳлили романи «Духтари оташ»

Асарҳои сегонаи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» аз нигоҳи мазмун ва мундариҷаи ғоявӣ таърихӣ буда, дар онҳо ҳодисаю воқеаҳои як давраи муайяни таърихи халқи тоҷик тасвир ёфтаанд. Аз ҳамин нигоҳ ин се роман бо ҳам пайванди ногусастанӣ дошта, якдигарро такмил дода, нақшҳои асосиро, ки дар се роман амалиёт мегузаронанд, пурра мегардонад. Мисоли равшани ин нақшҳои Асо, Фирӯза, Ҳайдарқул, Аҳмадҷони Машкоб шуда метавонанд. Аз тарафи дигар, агар дар романи «Духтари оташ» ҳодисаю воқеаҳои таърихии нимаи дуюми асри XIX то ғалабаи Инқилоби Октябр дар Бухоро (1920) давом ёбанд, дар романи «Вопасин амир» ҳодисаю воқеаҳои пас аз инқилоб, муборизаю талоши аксулинқилобчиён барои аз нав барқарор намудани аморати Бухоро тасвир ёфтаанд. Душманони синфӣ бо ҳар роҳу восита саъю кӯшиш менамуданд: «аз шӯру ғавғои задухӯрдҳои синфӣ истифода бурда, нақшаҳои зишти худро пеш ронанд ва ба ҳар роҳ ҳокимиятро ба даст дароранд». Дар романи «Тахти вожгун» бошад, шикасту бархамхӯрии душманони синфӣ ва мустаҳкаму пойдор гардидани ҷомеаи нав нишон дода мешавад. Азбаски асарҳои сегонаи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» як давраи тӯлонии халқи тоҷикро дар бар мегиранд ва аз тарафи дигар, дар он шахсиятҳои гуногунақида иштирок доранд ва сониян масъалаҳои сиёсии кишвар ҳаллу фасл мегарданд, мавзӯъҳо ва проблемаҳо низ хеле зиёданд, ки онҳо дар ҷояш ҳалли худро ёфтаанд. Аз тарафи дигар, метавон гуфт, ки асарҳои сегонаи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» дар такомулу инкишофи насри реалистии адабиёти муосири тоҷик роли муҳим бозиданд. Махсусан романи «Духтари оташ» аз нигоҳи мавзӯъ ва сабки баён аз романҳои дигари Ҷалол Икромӣ фарқ мекунад ва хеле барҷаста баромадааст. Ҷалол Икромӣ пеш аз он, ки ба эҷоди романи «Духтари оташ» шурӯъ намояд, сарчашмаҳои зиёдеро омӯхт, мавод ҷамъ намуд ва пас ба кор сар кард. Нахустин омили навиштани асар ҳаёти худи нависанда буд. Ҷалол Икромӣ бевосита иштирокчӣ ва шоҳиди ҳодисаю воқеаҳои он солҳо ба шумор мерафт. Дуюм, асарҳои таърихнигорон, маводи архивҳо, асарҳои бадеию илмии устод Айниро батафсил варақ зад ва маводи пурарзиш ҷамъ намуд. Сеюм, бо шахсони таърихӣ, иштирокчиёни фаъоли он ҳодисаю воқеаҳо вохӯрд, сӯҳбат гузаронид. Аз ин нигоҳ бисёр шахсони таърихӣ бо номҳои дигар дар роман амалиёт мегузаронанд, ки ин усулро дар адабиётшиносӣ прототип мегӯянд. Масалан, прототипи яке аз каҳрамонҳои асосии асар Фирӯза Саломат Ҷаҳонгирова мебошад. Саломат Ҷаҳонгирова шахси таърихӣ буда, дар барқароркунии ҳукумати Шӯравӣ фаъолона иштирок кардааст. Дар ин бора худи нависанда чунин мегӯяд: «Саломат Ҷаҳонгиро ва дар синни дусолагӣ ба дасти модаркалонаш сағираи бекасу кӯй шуда мемонад. Кампири бечора, ки номаш Дилоромканиз буд, набераи худро ба воя мерасонад ва дар дувоздаҳсолагии ӯ вафот мекунад. Пас ҳаёти пурмашақкат ва дарбадарию азобу уқубати Саломат Ҷаҳонгирова сар мешавад, то ки инқилоб мешавад ва дидани рӯзи озодӣ ба вай муяссар мегардад». Дилоромканиз бошад, дар роман бо номи худаш амал кардааст. Ҳамин тавр, бояд ёдрас шуд, ки романи «Духтари оташ» асари калонҳаҷм буда, дар он зиёда аз 120 персонаж иштирок мекунад, ки ҳар кадоми ин персонажҳо бо характеру рафтору кирдори худ аз якдигар фарқ карда меистанд. Дар романи «Духтари оташ», чунон ки дар боло гуфтем, персонажҳои бисёр амал мекунанд, ки дар байни онҳо занон мақоми хос доранд.

НАҚШАИ ПЕРСОНАЖҲОИ АСОСИИ РОМАНИ «ДУХТАРИ ОТАШ»

Нависанда зиндагии дардомез, ҳаёти қашшоқона ва фоҷиавии занонро бисёр табиӣ ва зимни нақшҳои Дилоромканиз, Фирӯза, Шамсия, Оймуллои Танбӯр ва дигарон хеле боварибахш нишон додааст. Вобаста ба кушода додани образҳои дар боло ёдшуда, адиб як қатор масъалаҳои муҳими сиёсӣ-иҷтимоии як давраи таърихии халқи тоҷикро ба муҳокима гузошта, ҳаллу фасл намудааст. Масъалаи ғуломхарию ғуломфурӯшӣ, паст будани сатҳи зиндагии мардум, зулму тааддии золимон ба мазлумон, норизогии халқ, ҷадидизм, ба Бухоро сар даровардани намояндагони Россия, тағйир ёфтани шуури синфии зиёиён ва коргарони маҳаллӣ, Револютсияи Халқии Бухоро ва ғайра ба миён гузошта шудаанд. Дар баробари ин дар асар дӯстӣ, ҳамфикрии байни халқҳои тоҷику ӯзбек ва рус назаррас буда, дар ҷараёни ҳодисоту воқеоти роман то як андоза ҳаллу фасли худро ёфтаанд. Тасвири ишқу муҳаббати поки инсонӣ дар асар низ мавқеи калон дорад. Нависанда ба воситаи ишқу муҳаббати Фирӯзаю Асо муҳаббати поки инсониро тарғиб намудааст. Ишқу муҳаббати байни Умарҷон ва Шамсияи ноком поку беолоиш буда, дар роман воқеӣ баён шудааст. Аз тарафи дигар, адиб дар роман образҳое низ офаридааст, ки онҳо ба фисқу фосиқӣ машғул буда, ҳаёти садҳо занону духтарони покдоманро сӯхтаанд, дар ҳаққи онҳо хиёнат кардаанд ва амалҳои ношоистаи онон боиси мазаммат кардани нависанда қарор гирифтаанд.

ТАҲЛИЛИ ОБРАЗҲОИ АСОСӢ

Яке аз образҳои барҷастаи романи «Духтари оташ» Дилоромканиз аст. Характер ва рафтору кирдори ин зани матинирода бевосита дар ҷараёни ҳодисаю воқеаҳои мухталифи асар кушода дода мешавад. Нависанда ба ин образ муҳаббату самимияти бепоён дорад. Аз ин ҷост, ки ӯ баъдтар дар ин бора чунин мегӯяд: «Дар ин китоб ман мехоҳам тақдири як зани оддии аз байни халқ баромадаро нишон диҳам». Воқеан ҳам тақдири Дилоромканиз, рӯзгори дардомези ӯ дар асар хеле батафсил омадааст. Аслан Дилоромканиз, чунон ки аз номаш равшан аст, аз табақаи поёни ҷомеа буда, пасон хизматгори бою амалдорони Бухоро мегардад ва ба номи зебояш Дилором калимаи каниз то поёни умраш ҳамроҳ мешавад, яъне номи Дилоромканизро мегирад. Дилоромканиз аз хурдӣ бори зиндагиро бар дӯш дошт. Рӯзгор ӯро маҷбур намуд, ки дар хонаи бою давлатмандон хизматгор шавад. Ҳамин тавр, солҳои зиёд гузаштанд, наврасию ҷавонии ӯ бо азобу ранҷ поён ёфт, аммо рӯзҳои некро надид. Дар тӯли ин солҳо гармию сардӣ, пасту баландиҳои рӯзгор иродаи ӯро матину устувор гардонид. Дилоромканиз пир шуд, вале номи канизӣ, хизмати канизӣ ҳамроҳаш буд. Ҳанӯз ҳам дар ҳавлии Ғаниҷонбой бо набераи сағирмондаи хурдсолаш Фирӯза хизмат мекард. Ана ҳамин як давраи тӯлонии ҳаёти Дилоромканиз бо камоли маҳорат, бо меҳру муҳаббат аз тарафи нависанда қаламдод шудааст. Албатта, рӯзгори ӯ танҳо ҳаёти як шахс нест. Нависанда дар симои Дилоромканиз зиндагии тоқатфарсои садҳо занони азияткашида, ранҷу озордидаро, ки аҳли доро ба сарашон оварда будаанд, ҳаққонӣ ҷамъбаст намудааст. Дилоромканиз ҳамаи ин нобаробариҳо, беадолатиҳо, хору залилӣ ва канизии худро эҳсос мекард ва боре бисёр бо дард ба наберааш Фирӯза изҳор мекунад: «... баъд фаҳмидам, ки каниз шудан аз қатори одамият баромадан будааст. Канизро мехаранд, мефурӯшанд, мезананд, азоб медиҳанд, хунашро мемаканд». Вобаста ба ҳамин адиби номдор Мирзо Турсунзода чунин мегӯяд: «Бо вуҷуди фаҳмидани беҳуқуқиаш дар пеши ҳеҷ як золим сар хам намекард, характери қавй ва саркаше дорад ва ин қуввату иродаи вайро ҳама, ҳатто забардастони замона низ ҳис мекунанд ва ҳеҷ кас дар пеши вай зане ё бачаеро озор дода наметавонист». Дар ҳақиқат воқеаю ҳодисаҳои асар дурустии фикри болоро собит менамоянд. Дилоромканиз дар роман ҳамчун зани нотарсу ҷасур тасвир ёфтааст, хислатҳои мардӣ дар рафтору кирдори ӯ назаррас аст. Албатта, чунин рафтор дар ниҳоди Дилоромканиз яку якбора пайдо нашудааст. Зиндагӣ, ҳаёти пурмашаққат ӯро водор намуд, ки ба аҳли доро ба назари дигар нигарад, одамият, нангу номуси хешро аз онҳо ҳифз намояд. Аз ин рӯ, аз Дилоромканиз оқсақол, ҳоким ва бойҳои мағруру худписанд метарсиданд, ба суханони талхи ӯ маҷбур буданд, ки гӯш диҳанд. Боре дар ин бора ба Фирӯза чунин гуфт: «Ҳатто духтарони оқсақол ва худаш, бойи қишлоқ ҳам аз ман мулоҳиза мекарданд. Ман чаққон, тавоно, ҳунарманд ва кордон будам, касеро писанд намекардам». Ҳатто маҷбур буданд, ки гапи Дилоромканизро «не» нагуфта, ба суханонаш гӯш диҳанд. Аз ӯ тарсу ҳарос доштанд. Боре гапи оқсақол бо Дилоромканиз мегурезад. Дар байнашон ҷангу хархаша ба вуқӯъ мепайвандад. Ниҳоят аз суханони нешдор ва заҳрогини Дилоромканиз оқсақол мағлуб шуда, рӯ ба гурез меоварад: «Ту оқсақол ҳанӯз бо собуни ман ҷомашӯӣ накардаӣ! - мегӯяд Дилоромканиз - Ноқисулақл бошам ҳам, ҷавоби садта ту барин буғузаъламҳоро гуфта метавонам. Беҳтар, ки машмаша накарда аз атрофи сари дегат бохабар шав!» Абдулатифбой ҳар гоҳ ба Дилоромканиз аз тарс хушомад мезад. Ӯро боақлу бахосият мегуфт: «Ту Дилоромканиз бахосият омадаӣ. Пас аз омадани ту ба хонадони ман давлатам зиёд гашт, обрӯям баланд шуд. Ман ба қадри хизматҳои ту нарасам, кӯр мешавам». Дилоромканиз дар баробари сифатҳои матиниродагӣ, ростгӯию ростқавлӣ, поквиҷдонию меҳнатдӯстӣ зани оқилаю хирадманд низ буд. Ҳатто аз мардҳо як сару гардан баландтар меистод. Ба онҳо ҳомӣ, маслиҳатчӣ ва ғамхору рӯҳбардор буд. Масъалаҳои сиёсиро нағз дарк менамуд. Чунончи Ҳайдарқул хост, ки қасоси зану фарзанди хешро аз Ғаниҷонбой гирад. Ба ин кори ӯ Дилоромканиз зид баромад ва ба Ҳайдарқул чунин гуфт: «Як Ғаниҷонбойро куштан қатӣ ниқори ту тамом намешавад. Қозӣ чӣ? Раис чӣ? Миршабу оқсақол чӣ? Мард бош, дар ҳама кор мардона кор кун! Аз душманат чунон ниқор гир, ки вай донад». Вале дар баробари ин Дилоромканиз зани ҳалиму меҳрубон буд. Ҳамеша дар ҳар ҳолат ба дармондагон, бечорагон дасти ёрӣ дароз мекард. Намегузошт, касе аз муштзӯрон бечорагонро таҳқир намояд, ранҷу озор диҳад. Инро дар мисоли Аҳмадҷони Машкоб, Асо, Фирӯза ва дигарон ба хубӣ эҳсос мекунем. Аз ин нигоҳ образи Дилорамканиз ҳамчун шахси тарбиятгар, мураббӣ пеши чашми хонанда ҷилвагар мешавад. Ӯ дар як давраи тӯлонии рӯзгораш (90 сол умр дид) бисёр ҷавононро тарбият намуд ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кард. Ба онҳо покию поквиҷдонӣ, ростию ростқавлӣ, хоксорӣ барин хислатҳои ҳамидаи инсониро омӯзонд. Аз ин хотир дар байни мардуми оддӣ ва ҳатто табақаи боло ҳам соҳибиззат гардида буд. Дилоромканиз умри бобаракате дид. Аз 90 сол 72 соли умрашро дар хизмати аҳли доро сарф намуд. Вале ба мардуми оддӣ, ба ёру дӯст хизмати босазо низ кард. Умри хешро ройгон нагузаронид. Бо боварии том метавон гуфт, ки як насл аз мактаби Дилоромканиз тарбия ёфта, пас кори ӯро идома додаанд. Мисоли равшани ин нақши Фирӯза шуда метавонад. Мусаллам аст, ки яке аз нақшҳои асосии романҳои сегонаи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва махсусан «Духтари оташ» набераи Дилоромканиз Фирӯза мебошад. Ин нақш дар роман ба тарзи динамикӣ муттасил дар рафти ҳодисот рушду камол ёфтааст. Ин ду нақш дар роман бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Яке дигареро пурра мекунад, такмил медиҳад. Дилоромканиз бо рафтори нек, кирдори нек, гуфтори неки худ на танҳо Фирӯза, балки занони бисёри рӯзгорашро ба ҷунбиш овард; ба ҳақиқатҷӯӣ, садоқат ба миллат, ба покиву нексириштӣ ҳидоят намуд. Мақсаду мароми ӯ тарбияи инсони поку меҳнатдӯст буд. Бисёр мехост, ки наберааш Фирӯза мисли худаш бошад ва ба камол расад ва метавон гуфт, ки ӯ ба мурод расид. Фирӯза ҳам бисёр хислатҳои модаркалонашро ба худ қабул кард. Дилоромканиз пеш аз маргаш ба Фирӯза насиҳат карда чунин гуфта буд: «То ба баландӣ набароӣ ҳамвориро намебинӣ, то рӯз набинӣ маънои рӯзгорро намефаҳмӣ. Ҳар чизро фурӯш, вале одамиятро нигоҳ дор!.. Мардум пӯстлохи дарахтон, решаи гиёҳҳоро канда мехӯрданд ва аз гуруснагӣ беҳол, аз хӯрокҳои нобоб варам карда буданд, аммо савдогарҳо, ғаллаҷаллобҳо мисли вабо пеш-пеши аҷал давида мегаштанд. Аз бадбахтии мо кайфу сафо менамуданд». Нависанда зоҳири Дилоромканизро бо камоли маҳорат тасвир кардааст. Зоҳири Дилоромканиз хеле хоксорона буда, дар кушодани ҷаҳони ботинии ӯ кӯмак мерасонад. «Мӯйҳои сафеди ӯро сарбанде аз шоли кӯҳнаи сиёҳе пинҳон мекард, фаранҷии рангпарида ва садямоқи ӯ, ки аз сараш партофта шуда буд, фақат расмиятро нигоҳ медошт ва аҷобаташ дар он буд, ки дар кӯчабудагон ва гузарандагон ба ин ҳеҷ аҳамият намедоданд». Воқеан ҳамин тавр ҳам буд. Дар симои ӯ одамият ва фаросати зани тоҷик ҷамъбаст ёфтааст. Бешубҳа, муваффақияти бузургтарини Ҷалол Икромӣ дар адабиёти муосири тоҷик дар офаридани нақшҳои Дилоромканиз ва Фирӯза ба назар мерасад. Маҳз бо ҳамин асар ва бо ҳамин симоҳои нотакрор на танҳо дар адабиёти муосири тоҷик, балки адабиёти халқҳои ҷаҳон соҳибшӯҳрат мегардад, мақоми арзанда пайдо мекунад. Чунон ки қаблан зикр кардем, образи Фирӯза прототипи зани мубориз Саломат Ҷаҳонгирова мебошад. Нависанда дар болои ин образ 6 сол заҳмат кашидааст. Илова бар маводе, ки бевосита аз забони Саломат Ҷаҳонгирова шунида ҷамъ кардааст, боз саҳнаю лаҳзаҳои ҷолибро аз худ ҳамроҳ намуда, нақши Фирӯзаро ба дараҷаи образи типӣ расондааст. Ҷалол Икромӣ дар ин хусус чунин мегӯяд: «Пас дар гирди ҳикояи Саломат Ҷаҳонгирова ҳикоя ва қиссаҳои бисёре илова шудан гирифтанд. Бисёрии воқеа ва ҳодисаҳои иловагиро ман шахсан фикр карда, бофта набаровардаам. Аксарияти онҳо ҳаётӣ, воқеӣ ва таърихӣ буданд... Ман фаҳмидам, ки ҳикояти Саломат Ҷаҳонгирова асоси китоби ман хоҳад шуд». Фирӯза пас аз вафоти бибикалонаш Дилоромканиз, ки 12 сол дошт, бепарастор мемонад. Вайро Оймуллои Танбӯр, ки зани бомаърифат ва мушфиқу меҳрубон буд, ба тарбияи худ мегирад. Он вақт Фирӯзаи камтаҷриба шикасту рехт, пасту баландиҳои зиндагиро хеле кам медонист. То ин айём парастор, ёру мададгораш Дилоромканиз болои сараш буд ва ҳар нозе, ки мекард, иҷро мешуду нозпарвар дошт. Акнун ӯ бояд ба ҳаёт бо чашми дигар назар кунад, ба ҳама пасту баландиҳои зиндагӣ омода бошад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Рӯзгор ва панду насиҳатҳои бибиаш ӯро пухта гардонд. Ҳамаи ин тадриҷан дар ҷараёни ҳодисоту воқеоти асар ба вуқӯъ омаданд. Фирӯзаро пас аз чанд муддат ба ҳавлии Ғаниҷонбой оварданд ва дар қатори канизони Ғаниҷонбой ҷой гирифт. Нахуст итоаткор ва хомӯшу сархам буд. Ба пичингу гапҳои занони амалдор, аз он ҷумла занони Ғаниҷонбой гӯш мекард. Аммо рафта-рафта зоҳиран ва ботинан тағйир ёфт. Хомӯш намеистод, дар мавқеаш ҷавобҳои сахт ҳам медод. Ӯ худ ба худ андеша мекард: «Наход ки ман ҳам мисли Шамсия, мисли Савсан ҷавонмарг шавам. Не, ман бояд аз ин даргоҳ, аз ин варта наҷот ёбам!». Инак, боз садои эътирози ӯ баландтар мешавад. Ҳангоми дар дарбори амир Олимхон буданаш беибо, нотарсона, бо хашму ғазаб ба занҳои дарбор чунин мегӯяд: - «Рафта ба амир ва Пошшобибӣ гӯед ки, - гуфт ба овози баланд Фирӯза, - мо аз оташ, аз аҷал ва аз тиру туфанг наметарсем! Оташ ҳам, аҷал ҳам, тиру туфанг ҳам аз азобу уқубати бандагӣ, канизӣ ва дарбори шумо беҳтар аст! Сӯзеду хокистар шавед, ки хонумони моро сӯхтед! Нест шавед!». Таъхонаро гулғула фаро гирифт. Рӯйҳои зану духтарҳо аз ҳаяҷони қалб сурх шуда буд, чашмонашон медурахшид, дилашон бо умед ва орзуҳои хуррам аз нав мезад ва метапид. Таъкид намудан зарур аст, ки нависанда ба воситаи нақши Фирӯза ташаккули шахсияти зани тоҷикро дар ҷомеа ба миён гузошт. Ҳамин тавр Фирӯза аз як сағирадухтари оддӣ ба дараҷаи зани фаъол, мубориз, дурандеш, роҳбару кордон сабзида расид. Ӯ дар кураи муборизаҳои синфӣ камол ёфта, ҳамчун образи инкишофёфтаи типӣ намудор мегардад. Дуруст аст, ки дар байни нақшҳои Дилоромканиз ва Фирӯза монандиҳои назаррас мушоҳида мешаванд, вале бояд хотиррасон кард, ки дар байни онҳо аз бисёр ҷиҳат тафовутҳо ҳам дида мешаванд. Агар ба тарзи мушаххас гӯем, нақши Фирӯза давоми мантиқии нақши Дилоромканиз мебошад. Дилоромканиз ҳама гуна зулму золимӣ, қабоъату разолати соҳибмансабон ва аъли дороро медонист. Гапи сахтро нотарсона ба онҳо мегуфт. Лозим шавад, бо ин гурӯҳ бо сухан мубориза мебурд. Фирӯза бошад, илова ба он сифатҳое, ки дар ҳаққи Дилоромканиз гуфтем, боз зани мубориз буд, ба муқобили онҳо, сохти пӯсидаи аморати Бухоро муборизаи сахт бурд. Ӯ ба тақдир, ба қисмати хеш тан надод ва барои ояндаи неки худ, Ватан ва миллати хеш фидокорона мубориза бурд. Нависанда дар симои ӯ хислатҳои нек ва мақсаду мароми занони пешқадаму фаъоли тоҷикро ҷамъбаст намудааст. Дар ин бора адабиётшинос Усмонова З. Г. баҳои сазовор додааст: «Симои ботинии ӯ ба таври ҳайратангез дигар мешавад. Вай дар сӯҳбатҳои ҷиддии сарварони инқилоби Бухоро баробари онҳо иштирок менамояд, ҷавобҳои ӯ пур аз ҳисси шоистагӣ ва иззати нафс, пур аз эътимоду боварӣ ба худ, ба ояндаи хонаводаи худ, шавҳари худ Асо, дӯстони вай, тамоми халқ мебошад». Фирӯза бо корҳои нек, бо ақли расои худ аз дигар духтарон ба мисли Савсан, Шамсия, Нозгул ва дигарон фарқ карда меистад. Нависанда дар симои онҳо духтарони мазлум, итоаткор ва ба тақдир тандодаро нишон додааст, ки ҷамъият онҳоро ба ин рӯзи сахт овардааст. Аммо ин нақшҳо барои беҳтару хубтар баромадани образи асосӣ - Фирӯза ҳамчун образҳои ёрирасон хизмат кардаанд. Нависанда ҳусну ҷамол ва зебоию малоҳати духтарони тоҷикро дар симои Фирӯза хеле табиӣ ба қалам додааст. Масалан, дар бораи ҳусни табиии Фирӯза ва сару либоси хоксоронаи ӯ нависанда чунин мегӯяд: «Ҳамаи ин сару либоси одамиёна ва ҳатто бечораҳолона пӯшидаи ӯ ба худаш мезебиданд. Вай духтаре буд гандумгун, бо чашму абрӯи сиёҳ ва лабу даҳони мисли ғунча зебо, бо рухҳои мисли себи сурх тар ва тоза, бо сари баланд ва дасту пои чаққон ва серҳаракат, ҳар кас, ки чеҳраи зебои ӯро медид, беихтиёр чашмашро аз вай канда натавониста мемонд». Муҳимаш он аст, ки нависанда ба ин восита баъзе паҳлуҳои характер, рафтору кирдори қаҳрамони асосиро мушаххас намудааст. Албатта, хусусиятҳои фардии Фирӯза ӯро ба дараҷаи образи камолёфтаи типӣ пухта расонданд. Дар роман дар баробари нақшҳои Дилоромканиз ва Фирӯза занҳои зиёде амал мекунанд, ки ҳар кадомашон бо рафтору кирдор ва характери нотакрори худ аз як дигар фарқ карда, барои барҷаста баромадани симои қаҳрамонҳои асосии роман кӯмаки расондаанд. Аз байни кулли онҳо нақшҳои Оймуллои Танбӯр ва Шамсия мақоми хос доранд. Зиндагӣ, кору рафтори онҳо ба ҳаёти Дилоромканизу Фирӯза пайванди ногусастанӣ дорад. Оймуллои Танбӯр зани босавод, бомаърифат аст. Ӯ духтаронро таълим дода, савод меомӯзонад. Шамсияю Фирӯза аз ҷумлаи шогирдони арзандаи ӯ буданд ва аз Оймулло савод омӯхта, шеъри Хоҷа Ҳофиз ва дигар адибони бузурги гузаштаро қироат ва ҳифз менамуданд. Ҳамин тавр Оймуллои Танбӯр дар дили духтарони тоҷик чароғи илму ирфонро фурӯзон мегардонд ва меҳру муҳаббат, одамият ва садоқатро нисбат ба инсонҳо тавлид менамуд. Албатта, ҳамаи ин корҳоро бо гап не, балки дар амал нишон медод. Яъне нависанда бо ин восита таъкид карданист, ки худи Оймулло бо ин хислатҳои ҳамида оростааст. Масалан, вақте ки Дилоромканиз вафот мекунад, Оймулло Фирӯзаро ба тарбияи худ мегирад, ки ин одамгарӣ, инсондӯстӣ, мушфиқу меҳрубон, ғамхору қадрдон будани ӯро нишон медиҳад. Умеду орзуи ягонаи ӯ соҳибмаърифат гардондани занони тоҷик аст. Дар ин роҳ саъю кӯшиш мекунад, матонату суботкорӣ нишон медиҳад ва гоҳ-гоҳ ба мақсади хеш ноил мегардад, ки намунаи ин саводнок шудани сағираи бекас Фирӯза шуда метавонад. Вале бояд иқрор шуд, ки Оймуллои Танбӯр мисли Дилоромканиз боҷуръат ва нотарс нест. Ӯ нисбати ҳама гуна беадолатиҳои аҳли ҷоҳу сарват нафрат дорад. Ҳангоме ки Нозгулро ба халта андохта химчакорӣ мекунанд, ранҷу озор медиҳанд, ӯ бо Шамсияю Фирӯза оби чашм мерезонанд, азоби рӯҳӣ мекашанд, ба золимон лаънат мехонанд. Онҳо илоҷи дигаре надоштанд. Ё бигирем, ҳаёти фоҷиавии Шамсия-духтари миршаб Абдураҳимбекро. Ӯро Оймуллои Танбӯр тарбият карда, соҳибмаърифат гардонд. Беҳтарин хислатҳои инсониро дар қалби ӯ ҷой намуд. Шамсия низ ба рафтору кирдори золимон нафрат дорад, вале камҷуръат аст. Месӯзаду имкони сухан гуфтан, эътироз кардан надорад. Зиёда аз ин барои бахту саодат ва ишқи поки худ, ки Ашрафҷонро дӯст медошт ва падараш ба ин розӣ набуд, беилоҷ монд, мубориза бурда натавонист. Барои ҳамин Шамсия маҷбур шуд, ки худкушӣ намояд ва ҳамаи дарду алам, ишқи покашро бо худ ба гӯр барад. Нависанда ба ин восита беҳуқуқии занону духтарони тоҷикро ё аз табақаи поён бошанду ё аз табақаи боло хеле боварибахш тасвир намудааст. Ҳаёти фоҷиавии Шамсия барин духтарон дар дили хонанда нисбати золимон, аъли ҷоҳ ва махсусан амирон як ҷаҳон нафрату адоватро тавлид мекунад ва нависанда моҳияти ҳаётро воқеӣ, реалистона тасвир намудааст. Дили нависанда ба ҳаёти фоҷиавии ҳамин гуна духтарони оқила, вале бехуқуқу бечора месӯзад, вале илоҷи дигар надорад, зиндагӣ ҳамин аст ва ин зиндагиро ӯ ҳаққонӣ ба қалам додааст ва бурди адиб ҳам дар ҳамин аст. Ҷалол Икромӣ ба ин восита ҳаёти як давраи мураккаби кишварро нишон дода, таъкид карданист, ки агар онҳо ба мақсади олии хеш нарасида бошанд ҳам, барои дигарон роҳ кушоданд, намунаи ибрат шуданд. Образҳои Дилоромканиз, Фирӯза, Оймуллои Танбӯр, Шамсия ва дигарон барои насли имрӯза намунаи ибрат мебошанд. Умеди онҳо имрӯз ҷомаи амали пӯшид. Оре, имрӯз занону духтарони тоҷик озодона мехонанд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кор мекунанд. Нависанда на танҳо дар кушодани амалиёт, мақсаду маром ва дунёи ботинии занон муваффақиятҳои назаррас дорад, балки ҳусну ҷамоли худододии онҳоро бо камоли маҳорат тавсиф кардааст. Тавре зикр шуд, Оймуллои Танбӯр ҳам аз зумраи занони бомаърифат, ҳунарманд аст. Аз тасвири симои зоҳирии ӯ ҳамин сифатҳои олии инсонӣ равшан мегардад. Бешубҳа, кас пас аз хондани роман ба чунин тасвирҳои шоирона шинос шуда, нисбати ин образҳо муҳаббат пайдо мекунад ва аз ҳусну латофати онҳо як ҷаҳон лаззат мебарад. «...Симо, ваҷоҳати ӯ чунон дилкаш, чунон ҷозибанок буд, ки ҳар кас мегуфт: «Оё ин занро пештар дар куҷо дида бошам»? Абрӯвони сиёҳ, чашмони калон-калони шаҳло ва дилбар, рӯи мудаввар ва банур, лабу даҳони ҳамеша ба табассум моили вай чашми бинандаро беихтиёр ба худ ҷалб мекард». Ғайр аз ин дар романи «Духтари оташ» нақшҳои занони манфӣ кам нестанд. Ба ин гурӯҳ занони табақаи боло бештар шомиланд. Ҳаракату рафторҳои ношоистаи Назокат, Мағфират, Мушаррафа, Холдорхон, Оими дастархончӣ, Пошшобӣ дар рафти ҳодисаю воқеаҳои асар кушода дода шудаанд. Онҳо аз нигоҳи характер аз якдигар тафовути ҷиддӣ доранд. Масалан, Пошшобӣ ва Мағфират ниҳоят бадрашк, ҳасуд, нотавонбин буда, ҳамеша аз пайи ранҷу озори Фирӯза, Нозгул барин духтарони покдоман ҳастанд. Бо вуҷуди он ки онҳо мансуби табақаи боло ҳастанд, дар назди шавҳарони худ ночизу нотавонанд. Илова бар ин онҳо низ аз ҳар гуна ҳуқуқҳои инсонӣ маҳрум мебошанд.

МАҚОМИ МАРДОНИ ОҚИЛУ МУБОРИЗ ДАР РОМАН

Дар роман нақшҳои мардони оқил, мубориз, ки бештарашон аз табақаи поёни ҷомеа ҳастанд, амал мекунанд. Ба ин гурӯҳ нақшҳои Ҳайдарқул, Асо, Ашрафҷон, Аҳмадҷони Машкоб, Истад ва дигарон мансубанд. Нависанда ба воситаи нақши Ҳайдарқул нерӯю қудрати халқи азияткашида, ҷабру ситамдидаро ба қалам додааст. Ӯ аслан ба пешаи моҳипазӣ машғул буда, аз рӯи он қути лоямути аҳли оилаашро пайдо мекард. Нахуст, пас аз он ки ба номуси зану духтараш Савсан Саиди Маст ва Ғаниҷонбой таҷовуз карда, онҳоро мекушанд, хун ба хун гуфта аз паси қасосгирӣ мешавад. Дар ин роҳ то андозае ба мақсад мерасад. Ҳайдарқул дар ин бора чунин изҳор менамояд: «Акнун ман танҳо барои як мақсад зиндагӣ мекунам: «Ниқор! Аз душманонам ниқори духтари нокомам, ниқори зани кулфатзадаам ва ниқори худамро гирам, вассалом». Вале пасон дар натиҷаи бо коргарони рус (Смирнов, Соколов) вохӯрдан андешааш тағйир меёбад. Даҳ соли бадарғагӣ дар Сибир шуур, рафтору кирдори Ҳайдарқулро тағйир дода, яке аз муборизи фаъоли роҳи озодӣ мегардад. Нависанда дар симои ӯ образи шахсони муборизро нишон додааст. Ӯ дигар ниқор ва интиқоми як-ду нафар наздиконашро намегирад, балки ба хотири бахту саодат ва ободию озодии халқ ва кишвараш мубориза мебарад. Асо ва Аҳмадҷони Машкоб ҳам дар мубориза барои ҳаёти нав саъю талош доранд. Онҳо ҳам бо Ҳайдарқул дар ин муборизаҳо ҳамроҳ ҳастанд ва барои барқароршавии Ҳукумати Шӯроҳо саҳми арзанда доранд. Асо хизматгори дари хонаи Ғаниҷонбой буду солҳои дароз хизмати бемузд кард. Вале дар тӯли солҳои зиёд тағйир ёфт. Насиҳатҳои Дилоромканиз, Ҳайдарқул, Аҳмадҷон рӯҳияи ӯро дигар намуд. Нависанда дар симои Асо ташаккулёбии шуури ҷавононро нишон додааст. Нахуст мисли Ҳайдарқул аз золимон қасос мегирифт. Аммо баъдтар фаҳмид, ки ин усули кор роҳи ягона набудааст, роҳи асосӣ бо мардуми оддӣ будан ва онҳоро ба мубориза сафарбар намудан будааст. Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар анҷоми асар Асо шахси фидокор, муборизи роҳи озодӣ гардид. Дар муборизаҳои револютсионӣ фаъолона иштирок кард. Муҳаббати ӯ нисбати Фирӯза бисёр самимӣ ва поку беолоиш аст ва бо ҳам барои бахту саодати худ саъю талош карданд ва ба муроди хеш расиданд. Нависанда дар тасвири Асо чунин мегӯяд: «Вай ҷавоне буд қадбаланд, чорпаҳлу, бо дасту пойҳои баҳодурона, кулчарӯй, шаҳлочашм ва гандумгун, ба гирди лабаш акнун сиёҳча зада мӯйлаб мебаромад, лекин ҷуссаи паҳлавононаи ӯ дар назари аввал вайро ба чашм аз синну солаш калонтар карда нишон медод». Дар роман мисли Тоҳирҷон, Истад, Иброҳим, Сафия, Амону Умарҷон ва дигарон фаъолият доранд ва адиб дар симои онҳо характеру хусусиятҳои ба худ хоси ҷавонони фаъолу муборизи халқи тоҷикро ҷамъбаст кардааст. Дар романи «Духтари оташ» як гурӯҳ персонажҳои манфӣ амал мекунанд, ки кулли онҳо намояндагони табақаи болои ҷомеа ҳастанд. Ба ин гурӯҳ Латифбой, Қароқулбой, амир Олимхон, оқсақол, миршаб ва дигарон мансубанд. Албатта, ҳамаи онҳо дар куштори ашхоси бегуноҳ, зулму таадии бечорагон, фиребу найранг дасти тавоно доранд. Характер, гуфтору кирдорашон гуногун бошад ҳам, вале мақсадашон як аст. Нависанда дар симои онҳо зулму золимӣ, беадолатӣ, беинсофӣ, хиёнату беандешагӣ ва фисқу фасодии гурӯҳҳои табақаи болоро ҷамъбаст намудааст.

Аҳамияти тарбиявии романи «Духтари оташ»

Умуман нақшҳои офаридаи романи «Духтари оташ» пандомӯзанд. Хонанда на танҳо аз кору рафтори каҳрамонони мусбат панди судманд мегирад, балки рафтору кирдору гуфтори ашхоси ношоиста барои хонандагон низ ибратомӯз буда, саъю кӯшиш менамоянд, ки дар зиндагӣ мисли онҳо нашаванд, мисли онҳо амал накунанд. Ба ҳамин тариқ, агар дар анҷом бо суханони устод Мирзо Турсунзода, ки дар бораи аҳамияти тарбиявии романи «Духтари оташ» гуфтааст, фикри худро ҷамъбаст намоем, меарзад: «Романи «Духтари оташ» аз ҷумлаи асарҳоест, ки хонандаро бо қуввати ибратбахши қаҳрамонони мусбати худ тарбия мекунад. Амалиёт, ақида ва ҷараёни зиндагонии як қатор персонажҳои романи «Духтари оташ» аз қабили Дилоромканиз, Фирӯза, Ҳайдарқул, Аҳмади Машкоб, Асо, Умарҷон ва дигарон барои насли имрӯза намунаи ибрат буда, диловарӣ, ватандӯстӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсониро меомӯзонад».

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2