Деҳқони камбағал.
Як деҳқони камбағал буд. Дар дил орзуе дошт, ки бою бадавлат шавад. Рӯзе ҷуфт меронд, ки нӯги сипор ба чизе бархӯрд. Кофта дид, ки як кӯза. Аз зери хок бароварда дид, ки даруни кӯза пур аз тангаҳои зар! Марди деҳқон хурсанд шуда, кӯзаро ба халта андохта пинҳон кард. Пинҳон карду сар бардошта дар раҳе, ки аз назди саҳро мегузашт, савореро диду ба дилаш алав афтод.
-«Рафту ин одам кӯзаи зар ёфтани маро дида бошад, фикр кард деҳқон, пеши подшоҳ раваду хабар диҳад, подшоҳ маро ба зиндон андозад.
-Беҳтараш, — фикр кард деҳқон, — даъват кунаму зарро ду тақсим карда гирем».
— Эй савора! — гуфт деҳқон, — назди ман биё! Савора пешаш омада, вохӯрӣ карду пурсид.
— Хуш, бобо, чӣ гап дорӣ, маро чаро аз роҳам доштӣ? «Маълум, ки надидааст, фикр кард деҳқон, беҳуда ҷеғ задаам». Ҳамин хел фикр карду ҷуфти говашро нишон дода гуфт:
— Бингар, кадоме аз ин говҳо беҳтар аст?
— Ман вақти тамошои говҳои туро надорам! Ранҷид савора.
— Корам зарур. Савора ҳамин суханро гуфту ба аспаш камчин зад.
-«Оҳ, фикр кард деҳқон, маълум мешавад, ки кӯзачаро дидааст, зудтар рафта ба подшоҳ хабар додан мехоҳад. Магар беҳтар нест, ки ҳаққи ӯро ҳам диҳаму халос шавам!»
— Эй! овоз дод деҳқон.
— Баргард! Рости гапро мегӯям! Роҳгузар ҳайрон баргашту аз деҳқон пурсид:
— Хуш, чӣ будааст он гапи росте, ки ту ба ман гуфтанӣ ҳастӣ? «Ба ӯ дар бораи тилло гӯям? Боз фикр кард деҳқон. Не, намегӯям!»
— “Э…э… одами нек… ана ҳамин оҳани ҷуфта ман аз бозор харидам. Фурӯшанда гуфт, ки ин нав аст, ман гуфтам, ки кӯҳна. Фикри ту чист?»
— Эй аҳмақ! гуфт оташин шуда савора.
— Чаро ту гапҳои аҳмақона зада, маро аз роҳам мемононӣ?! Хайр! Савора ин гапро заду аз деҳқон дур шуд. «Вай дар вокеъ кӯзачаро дидааст, баръакси ҳол ин қадар оташин намешуд». Сари ин фикр деҳқон сахт ба таҳлука афтод.
— Уй-уй! Эй марди нек, баргард! Савганд мехӯрам, ки ин даъфа рости гапро мегӯям! Савора ин суханонро шунида, баргашт:
— Канӣ бигӯ! Чӣ гапи рост? Пурсид ӯ. «Ин мард мепурсад, ки чӣ гапи рост… пас маълум мешавад, ки намедонад»
— фикр кард деҳқону гуфт:
— Аз ҳамин говҳо якеро фурӯхтан мехохам. Ту чӣ маслиҳат медиҳӣ?
— О, ту аҳмактарини аҳмақонӣ! Ғазаб кард савора.
— Бо саволҳои аблаҳонаи худ ба бадам задӣ! Агар ту маро нигаҳ намедоштӣ, кайҳо рафта ба дарбори подшоҳ мерасидам! Ҳарчанд ки дод гӯи ҳам дигар бар намегардам! Савора асп давонда, монда рафт. “Эй вой бар ҳоли ман”! — гуфт деҳқон.
— Ба вай нисфи тиллоро медодам, беҳтар буд. Вай асп тозонда ба дарбор рафт, то ки хабари кӯзачаи тиллоро ҳарчӣ зудтар ба подшоҳ расонад. Эй Худое корам расво шуд!»
Деҳқон ҳамин хел фикр карду ҷуфтро монда, халтаеро, ки ба дарунаш кӯзачаи тиллоро андохта буд, шитобон ба хонааш овард. Деҳқон ба хона расида аз назди дарвоза фарёд кард:
— Эй зан шодӣ кун! Тилло ёфтам! Кузаи тилло ёфтам! Занаш хурсанд шуда, тозон омада, халтаро гирифт.
— Исто зан! — гуфт шавҳараш, — медонӣ чӣ шуд? Вақте кӯзачаро ба халта меандохтам, як савор гузашт. Ба гумонам кӯзаро дид. Вай ба дарбори подшоҳ рафт, хабари кӯзачаро, албатта, ба подшоҳ мерасонаду вай маро ба зиндон мепартояд. Вой бар ҳоли ман! Беҳтараш худам ба подшоҳ бурда диҳаму ҷонамро халос кунам. Деҳқон кӯзачаро ба занаш доду аз паси говонаш рафт. Ин замон занаш кӯзачаро аз халта гирифта, дароварда таги кӯрпа руст кард. Баъд ин тараф, он тарафро кофта, як санги ба кӯзача монандро ёфта, ба халта андохта монд. Деҳқон говҳояшро оварду халтаро бардошта, ба дарбори подшоҳ рафт. Ба назди дарвозаи қасри подшоҳ омада, аз посбон пурсид:
— Ба ин ҷо як марди савора наомадааст?
— Ҳа, омад! — ҷавоб дод посбон. «Оҳ, Худое, — ба воҳима афтод деҳқон, — вай албатта, ба подшоҳ сирри тиллоро гуфтааст! Тезтар даромада, ин кӯзачаро ба дасти худи подшоҳ диҳам! Подшоҳ кӯзаро гирад, ба ман раҳм мекунад, албатта!» Деҳқон ҳамин хел фикр карду ба посбонон гуфт:
— Маро ба қаср роҳ диҳед! Ба подшоҳ як кори зарур дорам! Посбонҳо ба ӯ рухсат доданд. Деҳқон ба саҳни қаср қадам монда буд, ки подшоҳ ҳамроҳи надимонаш рӯ ба рӯ баромад. Деҳқон баъди салому таъзим халтаашро ба дасти подшоҳ дод. Надимонаш халтаро кушода, аз дарунаш сангеро бароварданд.
— Ин чӣ кори кардагиат?! Чаро ин санги бекораро пеши ман овардӣ?!
Подшоҳ дар ғазаб шуд.
— Эй подшоҳи муаззам, эй султони бокарам! — гуфт деҳқон. — Донотарин одам шумоед, ин ҷо ҳукми шумо даркор: занам мегӯяд, ки ин санг — ҳашт қадоқ, ман мегӯям, ки даҳ қадоқ, гапи кадоми мо дуруст аст? Подшоҳ оташин шуда, фармуд, ки деҳқонро ба зиндон партоянд. Надимони подшоҳ ӯро кашида бурда, ба зиндони торик партофтанд. Деҳқон дар як кунҷи зиндон нишаста гирифту ба фикр:
«Охир кӯзаи пури тилло ёфта будам-ку, бараш ин қадар! — деҳқон бо ду дасташ ишора кард — қади кӯза ин қадар буд! — Деҳқон ангуштони дастонашро ба ҳам оварда, даҳони кӯзаро тасвир кард. Чӣ бадбахт?! Ман чӣ кардам?». Деҳқон дар зиндон бо лабонаш пичир-пичир мекунад, бо дастонаш ишорат намуда, бо алам оҳ мекашад. Зиндонбон рафтори деҳқонро як муддат тамошо карду баъд пеши подшоҳ рафта, гуфт. Подшоҳ фармон дод, ки деҳқонро ба наздаш биёранд.
— Бигӯ, ту пичир-пичир карда чиҳо мегуфтӣ? Дастонатро ба ҳаракат оварда, чӣ чизҳоро нишон медодӣ? — бо ғазаб пурсид подшоҳ.
— О подшоҳи мамлакат, — гуфт деҳқон. — Ман имрӯз замин шудгор мекардам, кӯзаи обам дар сари замин монд. Шояд кӯзаамро кадом дузде бурда бошад. Аз зиндон, ки озод шудам, рафта дуздро меёбаму кӯзаамро талаб мекунам. Дузд ба ман кӯзаро намедиҳад. Мегӯяд, ки ин кӯзаи ман. Маҷбур мешавам ӯро ба маҳкамаи қозӣ кашам ва бо дастонам фаҳмонам, ки он чӣ ҳаде дошту чӣ баре, даҳонаш чӣ қадар буд. Қозӣ кӯзаро оварда, дурустакак нигоҳ карда, мебинад, ки гапи ман рост аст. Ҳукм мекунад, ки дузд кӯзаамро диҳад. Ман дар зиндон нишаста чӣ хел нишон додани ҳадду андозаи кӯзаро ба қозӣ машқ мекардам.
— Ту маро фиреб медиҳӣ! — фарёд кард подшоҳ.
— Баред ӯро ба зиндон ва коре кунед, ки рости гапро гӯяд. Деҳқонро боз ба зиндон андохтанд ва каҳи кӯҳна оварда, ба рӯяш каланфур пошида, даргиронданд. Каҳ дуди тунд бароварда нафасашро гардонд, вай тоқат карда натавониста, дод гуфт:
— Маро аз ин ҷо озод кунед! Ман ба подшоҳ рости гапро мегӯям! Посбонҳо ӯро боз пеши подшоҳ бурданд. Деҳқон ба подшоҳ наздик шуда ба гӯши ӯ гуфт:
— Ин корро дигар такрор накун, ки каҳдуд маро заҳролуд мекунад! Подшоҳ қарор дод, ки ин мард девона аст, фармуд, ки зада пеш кунанд. Деҳқон хурсанд шуда, ба хонааш баргашт. Аз ҳамон рӯз сар карда, деҳқон сарватманд шуд. Ҳам худаш зиндагии хуб дошту ҳам ба бечорагон кӯмак мекард.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё