Зиндаруд мушкилоти худро пеши арвоҳи бузург мегӯяд
(Муҳамад Иқболи Лоҳурӣ)
Аз мақоми мӯъминон дурӣ чаро,
Яъне аз фирдавс маҳҷурӣ чаро?
Ҳаллоҷ
Марди озоде, ки донад хубу зишт,
Менагунҷад рӯҳи ӯ андар биҳишт.
Ҷаннати мулло маю ҳуру ғулом,
Ҷаннати озодагон сайри давом.
Ҷаннати мулло хуру хобу суруд,
Ҷаннати ошиқ тамошои вуҷуд.
Ҳашри мулло шаққи қабру бонги сур,
Ишқи шӯрангез худ субҳи нушур.
Илм бар биму риҷо дорад асос,
Ошиқонро не умеду не ҳарос.
Илм тарсон аз ҷалоли коинот,
Ишқ ғарқ андар ҷамоли коинот.
Илмро бар рафтаву ҳозир назар,
Ишқ гӯяд: "Он чи меояд, нигар!"
Илм паймон баста бо ойини ҷабр,
Чораи ӯ чист ғайр аз ҷабру сабр?!
Ишқ озоду ғаюру носабур,
Дар тамошои вуҷуд омад ҷасур.
Ишқи мо аз шикваҳо бегонаест,
Гарчи ӯро гиряи мастонаест.
Ин дили маҷбури мо маҷбур нест,
Новаки мо аз нигоҳи ҳур нест.
Оташи моро бияфзояд фироқ,
Ҷони моро созгор ояд фироқ.
Бе халишҳо зистам, нозистан,
Бояд оташ дар таҳи по зистан.
Зистан ин гуна тақдири худист,
Аз ҳамин тақдир таъмири худист.
Заррае аз шавқи беҳад рашки меҳр,
Ғунҷад андар синаи ӯ нӯҳ сипеҳр.
Шавқ чун бар оламе шабхун занад,
Ониёнро ҷовидонӣ мекунад!
Зиндаруд
Гардиши тақдир маргу зиндагист,
Кас надонад гардиши тақдир чист!
Ҳаллоҷ
Ҳар кӣ аз тақдир дорад созу барг,
Ларзад аз нерӯи ӯ Иблису марг.
Ҷабр дини марди соҳибҳиммат аст,
Ҷабри мардон аз камоли қувват аст.
Пухтамарде пухтатар гардад зи ҷабр,
Ҷабр марди хомро оғӯши қабр.
Ҷабри холид оламе барҳам занад,
Ҷабри мо беху буни мо барканад.
Кори мардон аст таслиму ризо,
Бар заъифон рост н-ояд ин қабо.
Ту, ки донӣ аз мақоми Пири Рум,
Менадонӣ аз каломи Пири Рум.
Буд габре дар замони Боязид,
Гуфт ӯро як мусалмони саъид:
Хуштар он бошад, ки имон оварӣ,
То ба даст ояд наҷоту сарварӣ.
Гуфт: "Ин имон агар ҳаст, эй мурид,
Он, ки дорад шайхи олам Боязид.
Ман надорам тоқати он, тоби он,
Кон фузун омад зи кӯшишҳои ҷон".
Кори мо ғайр аз умеду бим нест,
Ҳар касеро ҳиммати таслим нест.
Эй, ки гӯйӣ буданӣ ин буд, шуд,
Корҳо побанди ойин буд, шуд.
Маънии тақдир кам фаҳмидаӣ,
Не худиро, не Худоро дидаӣ.
Марди мӯъмин бо Худо дорад ниёз,
Бо ту мо созем, ту бо мо бисоз.
Азми ӯ халлоқи тақдири Ҳақ аст,
Рӯзи ҳайҷо тири ӯ тири Ҳақ аст!
Зиндаруд
Камнигоҳон фитнаҳо ангехтанд,
Бандаи Ҳақро ба дор овехтанд.
Ошкоро бар ту пинҳони вуҷуд,
Боз гӯ, охир гуноҳи ту чӣ буд?
Ҳаллоҷ
Буд андар синаи ман бонги сур,
Миллате дидам, ки дорад қасди гур.
Мӯъминон бо хӯю бӯйи кофирон,
"Ло илаҳ"-гӯёну аз худ мункирон.
"Амри Ҳақ" гуфтанд нақши ботил аст,
Аз-он ки ӯ вобастаи обу гил аст.
Ман ба худ афрӯхтам нори ҳаёт,
Мурдаро гуфтам зи асрори ҳаёт.
Аз худӣ тарҳи ҷаҳоне рехтанд,
Дилбарӣ бо қоҳирӣ омехтанд.
Ҳар куҷо пайдову нопайдо худӣ,
Барнаметобад нигоҳи мо худӣ.
Норҳо пӯшида андар нури ӯст,
Ҷилваҳои коинот аз Тури ӯст.
Ҳар замон, ҳар дил дар ин дайри куҳан
Аз худӣ дар парда мегӯяд сухан.
Ҳар кӣ аз нораш насиби худ набурд,
Дар ҷаҳон аз хештан бегона мурд.
Ҳинду ҳам Эрон зи нураш маҳрам аст,
Он, ки нораш ҳам шиносад, он кам аст.
Ман зи нуру нори ӯ дорам хабар,
Бандае маҳрам, гуноҳи ман нигар.
Он чӣ ман кардам, ту ҳам кардӣ, битарс,
Маҳшаре бар мурда овардӣ, битарс!
Тоҳира
Аз гуноҳи бандаи соҳибҷунун
Коиноти тозае ояд бурун.
Шавқи беҳад пардаҳоро бардарад,
Кӯҳнагиро аз тамошо мебарад.
Охир аз дору расан гирад насиб,
Барнагардад зинда аз кӯйи ҳабиб.
Ҷилваи ӯ бингар андар шаҳру дашт,
То напиндорӣ, ки аз олам гузашт.
Дар замири асри худ пӯшидааст,
Андар ин хилват чӣ сон гунҷидааст?
Зиндаруд
Эй, туро доданд дарди ҷустуҷӯй,
Маънии як шеъри худ бо ман бигӯй.
"Қумрӣ кафи хокистару булбул қафаси ранг,
Эй нола, нишони ҷигари сӯхтае чист?!"
Ғолиб
Нолае, к-ӯ хезад аз сӯзи ҷигар,
Ҳар куҷо таъсири ӯ дидам дигар.
Қумрӣ аз таъсири ӯ восӯхта,
Булбул аз вай рангҳо андӯхта.
Андар ӯ марге ба оғӯши ҳаёт,
Як нафас ин ҷо ҳаёт, он ҷо мамот.
Ончунон ранге, ки аржангӣ аз ӯст,
Ончунон ранге, ки берангӣ аз ӯст.
Ту надонӣ, ин мақоми рангу бӯст,
Қисмати ҳар дил ба қадри ҳою ҳуст.
Ё ба ранг о, ё ба берангӣ гузар,
То нишоне гирӣ аз сӯзи ҷигар!
Зиндаруд
Сад ҷаҳон пайдо дар ин нилифазост,
Ҳар ҷаҳонро авлиёву анбиёст:
Ғолиб
Нек бингар андар ин буду набуд,
Пай ба пай ояд ҷаҳонҳо дар вуҷуд.
Ҳар куҷо ҳангомаи олам бувад,
Раҳмату-л-лилоламайне ҳам бувад!
Зиндаруд
Фоштар гӯ, з-он ки фаҳмам норасост,
Ғолиб
Ин суханро фоштар гуфтан хатост!
Зиндаруд
Гуфтугӯйи аҳди дил беҳосил аст,
Ғолиб
Нуктаро бар лаб расидан мушкил аст!
Зиндаруд
Ту саропо оташ аз сӯзи талаб,
Бар сухан ғолиб наоӣ, эй аҷаб!
Ғолиб
Халқу тадбиру ҳидоят ибтидост,
Раҳмату-л-лилоламайне интиҳост!
Зиндаруд
Ман надидам чеҳраи маънӣ ҳанӯз,
Оташе дорӣ агар, моро бисӯз!
Ғолиб
Эй чу ман бинандаи асрори шеър,
Ин сухан афзунтар аст аз тори шеър.
Шоъирон базми сухан оростанд,
Ин калимон бе яди байзостанд.
Он чӣ ту аз ман бихоҳӣ, кофирист,
Кофирӣ, к-ӯ моварои шоъирист!
Ҳаллоҷ
Ҳар куҷо бинӣ ҷаҳони рангу бӯ,
Он, ки аз хокаш бирӯяд орзӯ,
Ё зи нури Мустафо ӯро баҳост,
Ё ҳанӯз андар талоши Мустафост!
Зиндаруд
Аз ту пурсам, гарчи пурсидан хатост,
Сирри он ҷавҳар, ки номаш Мустафост.
Одаме ё ҷавҳаре андар вуҷуд,
Он, ки ояд гоҳ-гоҳе дар вуҷуд!
Ҳаллоҷ
Пеши ӯ гетӣ ҷабин фарсудааст,
Хешро худ «абдуҳу» фармудааст.
«Абдуҳу» аз фаҳми ту болотар аст,
Аз-он ки ӯ ҳам Одаму ҳам ҷавҳар аст.
Ҷавҳари ӯ не Араб, не Аъҷам аст,
Одам асту ҳам зи одам ақдам аст.
«Абдуҳу» суратгари тақдирҳо,
Андар ӯ вайронаҳо таъмирҳо.
«Абдуҳу» ҳам ҷонфизо, ҳам ҷонситон,
«Абдуҳу» ҳам шиша, ҳам санги гарон.
Абд дигар, «абдуҳу» чизе дигар,
Мо саропо интизор, ӯ мунтазар.
«Абдуҳу» даҳр асту даҳр аз «абдуҳуст»,
Мо ҳама рангему ӯ бе рангу бӯст.
«Абдуҳу» бо ибтидо беинтиҳост,
«Абдуҳу»-ро субҳу шоми мо куҷост?!
Кас зи сирри «абдуҳу» огоҳ нест,
«Абдуҳу» ҷуз сирри "иллаллоҳ" нест.
"Ло илаҳ" теғу дами ӯ «абдуҳу»,
Фоштар хоҳи бигӯ "ҳу абдуҳу".
«Абдуҳу» чанду чигуни коинот,
«Абдуҳу» рози даруни коинот.
Муддаъо пайдо нагардад з-ин ду байт,
То набинӣ аз мақоми "мо рамайт".
Бигзар аз гуфту шунид, эй Зиндаруд,
Ғарқ шав андар вуҷуд, эй Зиндаруд!
Зиндаруд
Кам шиносам ишқро, ин кор чист?
Завқи дидор аст, пас дидор чист?
Ҳаллоҷ
Маънии дидори он охирзамон,
Ҳукми ӯ бар хештан кардан равон.
Дар ҷаҳон зӣ чун расули инсу ҷон,
То чу ӯ бошӣ қабули инсу ҷон.
Боз худро бин, ҳамин дидори ӯст,
Суннати ӯ сирре аз асрори ӯст!
Зиндаруд
Чист дидори Худои нӯҳ сипеҳр,
Он ки бе ҳукмаш нагардад моҳу меҳр?!
Ҳаллоҷ
Нақши Ҳақ аввал ба ҷон андохтан,
Боз ӯро дар ҷаҳон андохтан.
Нақши ҷон то дар ҷаҳон гардад тамом,
Мешавад дидори Ҳақ дидори ом.
Эй хунук марде, ки аз як хӯйи ӯ
Нӯҳ фалак дорад тавофи кӯйи ӯ.
Войи дарвеше, ки хӯе офарид,
Боз лаб барбасту дам дар худ кашид.
Ҳукми Ҳақро дар ҷаҳон ҷорӣ накард,
Ноне аз ҷав хӯрду каррорӣ накард.
Хонақоҳе ҷусту аз Хайбар рамид,
Роҳибӣ варзиду султонӣ надид.
Нақши Ҳак дорӣ? Ҷаҳон нахчири туст,
Ҳаминон тақдир бо тақдири туст.
Асри ҳозир бо ту меҷӯяд ситез,
Нақши Ҳақ бар Лавҳи ин кофир бирез!
Зиндаруд
Нақши Ҳақро дар ҷаҳон андохтанд,
Ман намедонам чӣ сон андохтанд?
Ҳаллоҷ
Ё ба зӯри дилбарӣ андохтанд,
Ё ба зӯри қоҳирӣ андохтанд.
Аз-он ки Ҳақ дар дилбарӣ пайдотар аст,
Дилбарӣ аз қоҳирӣ авлотар аст.
Зиндаруд
Боз гӯ, эй соҳиби асрори Шарқ,
Дар миёни зоҳиду ошиқ чӣ фарқ?
Ҳаллоҷ
Зоҳид андар олами дунё ғариб,
Ошиқ андар олами уқбо ғариб!
Зиндаруд
Маърифатро интиҳо нобудан аст,
Зиндагӣ андар фано осудан аст.
Ҳаллоҷ
Сукри ёрон аз таҳипаймонагист,
Нестӣ аз маърифат бегонагист.
Эй, ки ҷӯйӣ дар фано мақсудро,
Дарнамеёбад адам мавҷудро!
Зиндаруд
Он ки худро беҳтар аз Одам шумурд,
Дар хуму ҷомаш на май боқӣ, на дурд.
Мушти хоки мо ба гардун ошност,
Оташи он бе сару сомон куҷост?
Ҳаллоҷ
Кам бигӯ з-он хоҷаи аҳли фироқ,
Ташнакому аз азал хунинаёқ.
Мо ҷаҳул, ӯ орифи буду набуд,
Куфри ӯ ин розро бар мо кушуд.
Аз фитодан лаззати бархостан,
Айш афзудан зи дарди костан.
Ошиқӣ дар нори ӯ восӯхтан,
Сӯхтан бе нори ӯ носӯхтан.
Аз-он ки ӯ дар ишқу хидмат ақдам аст,
Одам аз асрори ӯ номаҳрам аст.
Чок кун пироҳани тақлидро,
То биёмӯзӣ аз ӯ тавҳидро!
Зиндаруд
Эй, туро иқдими ҷон зери нигин,
Як нафас бо мо дигар сӯҳбат гузин!
Ҳаллоҷ
Бо мақоме дарнамесозему бас,
Мо саропо завқи парвозему бас.
Ҳар замон дидан, танидан кори мост,
Бе пару боле паридан кори мост!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё