Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - Дар ситоиши Наср ибни Аҳмад
Дар пораҳои боқимондаи қасидаҳои Рӯдакӣ бо роҳҳо, шеваҳо ва усулҳои гуногун ба мамдӯҳон нисбат дода шудани сифатҳои олии инсонӣ ва сиёсатмадорӣ ба назар мерасад. Шоир ба ташбеҳу маҳоз ва истиора, тазоду муболиға ва иғроқ, талмеҳ, таҳнис, музораа, иҳом ва дигар санъатҳои бадеӣ користонҳои ҳангии мамдӯҳ, хусусан пирӯзиҳои ӯро бар бадхоҳону бадандешони мулку давлат ситоиш намуда, воломанишию ростӣ, саховату шуҳоат адлу иқтидор, ҳиммат, хирадмандӣ ва амсоли инро ташвиқ менамояд. Мамдӯҳи асосии Рӯдакӣ Наср ибни Аҳмади Сомонӣ буд. Насрро Рӯдакӣ чун Рустам роду дар саховат чун Ҳотам ҳатто аз ӯ волотар, заковатманд, дар набард мисли Рустам шердилу мард, балки бартар тасвир мекунад:
Ҳотами Тойӣ туӣ андар сахо,
Рустами Дастон туӣ андар набард.
Не, ки Ҳотам нест бо ҳуди ту род,
Не, ки Рустам нест дар ҳанги ту мард.
Ба ҳамин тариқ, Рӯдакӣ вазифаи граждании адабиётро дуруст дарк намуда, эҷодиёти худ ва пеш аз ҳама асарҳои мадеҳавиашро ба сиёсати давлати замони худ тобеъ гардонда, ба ин васила барои давлати ягонаи мутамаркази миллӣ фаъолият нишон дод.
Қасидаҳо дар ситоиши Наср ибни Аҳмади Сомонӣ
Дер зиёд он бузургвор худованд,
Ҷони гиромӣ ба ҳонаш-андар пайванд!
Дойим бар ҳони ӯ биларзам, зеро-к
Модари озодагон кам орад фарзанд!
Аз маликон кас чун ӯ набувад ҳавоне
Роду сухандону шермарду хирадманд!
Кас нашиносад ҳаме, ки кӯшиши ӯ чун,
Халқ надонад ҳаме, ки бахшиши ӯ чанд!
Дасту забон дурру зар пароканад ӯро,
Ном ба гетӣ на аз газоф пароканд!
Дар дили мо шохи миҳрубонӣ бинишост,
Дил на ба бозӣ зи миҳри хоста барканд!
Ҳамчу муъаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,
Ҳамчу «Абасто»-ст фазлу сирати ӯ «Занд»!
Гарчи бикӯшанд шоъирони замона,
Мадҳи касеро касе нагӯяд монанд!
Сирати ӯ тухми кишту ниъмати ӯ об,
Хотири маддоҳи ӯ замини барӯманд!
Сирати ӯ бувад ваҳйнома ба Кисро,
Чунки ба ойин-ш «Панднома» биёганд!1
Сирати он шоҳ «Панднома»-и аслист,
З-ои ки ҳаме рӯзгор гирад аз ӯ панд!
Ҳар ки сар аз панди шаҳриёр бипечид,
Пойи тарабро ба доми гурм дарафканд.
Кист ба гетӣ хамирмояи идбор?!
Он, ки ба иқболи ӯ набошад хурсанд!
Ҳар ки нахоҳад ҳаме кушойиши кораш,
Гӯ: «Бишаву дасти рӯзгор фурӯ банд!».
Ай малак, аз ҳоли дӯстон-ш ҳаменоз!
Ай фалак, аз ҳоли душманон-ш ҳамеханд!
Охири шеър он кунам, ки аввал гуфтам:
«Дер зиёд он бузургвор худованд!».
Имрӯз, ба ҳар ҳоле, Бағдод Бухорост,
Куҳо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҳост!
Соқӣ, ту бидиҳ бодаву мутриб, ту бизан руд,
То май хурам имрӯз, ки вақти тараби мост!
Май ҳасту дирам ҳасту бути лоларухе ҳаст,
Ғам нест, в-агар ҳаст, насиби дили аъдост!
Малико, ҳашни Миҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Хаз ба ҳойи мулҳаму хиргоҳ
Бадали боғу бӯстон омад.
Мӯрд ба ҳойи савсан омад боз,
Май ба ҳойи арғавон омад.
Ту ҳавонмарду давлати ҳавон
Ҳай, ба бахти ту, навҳавон, омад!
Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Еди ёри миҳрубон ояд ҳаме!
Реги Омуву дуруштӣ роҳи ӯ
Зери поям парниён ояд ҳаме!
Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯи дӯст,
Хинги моро то миён ояд ҳаме!
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме!
Мир моҳ асту Бухоро осмон.
Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме!
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме!
Офарину мадҳ суд орад ҳаме,
Гар ба ганҳ-андар зиён ояд ҳаме!
Биёр он май, ки пиндорӣ, равон ёқути ноб астӣ
Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ!
Ба покӣ, гӯйӣ, андар ҳом монанди гулоб астӣ,
Ба хушшӣ, гӯйӣ, андар дидаи бехоб хоб астӣ!
Саҳоб астӣ қадаҳ, гӯйиву май қатра саҳоб астӣ,
Тараб, гӯйӣ, ки андар дил дуъои мустаҳоб астӣ!
Агар май нестӣ, яксар ҳама дилҳо хароб астӣ,
Агар дар колбад ҳонро надидастӣ, шароб астӣ!
Агар ин май ба абр андар ба чанголи уқоб астӣ,
Аз он то нокасон ҳаргиз нахӯрдандӣ, савоб астӣ!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё