Зеҳн

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - Mодари май

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Қасидаи "Модари май"

Қасидаи мадҳияи дигари Рӯдакӣ, ки пурра ба даст даромадааст, ба сабаби бо ифодаи «модари май» шӯрӯъ шуданаш қасидаи «Модари май» ном гирифтааст. Ин қасида дар ситоиши малики Хуросон, яъне волии Хуросон Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад буда, ин малик соли 933 ҳокими исёнҷӯи вилояти Рай Мокон ибни Кокуро, ки бар зидди Насри 2 шӯрида буд, мағлуб намуда, аз нав ӯро ба итоати ҳукумати марказӣ дароварда буд. Қасидаро Рӯдакӣ бо хоҳиши Наср навишта буд. Ин қасида намунаи мумтози қасидаи комили мадеҳавӣ буда, 94 байтро шомил аст. Он аз ташбиб (байтҳои 1-21), гурез (байтҳои 22-35), мадҳ (байтҳои 36-74), байти тахаллус (Рӯдакиё, барнавард мадҳи ҳама халқ, - Мидҳати ӯ гӯю маҳри давлат биситон) ва дархости мадиди давлату иқбол (байтҳои 75-91) ва дуо (байтҳои 91-94) тарҳ рехта шудааст. Дар ташбиби хамрия шоир ҷараёни сабзишу гуволиш ва расидани ангур дар ток, чидану сара кардан ва нигоҳдошти он дар чархушт, пухтану хобондани май, баъди ранги ёқут гирифтан дар навбаҳор кушодану соф кардани он ва хусусиятҳои дигари шароби ангуриро ба тарзи мармуз - муносибати очаю бача ва талабгорони онҳо ба қалам медиҳад:

Модари майро бикард бояд қурбон,
Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон.
То нахӯрад шир ҳафт маҳ ба тамомӣ
Аз сари урдибиҳишт1 то буни обон2.
Боз ояд ба ҳушу ҳол бубинад,
Ҷӯш барорад, бинолад аз дили сӯзон.

Қасидаҳои Рӯдакӣ аз он ҷумла «Модари май», ба он гувоҳӣ медиҳанд, ки ғарази шоир аз идеализатсияи мамдӯҳонаш он аст, ки онҳоро ба инсофу диёнат, додгустарӣ, раиятпарварӣ ва ҳимояти Ватан ташвиқ намояд.


Модари майро бикард бояд қурбон,
Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон.

Баччаи ӯро аз ӯ гирифт натонӣ
То-ш накӯбӣ нахусту з-ӯ накашӣ ҷон!

Ҷуз, ки набошад ҳалол дур бикардан
Баччаи кӯчак зи шири модару пистон,

То нахурад шир ҳафт маҳ ба тамомӣ
Аз сари урдибиҳишт то буни обон!

Он гаҳ шояд зи рӯйи дину раҳи дод
Бачча ба зиндони тангу модар қурбон.

Чун бисупорӣ ба ҳабс баччаи ӯро,
Ҳафт шаборӯз хира монаду ҳайрон.

Боз чу ояд ба ҳушу ҳол бибинад,
Чӯш барорад, бинолад аз дили сӯзон.

Гоҳ забар зер гардад аз ғаму гаҳ боз
Зер забар, ҳамчунон з-андуҳи ҷӯшон.

Зарр бар оташ куҷо бихоҳӣ полуд,
Нӯшад, лекин зи ғам наҷӯшад чандон!

Боз, ба кирдори уштуре, ки бувад маст,
Кафк барорад зи хашму ронад султон.

Марди ҳарас кафкҳош пок бигирад,
То бишавад тирагишу гардад рахшон.

Охир, к-ором гираду начахад тез,
Дар-ш кунад устувор марди нигаҳбон.

Чун бинишинад тамому софӣ гардад,
Гунаи ёқути сурх гираду марҷон.

Чанд аз ӯ сурх чун ақиқи ямонӣ,
Чанд аз ӯ лаъл чун нигини Бадахшон!

В-ар-ш бибӯйӣ, гумон барӣ, ки гули сурх
Бӯй бад-ӯ доду мушку анбар бо бон!

Ҳам ба хум-андар ҳамегудозад чунин
То ба гаҳи навбаҳору нимаи найсон.

Он гаҳ агар нимашаб дараш бикушойӣ,
Чашмаи хуршедро бибинӣ тобон!

В-ар ба булӯр-андарун бибинӣ, гӯйӣ:
Гавҳари сурх аст ба каффи Мӯсо Имрон!

Зуфт шавад родмарду суст—диловар,
Гар бичашад з-ӯю рӯйзард—гулистон!

В-он-к ба шодӣ яке қадаҳ бихурад з-ӯй,
Ранҷ набинад аз он фарозу на иҳзон.

Андуҳи даҳсоларо ба Танҷа ромонад,
Шодии навро зи Рай биёраду Уммон!

Бо майи чунин, ки солхӯрда бувад, чанд
Ҷом бигардад фарози панҷаи халқон.

Маҷлис бояд бисохтан маликона
Аз гулу аз ёсуману хайрии алвон!

Ниъмати фирдавс густарида зи ҳар сӯ,
Сохта коре, ки кас насозад чунон!

Ҷомаи заррину фаршҳои навойин,
Шуҳра раёҳину тахтҳои фаровон;

Барбати Исову лавнҳои Муродӣ,
Чанги Мудакниру нойи Чобуки Ҷонон!

Як саф мирону Балъамӣ бинишаста,
Як саф Ҳаррону Пирсолиҳи Диҳқон.

Хусрави бар тахти пешгоҳ нишаста—
Шоҳи мулуки ҷаҳон—амири Хуросон!

Турк ҳазорон ба пой пеши саф-андар,
Ҳар як чун моҳи бар ду ҳафта дурафшон!

Ҳар як бар сар басоки мӯрд ниҳода,
Рӯш майи сурху зулфи ҷаъдаш райҳон!

Бодадиҳанда—буте бадиъ зи хубон,
Баччае хотуни турку баччаи хоқон!

Чун-ш бигардад набид чанд ба шодӣ
Шоҳи ҷаҳон шодмону хурраму хандон!

Аз кафи турке сиёҳчашми парирӯй,
Қомат чун сарву зулфаконаш чавгон,

З-он майи хушбӯй соғаре биситонад,
Ёд кунад рӯйи шаҳриёри Сиҷистон.

Худ бихурад нӯшу авлиёш ҳам эдун
Гӯяд ҳар як, чу май бигирад шодон:

«Шодии Бӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад,
Он маҳи озодагону мафхари Эрон!

Он малики адлу офтоби замона,
Зинда бад-ӯ доду рӯшнойи Кайҳон!

Он, ки набуд аз нажоди Одам чун ӯ,
Низ набошад, агар нагӯйӣ бӯҳтон!

Ҳуҷҷати якто худою сояи ӯяст,
Тоъати ӯ карда воҷиб ояти «Фурқон»!

Халқ ҳама аз хоку обу оташу боданд
В-ин малик аз офтоби гавҳари Сосон!

Фарр бад-ӯ ёфт мулки тираву торӣ,
Адн бад-ӯ гашт пиргетии вайрон!

Гар ту фасеҳӣ, ҳама маноқиби ӯ гӯй,
В-ар ту дабирӣ, ҳама мадоеҳи ӯ хон!

В-ар ту ҳакимиву роҳи ҳикмат ҷӯйӣ,
Сирати ӯ гиру хуб мазҳаби ӯ дон!

Он, ки бад-ӯ бингарӣ ба ҳикмат, гӯйӣ:
Инак Суқроту ҳам Фалотуни Юнон!

В-ар ту фақеҳию сӯйи шаръ гаройӣ,
Шофеъӣ инак-ту Бӯҳанифаву Суфён!1

Гар бикушояд зуфон ба илму ба ҳикмат,
Гӯш кун инак ба илму ҳикмат Луқмон!

Марди адабро хирад фазояду ҳикмат,
Марди хирадро адаб фазояду имон!

В-ар ту бихоҳӣ фариштае, ки бибинӣ,
Инак ӯяст ошкоро Ризвон!

Хуб нигаҳ кун бад-он латофату он рӯй,
То-т бибинӣ, бар ин ки гуфтам, бурҳон!

Покии ахлоқи ӯву покнажодӣ
Бо нийяти неку бо макориму иҳсон!

В-ар сухани ӯ расад ба гӯши ту як роҳ,
Саъд шавад мар туро нуҳусати Кайвон!

В-ар-ш ба садр-андарун нишаста бибинӣ,
Хуррам бигрӣ, ки зинда гашт Сулаймон!

Соми саворе, ки то ситора битобад,
Асп набинад чун ӯ савора ба майдон!

Боз ба рӯзи набарду кину ҳамийят
Гар-ш-бибинӣ миёни миғфару хафтон,

Хор намояд-т жандапил бад-он гоҳ,
В-арчи бувад маету шергаштаву ғуррон!

В-ар-ш бидидӣ Сифандиёр гаҳи разм,
Пеши синонаш ҷаҳон давидию ларзон!

Гарчи ба ҳангоми ҳилм кӯҳ тани ӯй,
Кӯҳи Сиём аст, ки кас набинад ҷунбон!

Душман агар аждаҳост, пеши синонаш
Гардад чун мум пеши оташи сӯзон!

В-ар ба набард оядаш ситораи Баҳром,
Тӯшаи шамшери ӯ шавад ба гаравгон!

Боз бад-он гаҳ, ки май ба даст бигирад,
Абри баҳорӣ чун ӯ наборад борон!

Абри баҳорӣ ҷуз оби тира наборад,
ҳама дебо ба тахту зарр ба анбон!

Бо ду кафи ӯ зи бас ато, ки бибахшад,
Хор намояд ҳадису қиссаи тӯфон!

Лоҷарам, аз ҷуду аз саховати ӯяст
Нархгирифта мадеҳу сомит арзон!

Шоъир зӣ ӯ равад фақиру тиҳидаст,
Бо зари бисер бозгардаду ҳумлон!

Марди суханро зи ӯ навохтану бирр,
Марди адабро зи ӯ вазифаву девон!

Боз ба ҳангоми доду адл бари халқ
Нест ба гетӣ чун ӯ набилу мусалмон!

Дод биёбад заъиф ҳамчу қавӣ з-ӯй,
Ҷавр на бинӣ ба назди ӯву на удвон!

Ниъмати ӯ густарида бар ҳама гетӣ,
Он чи кас, аз ниъматаш набинӣ урён!

Бастаи гетӣ аз ӯ биёбад роҳат,
Хастаи гетӣ аз ӯ биёбад дармон!

Бо расани афви он муборак хусрав
Ҳалқаи танг аст ҳар-ч дашту биёбон!

Пӯзиш бипзираду гуноҳ бибахшад,
Хашм наронад, ба афв кӯшаду ғуфрон!

Он малики Нимрӯзу хусрави пирӯз,
Давлати ӯ юзу душман оҳуйи нолон!

Амр ибн ил-Лайс2 зинда гашт бад-ӯ боз
Бо ҳашами хешу онзамонаи эшон!

Рустамро ном агарчи сахт бузург аст,
Зинда бад-ӯяст номи Рустами Дастон!»

Рӯдакиё, барнавард мадҳи ҳама халқ,
Мидҳати ӯ гӯю маҳри давлат бистон!

В-арчи бикӯшӣ ба ҷахди хешу бигӯйӣ,
В-арчи кунӣ тез фаҳми хеш ба сӯҳон;

В-арчи дусад тобиъа фаришта дорӣ,
Низ парӣ бозу ҳар-ч ҷинниву шайтон,
Гуфт натонӣ сазош, хезу фароз ор
Он-к бигуфтӣ, чунон-к гуфтан натвон!

Инак мадҳе чунон, ки тоқати ман буд,
Лафз ҳама хубу ҳам ба маънӣ осон,
Ҷуз ба сазовори мир гуфт натонам,
В-арчи Ҷарирам ба шеъру Тоййиву Ҳассон!3

Мадҳи амире, ки мадҳ з-ӯст ҷаҳонро,
Зинат ҳам з-ӯю фарру нузҳату сомон!
Сахт шикӯҳам, ки аҷзи ман бинамояд,
В-арчи Сареъам або фасоҳати Саҳбон!4

Бар духтари мадҳ арҷа кард замоне,
В-арчи бувад чира бар мадоеҳи шоҳон.
Мадҳи ҳама халқро карона падид аст,
Мидҳати ӯро карона неву на поён!

Нест шигифтӣ, ки Рӯдакӣ ба чунин ҷой
Хира шавад бе равону монад ҳайрон.
В-ар на маро Бӯъумар диловар кардӣ
В-он гаҳ дастури баргузидаи Аднон,
Заҳра куҷо будаме ба мадҳи амире,
К-аз пайи ӯ офарид гетӣ яздон?!

В-ар-м заъифиву бебудӣ-м набудӣ,
В-он-к набуд аз амири Машриқ фармон,
Худ бидавидӣ ба сони пайк мураттаб,
Хидмати ӯро гирифта ҷома ба дандон!

Мадҳ расул асту узри ман бирасонад,
То бишиносад дуруст мири сухандон.
Узри раҳӣ—заъфу нотавонию пирӣ,
К-ӯ ба тани хеш аз ин наёмад миҳмон.

Давлати мирам ҳамеша бод бар афзун,
Давлати аъдои ӯ ҳамеша ба нуқсон!
Сар-ш расида ба моҳ-бар ба баландӣ
В-они муъодӣ ба зери моҳӣ пинҳон!

Талъати тобандатар зи талъати хуршед,
Ниъмати пояндатар зи Ҷудию Саҳлон!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2